Дастрасии ҷавонон ба мансабҳои олии давлатдорӣ11-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидов бо фаъолон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Сино дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97 ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир намуд.
Ҷамшед Саидов дар мавриди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳими онро шарҳ дод ва сипас атрофи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард. Дар иртибот ба ин масъала номбурда афзуд, ки зарурати тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳим, пеш аз ҳама тақозои замон ва дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон буд. Дар идома ба масъалаи ба синни 30 пойин овардани интихобшавандагон ба мансаби президентӣ ва вакилӣ, ки шарҳи онро зарур шуморид, таваққуф намуд ва моҳияти онро барои ҳозирин чунин шарҳ дод: «Мо барои ҳуқуқи иштирок пайдо намудани ҷавонон дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонӣ ҳадафу мақсад ва мафкураи созандаи онҳоро ба инобат гирифта, синну соли интихобшавандаро ба 30 расонидем, то ин, ки ҷавонони лаёқатманди мо тавонанд нақшаҳои худро дар пешрафти кишвар ва раванди муосири давлатдорӣ пиёда намоянд». Ҳамчунин, бодарназардошти аҳамияти масоили зикргардида даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандон бо иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар раъйпурсии умумӣ ширкат намоянд ва барои пешрафти кишвар саҳм бигиранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.