Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз боби ватандорӣ бо сухан ва ҳунар

Аз боби ватандорӣ бо сухан ва ҳунар

11-03-2016, 06:55
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Аз боби ватандорӣ бо сухан ва ҳунар
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев бо аҳли устодону донишҷӯён доир гашт. Дар ҷамъомад Ёқубхон Гадоев-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ширкат дошт.

Диловаршо Латипов-ректори ДФСТ муҳтавои Паёми Сарвари давлатро мушаххас баён дошта, баъзе тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро шарҳу тавзеҳ дод. Сипас М. Достиев роҷеъ ба нуктаҳои Паём оид ба соҳаи маорифу фарҳанг, сиёсати иҷтимоии давлат, соҳаи коммуникатсия, амнияти озуқаворӣ, рушди соҳибкорӣ ҳарф зада, гуфт, ки Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат баҳри рушду нумӯъ ва дурнамои соҳаҳои муҳими мамлакат аҳамияти бағоят муҳим доранд. Ҳамчунин М. Достиев оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ҳарф зада, таъкид намуд, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин мақом ва ё қонун ҳеҷ ниёзе надорад, балки ин ниёзи мо, соҳибватанон, ба чунин қонун аст. Қабули ин қонун тақозои замону таърих аст. Ва ин чиз дар давраи давлатдории тоҷикон исбот шудааст,- афзуд номбурда. Роҷеъ ба зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гуфт, ки ин ҳама тадбирҳо ба хотири рушди босуботи ҷомеа, таҳкими сохтори давлатӣ, раванди демократикунонии ҷомеа, риоя ва татбиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Дар фарҷом Миралӣ Достиев бо суруду оҳангҳои дилпазиру дилнишини ватандӯстонаи хеш хотиру табъи ҳозиринро болида намуда, эҳсоси ватандориву меҳанпарварии иштирокчиёнро афзуд.
С. Зуҳра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: