Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндагони Тоҷикистон ва Канада масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд

Намояндагони Тоҷикистон ва Канада масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд

8-11-2023, 14:58
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагони Тоҷикистон ва Канада масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд7 ноябр дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти «IBT Education & Technology Group» Ҷо Шоукур баргузор гардид, ки зимни он масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба дастовардҳо ибрози андеша намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳор доштанд.

Ҷиҳати пешбурди кор байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «IBT Education & Technology Group»-и Ҷумҳурии Канада Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: