Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

1-08-2022, 12:32
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадр - Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров самимона истиқбол гирифтанд.

ИШТИРОК ДАР ВОХӮРИИ ЧОРУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аҳамияти ба таври мунтазам баргузор гардидани Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро зикр карда, рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкории минтақавиро дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории таърихӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлати мо таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзиро бахусус таъкид намуданд. Тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд карданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал оварданд.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина, ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, инчунин рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешиндани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди фаъолияти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварданд. Зарурати таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа дар инкишофи фанҳои амалӣ, рушди минбаъдаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташвиқу тарғиби муштараки мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва табиии мардумони кишварҳои минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд.
Ҳамчунин, Қарори сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи ба муҳлати як сол тамдид намудани ваколатҳои Президенти ФБНА муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Сарони давлатҳо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд.

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба, ки дар фазои самимият доир гардид, анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳиму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ

Нимаи дуюми 21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
Дар мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карда, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сарони давлатҳо оид ба муҳимияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ташаккули фазои нави ҳамёрӣ мусоидат карда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар такон мебахшанд, андешаи ҳамсон доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ба роҳ мондани муколамаи созандаи дуҷониба бар пояи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои рушди минбаъдаи онҳо муҳим дониста шуд. Дар робита ба ин, Сарони давлатҳо ба ҳалли тамоми масъалаҳо бо назардошти манфиатҳои тарафҳо танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти механизмҳои ҳамёрии дуҷониба, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷоннок карда шавад.
Сарони давлатҳо муҳимияти истифодаи ҳамоҳангшудаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва густариши ҳамкориро дар ин самт таъкид карданд. Ба мувофиқа расида шуд, ки фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи захираҳои об муҷаддадан фаъол гардонида шавад.
Президентҳо фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Аралро дар заминаи раёсати Тоҷикистон дар ин сохтор баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, онҳо ба идома додани талошҳои пайвастаи ҳамаи давлатҳои муассис ҷиҳати такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқию қарордодии ФБНА бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бидуни истисно изҳори ҷонибдорӣ карданд.
Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси онҳо ду халқ аз замонҳои қадим зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои созандаи ду ҳамсояи наздик мусоидат хоҳанд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: