
Истиқлолият нишони барчастаи пойдории давлат, симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба чаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Точикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем, - иброз дошт муовини раиси ноҳияи Шуғнон Шоҳзада Латиф Бозича.
Ноҳияи Шуғнон ва маркази он шаҳраки Ваҳдат дар даврони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон ба як макони ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтанд. Дар арафаи чашни бузурги миллӣ, яъне Истиқлояти давлатӣ сокинони ноҳияи Шуғнон дастранчи кишоварзони ноҳия ва маҳсулоти дастии бонувони ҳунарманд ва барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳияро дар боғи Ирами пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузоштанд, ки ин боиси хушнудии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид.
Инчунин дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории ин иншооти муҳимро Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва ширкати барқии «Помир Энерчи» ба зима доштанд.
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи сентябри соли 2021 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба корҳои бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия оғоз бахшид.
Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омада, дар радифи ноҳияҳои Дарвозу Ванч, Рўшон ва шаҳри Хоруғ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта шуд. Майдон бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардида, аз ҳар ду чониб бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зе-бу зиннат дода шуда, ба маркази маъмурии ноҳия ҳусни тоза зам кардааст. Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил менамояд.
Дар деҳаи Возми ноҳия кўдакистон барои 60 чой мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави кўдакистон 2 ошёна буда, аз иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он ҳучраи бозии кўдакон, ҳучраи хоб, утоқи ёрирасон, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон чойгир шудааст.
Сокинони деҳа муассисаи то-мактабии деҳаро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Точикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Инчунин ифтитоҳи корхонаи хурди коркарди регу шағали соҳибкор Алимамадов Собир дар деҳаи Паҳшори Чамоати деҳоти Поршинев дар рўзҳои сафари имсолаи Сарвари давлат ба вилоят сурат гирифт.
Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳу-кумати Чумҳурии Точикистон шаҳодат медиҳад.
Сабзина МАМАДНАЗАРБЕКОВА,
Бознашр аз рӯзномаи «Бадахшон»