Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”

“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”

30-11-2023, 10:27
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-МУҚАДДАСТАРИН РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ  “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзал, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандону масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои ҳизб ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши мазкурро оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад ва қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлоли комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.
Ба ҳамин хотир, ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад
Инчунин, иштирокчиёни ҳамоиш қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки дар доираи сиёсати дурандешонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар шаҳри ормонҳо - Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.
Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикотии худ ба ифтихори ин рӯзи хуҷаста таъкид кардаанд: “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем. Зеро Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад. Дар ин раванд, ба якчанд нафаре, ки мавқеи сиёсии худро муайян карданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор гардид, ки ба ҳамоиши идона шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

РОҲПАЙМОИИ ОММАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР БАДАХШОН  “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар бо шиору овезаҳои тараннумгари фазои идона, Парчами давлатӣ, ки рамзи пойдории давлат ва миллат аст, фаъолона иштирок доштанд. Роҳпаймоӣ аз Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ оғоз ёфт ва дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъбаст гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки дар таърихи кишвари мо, дар сарзамини тоҷикон ҷашни фархунда-Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ва бо шаҳомати том таҷлил мегардад.
Роҳпаймоии имрӯза низ ба ифтихори ин санаи муқаддас, ки рамзи соҳибдавлатию соҳибливо будани миллати моро ифода менамояд, роҳандозӣ шудааст.
Баъд аз анҷоми суханронии раиси вилоят шуъбаи фарҳанги вилоят барномаи идонаи консертиро пешкаши ширкаткунандагон гардониданд.

МАЪЮБОНУ ЯТИМОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲИЗБ ҚАРОР ДОРАНД   “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Лола Сулаймонзода, раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ Маҳмасаид Абдулҳаев оилаҳои ниёзманд ва маъюбон аёдат шуда, ба онҳо кумаки моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар рафти вохӯрӣ бо оилаҳои ниёзманд оид ба зери таваҷҷуҳи ҳамешагии ҲХДТ қарор доштани маъюбон ва бепарасторону ниёзмандон ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманди ҷомеа пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ин иқдоми нек аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб, оилаҳои ниёзманд ва ятимон таҳти ғамхории ҳамешагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарор гирифта, ба онҳо нафақаи ҳизбӣ, кумаки молиявӣ ва моддӣ расонида мешаванд.

“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”  “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗУИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.
Дар ин замина, нотиқон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба таъсисёбии ва дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳи ноябр, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ - қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" андешаронӣ карданд.
Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки ҲХДТ бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард.
Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳми онҳо дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи тавоно табдил ёфта истодааст.
Дар соатҳои сиёсӣ ҳайати омӯзгорон иштирок карда, оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён доштанд, ки ба ин васила дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ- НИШОНАИ БАҚОИ ДАВЛАТ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз” бо бренди Хадамоти ширкати таксии “Максим” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ - нишонаи бақои давдат” баргузор гардид.
Дар аксия 250 адад нақлиёти ширкати “Максим” бо насби Парчами давлатӣ оро дода шуда, аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то мавзеи Муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-и маркази вилоят роҳпаймоӣ намуданд.
Маросими расмии аксия бо иштироки беш аз 1000 нафар аъзои фаъол, собиқадорони ҳизб, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ин мавзеи зебо бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода оғоз гардида, мавсуф аз насли ҷавон даъват ба амал овард, ки ҳамеша ба Парчами давлатӣ эҳтиром гузоранд ва парчамбардори миллат бошанд.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ рамзи ҳамбастагӣ, ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ маҳсуб мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, собиқадорони ҳизб, ронандагони фаъоли ширкати таксии "Максим" ва муштариёни фаъоли он бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ширкати "Максим" қадршиносӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш санъаткорони шинохтаи вилоят бо суруду рақсҳои саршор аз Ватану ватандӯстӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: