Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон 02.06.2022 18:37, Узбекистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон 02.06.2022 18:37, Узбекистон

3-06-2022, 07:06
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон 02.06.2022 18:37, Узбекистон

Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохурии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ҳамчунин ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Узбекистон ва анҷом додани сафари расмӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳоро бо Узбекистон дар тамоми соҳаҳо қадр мекунад ва азм дорад, ки дар оянда низ барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар тамоми самтҳои он талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Ҷонибҳо аз мазмуну муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва аз робитаҳои дипломатӣ, ки имсол аз барқароршавии онҳо 30 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо заминаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз 600 миллион доллари америкоиро ташкил дода, дар шаш соли охир 40 маротиба боло рафтааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, солҳои наздик ҳаҷми гардиши молро то ба 1 миллиард доллари америкоӣ расонанд.

Зимни мулоқот ба баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҳамоиши тиҷоратии ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Узбекистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳоро омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ номиданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардид ва шаҳрвандон имкони озоди рафту омад бо якдигар доранд. Дар ҳоли ҳозир то 20 ҳазор нафар сокинони ду кишвар ҳамарӯза бо ҳадафи равобити тиҷорию гардишгарӣ ва дидани хешу табор ва дӯстон аз марзи миёни кишварҳо озодона убур мекунанд. Ин яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солхои охир мебошад.

Дар мулоқот бори дигар аҳамияти таърихии Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон қайд карда шуд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдузӣ, металлургӣ, коркарди маъдан, металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, инчунин дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар арсаи фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ гардид.

Ба фаъолияти Узбекистон ҳамчун раиси феълии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва мушкилоти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсояро муҳокима карда, атрофи дигар масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: