АЗ КАРАТЭ ТО БА БОКС Ё ОРЗУИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУДАН4-12-2023, 10:21
Хабарро хонданд: 1025 нафар
Назарҳо: 1
Миҷгона Самадова Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанберо хатм карда, аз давраи мактабхонӣба варзиш машғул аст. Ӯ аз хурди орзуи Қаҳрамони ҷаҳон шуданро дар дил мепарварид ва шавқу шӯре, ки дар қалб дошт, ӯро муваффақгардонд то дар масири орзуҳои хеш қадам гузорад. Миҷгона дар синфи дуюм таҳсил мекард, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карду соҳиби нишони ифтихорӣ гардид. -Аввалин муҳорибаи ман дар риштаи муҳорибаҳои тан ба тан миёни писарон буд ва дар он ба ман ҷойи ифтихорӣ насиб гашт. Он замон хеле хурд будам, аммо хурсандиам ҳадду канор надошт. Гумон мекардам, ки қаҳрамони ҷаҳон гаштаам. Миҷгона варзишро баробари ҷон дӯст медошт ва бо роҳбарии Матлуба Каримова дар ин ришта тамринро шуруъ кард. Соли 2012 ӯдар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо иштироки намояндагони 40 кишвари дунё баргузор гардид, медали тиллоро соҳиб шуд. Соли 2013 бошад, аз шаҳри Калугаи Русия бо ду медали тилло ба Тоҷикистонбаргашт. Миҷгона Самадова пайи ҳам ба ғолибият даст ёфт. Ӯ соли 2014 дар мусобиқаи Осиёи Марказӣоид ба муҳорибаи тан ба тан, ки дар шаҳриДушанбе доир гашт, соҳиби медали тилло шуд. Соли 2016 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар Италия, ки аз 62 давлат варзишгарон иштирок намуда буданд, Миҷгона ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Соли 2017 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон Бозиҳои панҷуми Осиё аз намуди кикбоксинг доир шуд, ки дар ин сабқатҳо варзишгарон қариб аз 200 мамлакати ҷаҳон иштирок доштанд. Миҷгона бори аввалнеруи худро миёни калонсолон оз¬муда, хушбахтона, ин маротиба низ пирӯзӣ ба даст овард ва медали тиллои мусобиқаро насиб гашт. Ӯ яке аз аввалин бонуи варзишгар аст, ки аз намуди кикбоксинг ба Ватан медали тилло овардааст. -Аз ибтидо ман дар намуди варзиши муҳорибаҳоитан ба тан қувваозмоӣ мекардам. Баъдан, ба тамрини кикбоксинг машғул шудам ва дар ҳарду намуди он низ муваффақшудам ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштам. Чун таэквондо ва кикбоксинг ба намудҳои бозиҳои олимпӣ дохил намешаванд, ман рӯ овардам ба бокс. Миҷгонаҳамчун ҳар як варзишгар аз хурдсолӣорзу дорад, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунад. Ӯмегӯяд, киворид шуданам ба риштаи бокс низ маҳз ба ҳамин хотир буд. Миҷгона Самадова соли 2018 унвони чемпиони Осиёро дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон соҳибгашт ва соли 2021 ин бонуварзишгари ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин мусобиқа 139 варзишгар аз 16 кишвар иштирок доштанд. Миҷгона дар вазни 57 кило байни бонувон қувваозмоӣ намуда, бо мағлуб намудани ҳарифонаш сазовори медали тилло гардид. Аз соли 2018 то кунун ӯ дар вазни то 57 кг чемпиони ҷумҳурӣ оид ба бокс аст. - Ба дунёи варзиш маро бародарам Давлаталӣ овард ва зиёда аз 15 сол мешавад, ки модарам боиси руҳбаландии ман дар мусобиқаҳоиварзишӣмебошад. Дар ҳар мусобиқае, ки зарб мехӯрам, модарам мегӯяд, ки хотима диҳамва дигар ба варзиш машғул нашавам. Аммо ба ӯ ваъда додаам, ки бояд ба ҳадафи асосиам бирасам. Яъне, дар Бозиҳоиолимпӣҷойҳои ифтихорӣвамедалро соҳибшавам. Бо вуҷуди нигарониҳоизиёд модарам боз дуогӯи ман ҳастанд. Дар хурдӣҳар гоҳе, ки дар мусобиқае мағлуб мешудам ва ё ҳангоми муҳориба лат мехӯрдам, фикри дасткашидан аз варзиш дар сарам меомад, аммо модарам қуввати дилам мешуданд,-идома медиҳад ба нақлашМиҷгона. Соли ҷорӣмуштзани тоҷик Миҷгона Самадова дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу дар вазни то 57 кг зӯрозмоӣкарда, соҳибимедалибиринҷӣгардид. Ҳамин тавр,ӯроҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж - 2024-ро ба даст овард, ки орзуи деринаи ин Гурдофариди замон буд. - Хеле кӯшиш кардам то роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж -2024-ро ба даст орам ва ҳоло бошад, барои ширкат дар сабқати дарпешистода тамрин дорам ва мутмаинам, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб мешавам. Миҷгона 15 сол аст, ки ба варзиш машғул аст. Ӯ акнун панҷ унвони қаҳрамони ҷаҳон, ду маротиба қаҳрамони Осиё ва чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистонро дар корномаи худ ва саҳифаҳои варзиши кишвар рақам задааст. Сафинаи Маъруфҷон
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.