Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ин ҷашни фаррух аз қадим то ба ҳол табиати фарҳангӣ ва сарҷамъкунандагӣ дорад

Ин ҷашни фаррух аз қадим то ба ҳол табиати фарҳангӣ ва сарҷамъкунандагӣ дорад

11-10-2023, 17:41
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
Ин ҷашни фаррух аз қадим то ба ҳол табиати фарҳангӣ ва сарҷамъкунандагӣ дорадМеҳргон иди кишоварзон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муаррифии маҳсули заҳмати яксолаи марди деҳқон, натиҷаи меҳнати ганҷофар дар саҳро ва ҳосилғундорӣ мебошад. Чун дар арафаи иди Меҳргон қарор дорем, дар робита ба ин ҷашн Директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Раҳмон Саидзода андешаҳояшро доир ба анъанаҳои иди Меҳргон баён дошт, ки манзур мешаванд.

— Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми ориёинажод буда, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таҷлил менамуданд. Аз ин рӯ Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнҳои миллӣ мақоми махсус касб намуд, зеро ба монанди Наврӯз ва Сада анъанаи ба худ хос дорад.

Шоири бузурги классики тоҷик Абурайҳони Берунӣ бо ишора ба ин ҷашн гуфтааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Инчунин иброз намудааст, ки рӯзи аввали идро «Меҳргони омма» меномидаанд, ки шаш рӯз давом меёфтааст. Рӯзи охиринро, ки Ромрӯз ном гирифтааст, Меҳргони хосса мегуфтаанд. Аҷдодони мо ҷашни Меҳргонро бо тантана, суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ мегузаронидаанд.

Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷеро, ки дар он расми Офтоб буд, бар сар мениҳод. Шоҳони Сосонӣ дар ин рӯз ба мардум ҳадя медодаанд. Омадааст, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор хӯрад ва ё гулоб бӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешаванд.

Дар даврони Сосониён анъанае низ роиҷ буд, ки рӯзи Меҳргон дастурхоне аз матои сурх мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд, ки ин нонҳо аз ҳафт намуди зироат омода мешудаанд.

Ҷашни Меҳргон дар қадим, хусусан дар аҳди Сосониён хеле ривоҷ намуда, минбаъд низ бо тағйири шакл ва расму оини давлатдориҳои гуногун дар байни халқ маъруф гаштааст.

Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ин ҷашнро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ — Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалин гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукуҳу шаҳомати хосса пайдо намуда, дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.

Ба гуфтаи донишмандон, ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идонаро бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмат ва сабаби бақои инсон аст, меоростанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Дастархони ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда месохтанд. Дар рӯйи дастархон шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

Ҳамчунин мусиқии хоси Меҳргон вуҷуд доштааст, ки Абунасри Форобӣ дар китоби «Мусиқии кабир» ёдовар шудааст. Низомии Ганҷавӣ низ дар достони «Хусрав ва Ширин» номи лаҳни 21-ум аз 30 лаҳни Борбадро «меҳргонӣ» мегӯяд. Бо истифода аз ғановат ва таърихи мусиқии классикии тоҷик бастакорон ва мусиқидонон бояд мусиқии хоси меҳргониро пайдо ё эҷод намоянд.

Ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиш ва анъанаи Меҳргонро шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ тавсифу ситоиш намуда, истиқбол гирифтани онро тарғиб намудаанд. Саъди Салмон чунин нигоштааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

Ҷашни Меҳргон таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукуҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.

Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон аз қадим то ба ҳол на танҳо хусусияти тамаддуни фарҳангӣ ва сарҷамъӣ дорад, инчунин ба хотири намоиши маҳсулоти дастранҷи яксолаи кишоварзон гузаронида мешавад. Дар ин баробар кишоварзон бо дастовардҳои ҳамдигар шинос шуда, нисбат ба навъу намунаҳои зироат, ба иқлими минтақаҳо мувофиқ будани он, давраи нашъу намо ва ҳосилнокии зироати пешниҳодшуда маълумот пайдо менамоянд. Ҷиҳати дигари баргузории ин ид имкон медиҳад, ки насли ҷавону ба камолрасида аз маросими ин ид ғизои маънавӣ гирифта, оид ба ин соҳаи пурганҷи бобаракат ва истифодаи дурусти ҳар ваҷаб замини диёр маълумот пайдо намояд.

Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва ба ҷашни миллии мардумӣ табдил ёфт. Инак 14 сол аст, дар саросари мамлакат кишоварзон якҷо бо мардум ин суннати аҷдодӣ-ҷашни Меҳргонро бо шодию нишон ва хушҳолӣ истиқбол ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: