Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Чин ба Институти физикаю техникаи Тоҷикистон меоянд

Олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Чин ба Институти физикаю техникаи Тоҷикистон меоянд

13-11-2023, 11:56
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Чин ба Институти физикаю техникаи Тоҷикистон меоянд
21 ноябр ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаи физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарориҳои зеҳнии калон ва бехатарии шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини (CQUPT) Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Султон Умаров меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техника хабар доданд.

Зимни боздид олимон масъалаҳои таҳқиқоти муштараки пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон, аз ҷумла дар соҳаи маводшиносӣ ва муҳандисӣ, тарҳрезии зеҳнии маводи функсионалии оптоэлектронӣ ва дастгоҳҳо барои равшанӣ, энергетика, дисплейҳо, ҳасосакҳо ва телекоммуникатсияро баррасӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҷаҳони муосир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ менамояд ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосир соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар, динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонунияти нави хосса ба замони муосир рушд менамоянд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонунияти рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбат ба даст оварда шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: