Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУРРАМИИ ИН ДИЁРАЗ ВАҲДАТ АСТ

ХУРРАМИИ ИН ДИЁРАЗ ВАҲДАТ АСТ

23-06-2023, 09:30
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
ХУРРАМИИ ИН ДИЁРАЗ ВАҲДАТ АСТ
Имрӯз ҷомеаи навини мо, тоҷикон, бо саҳм ва нақши фарзанди содиқи Ватан, Президенти мамлакат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон иртиботи куллӣдорад. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯза ва ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
Саҳифаҳои таърих то ба Ваҳдати комил расидан худ гувоҳи онаст, ки дар тӯли ҳаёти сипаригардидаи инсонӣ таърих бисёр касонеро дар ёд дорад, ки дар ҷомеа нақш ва саҳми шоистаи худро гузоштаанд. Амсоли бузургони миллат - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айниву Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсуму Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар, ки ҷони худро нисори давлату миллат кардаанд.
Ибораҳоиваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу субот ин, пеш ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруи кишвар мебошад. Арзиши олӣ ва ягонагии миллӣ барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ дӯстию рафоқати байни миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣраванди ба ҳам омадани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони кишвар новобаста аз дин, мазҳаб, ҷинс, синну сол, мансубият ба иттиҳодияҳову сохторҳои гуногунро суръат бахшид. Ин санади сарнавиштсози миллӣ тавонист фазои орому осударо дар кишвар таъмин созад.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас, Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Воқеанҳам, Созишномаи умумии сулҳ аз ҷиҳати мавқеъ ва аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф аст. Агар ба имзо расидани Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳу субот ва ваҳдати сартосариро дар кишвар таъмин намуд.
Дастовард ва натиҷаҳои сулҳи тоҷикон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣэътироф шудааст. Дар давраи хеле ҳассос ва мушкили кишвари тозаистиқлоламон муайян кардани роҳи ба сулҳу оромӣ расидан аз ҷонибиРоҳбари давлат амали ҷавонмардона буда, аз иродаи бузурги сиёсии Пешвои миллат гувоҳӣ медод.
Аз файзи Истиқлол мо имрӯз ба ваҳдати миллӣ расидем ва имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими “ранҷиши дӯстон” ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем, ки дар ин раванд таълим ва тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.
Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти ҳар гуна вазъ дар замони муосир ниҳодҳое мавҷуданд, ки бояд дар якҷоягӣ бо расонаҳои миллии иттилоотӣ неруву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки вуҷуди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро осебпазир намоянд.
Мафҳумҳои «ваҳдат», «ягонагӣ», «яқдилӣ» ва «муттаҳидӣ» бояд ба шиори ҳамешагии сокинони кишвар табдил ёбад, зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо инсониятро танҳо метавонад муттаҳидӣ, сарҷамъӣ, якдилӣ ва ягонагӣ наҷот диҳад.
Баробари даст ёфтан ба сулҳу ваҳдати комили миллӣ, Тоҷикистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣба муваффақиятҳои чашмрас ноил гашт ва дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳ ва мавқеи худро пайдо намуд.
Имрӯз ваҳдати миллӣва сулҳусуботнуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи комилан нав баровард ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои умдаи ҳаёти байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши кишвари мо ва пешниҳодҳои роҳбарияти олии сиёсии онхеле назаррас аст.
Барои ҳифзи ҳамешагии сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллӣ омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро ба назар гирифта, дар таълим ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон ва ташаккули онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ, ҳифз намудан аз падидаҳоихатарзо, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳоитрансмиллӣвазифаи муқаддаси тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан мактаб, оила ва ҷомеа мебошад.
Тавре ки Президенти мамлакат қайд намудаанд: «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Аз ин рӯ, вазифаи муҳим ва муқаддаси омӯзгорон, зиёиён ва неруҳои пешбарандаи ҷомеабаланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносии миллии наврасону ҷавононаст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳувияти миллии имрӯзаи тоҷикон зери таъсири муборизаи шадиди мафкуравӣ ва арзи вуҷуд намудани равандҳои эҳтимолии рушди ҷомеа сурат мегирад. Дар ин шароитбояд, ки ҳамватанони мо дар интихоби арзишҳои маънавӣ гумроҳ нагарданд. Дар ҳақиқат, дар шароити ташаккулёбӣ ва рушди равандҳои сиёсӣ шуури миллӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо ояндабинии илмӣ мавриди омӯзиш қарор гирад, зеро ҳангоми арзи вуҷуд намудани равандҳои наву мухталифи ҷомеа, куллан тағйир ёфтани низоми нави байналмилалӣ аз инсон талаб менамояд, ки ӯ ояндаи хешро ба ин ё он раванди сиёсӣ бошуурона бипайвандад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ва даст кашидан аз ҳувияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест, ки инсонро ба парастиши ғоя, таърихва фарҳанги дигар равона менамояд.

Муслимахон Ғайбуллозода, раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Гулистон



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: