Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Боздид намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

19-06-2023, 09:53
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Боздид намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи технологии ТоҷикистонГурӯҳи намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон таҳти роҳбарии доктор Канвал Наин Сингх Канг бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ва шиносоӣ аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин хусус Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад.

Ба меҳмонон оид ба сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар самти лоиҳаҳои байналмилалӣ маълумоти мушаххас дода шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар асоси ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои иёлати Панҷоб ибрози андеша намуданд.

Намояндаи Ҳиндустон ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани барномаи мубодилаи академӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳақиқони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуд.

Ҳамчунин меҳмонон аз маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхонаи илмӣ ва коргоҳ-озмоишгоҳи таълимӣ-дӯзандагии Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Ҷонибҳо ба мувоифиқа расиданд, ки дар оянда ёддошти тафоҳуми тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: