Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ!

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ!

10-11-2023, 14:18
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ!
Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони азизи моро шуҳратёр кард. Дар давоми 32 соли гузашта халқи заҳматдӯст ва ободкори мо дар тамоми соҳа комёб шуд. Дар ин фурсати начандон зиёд симои шаҳру деҳоти мамлакат ба куллӣ дигаргун гашт.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он дастовардҳоро бо далелу рақамҳои мушаххас дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карданд. Ҳамчун мисоли он комёбиҳо метавон рушду пешрафти соҳаи маорифро зикр кард.
Дар Паём омадааст: “Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.
Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав - литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.”
Дар ҳақиқат, дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор аст. Зеро асоси пешрафти ҳар як давлат ва дар ҷаҳони имрӯза мақом ёфтани он ба рушди соҳаи маориф вобаста аст. Ин маъниро арбоби хирад ва аҳли адаб дар осори худ гаштаю баргашта таъкид кардаанд. Аз ҷумла соҳибхирад гуфтааст.
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
Ғайр аз ин, мактаб макони фазлу хирад ва ҷойгоҳи худшиносӣ аст. Зеро омӯзгорон ҳақро аз ботил ва нурро аз зулмот ташхис медиҳанд, шогирдонро ба олами хақиқат ҳидоят мекунанд.
Хурофот аз оғози пайдоишаш монеи пешрафти ҷомеа ва зиддияту низоъ буд. Мутаассифона, дар замони мо ҳам бо вуҷуди пешрафти ҷомеа ва кашфи кайҳон гурӯҳҳои сиёҳкоре ҳастанд, ки тафаккурашон пур аз афкори сиёҳ аст. Пайравони ин гурӯҳ ободии Ватан, саодати мардум ва пешрафти ҷомеаро намехоҳанд, зеро ҷаҳонбинии онҳо дар асоси хурофот ва макру фиреб асос ёфтааст. Аз касофати ин гурӯҳ чилу панҷ сол боз халқи мазлум, бегуноҳ ва бечораи Афғонистон ранҷ мекашад. Дар Фаластину Ироқу Сурия одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.
Халқи тоҷик солҳои 90-уми асри 20 бо дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва хуруфотпарастӣ ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ таҳвил дода шуд. Душманони дохилию хориҷии мо аз ҷаҳолати хурофотпарастона ва ҷоҳталабию манфиатхоҳии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истифода бурда, ба оташи он ҷанг равған рехтанд. То пирӯз шудани ҳукумати қонунӣ ва хомӯш гаштани он оташи хонумонсӯз ҳазорҳо ҳамватани мо қурбон шуданд.
Роҳбарон ва ташкилкунандагони гурӯҳҳои террористӣ баъд аз шикаст хӯрдан ба хориҷа фирор карданд. Хоҷагони хориҷии онҳо ва роҳнамоёнашон, гурӯҳҳои террористии “Толибон”, “Давлати исломӣ“ ва “Ал-қоида” имрӯз ҳам онҳоро ҳимоя мекунанд ва бадхоҳони миллат бешармона ба сӯйи Тоҷикистони азиз ва халқи ободкори мо санги ҷаҳолат меафкананд, боз моро ба вартаи низову нифоқ андохтанӣ мешаванд. Зеро сиришти ин гурӯҳ нопок ва андешаашон ғайриинсонӣ аст. Дили сиёҳ ва нияти бади онҳо далели зотан бадхоҳ ва шайтонмаслак буданашон аст.

Дар чунин замони ҳассос моро зарур аст, ки боз ҳам дар атрофи давлати миллӣ, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар бошем, аз ояндаи миллату бақои давлат фарзандвор биандешем, комёбиҳои хосилшударо биафзоем. Сиву ду соли гузашта нишон дод, ки мо дар роҳи ҳақ ҳастем, далели ин ҳақиқат комёбиҳоямон ва эътироф кардани ҷаҳониён аст. Фарзандону наберагони мо бояд дар оғӯши давлати тавоно ва ободе бо номи Тоҷикистон умр ба сар баранд. Тоҷикистоне, ки ёдгори ниёгони соҳибсавод, ҳақиқатпараст ва муборизамон аст. Моро нури хирад ва гавҳари ҳунар пирӯз кард. Фардо ҳам ин ду неъмати маънавӣ чорагари мо хоҳад буд. Алҳазар аз хурофотпарастиву ифротгароӣ! Алҳазар, аз макри душманони бадхоҳ! Тоҷикистон на танҳо сарзамини мо, балки умедгоҳи тоҷикони ҷаҳон аст. Ин гавҳораи умед ва ин макони меҳр бояд бегазанд бимонад. Зеро:
Олам ҳамаҷо азиз, лекин бар мо,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Саёҳат МЕЛИКОВА,
мутахассиси бойгонӣ, мудири китобхонаи
Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: