Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати миллӣ – омили пешравии давлат

Ваҳдати миллӣ – омили пешравии давлат

20-04-2022, 07:05
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
 Ваҳдати миллӣ – омили пешравии давлат

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳ ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «то фаро расидани давраи буҳрони иқтисодӣ ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид».

Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Зеро ин тадбири судманд ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримов «Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояандасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доиман вуҷуд дорад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.»

Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Дар солҳои 90 – уми асри гузашта масъалаи мазкур бо тамоми ҳастиаш мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт ва тақдири таърихии Тоҷикистону миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо ба он вобаста гардид.

Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии 25 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки дар ин ҷашни муборак ободкориҳо, созандагиҳо, сабзу хуррам карданиҳо ва дигар корҳои хайр анҷом дода мешаванд, ки боиси пешрафти водии Раштонзамин ва умуман як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон мегардад.

Ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки бо ҷонбозиҳои шабонарӯзии Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва имрӯз ҳама мардуми кишвар онро бо чашми сару чашми дил мебинанду дар ин фазои ором зиндагӣ ба сар мебаранд.

Ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон, мо хатари аз байн рафтани Ватани азизамон-Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати кӯҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем. Маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем.

Инак, 25 сол мешавад, ки ҳамаи тоҷикистониён дар фазои оромӣ ва сулҳу ваҳдати комил зиндагонии осуда ва кору пайкори созанда доранд. Намунаи сулҳи тоҷикон, ки дар дунё назир надорад, барои бисёр кишварҳои ҷангзада қобили омӯзиш ва омили ибрат мебошад.

Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат пуштибонии халқро аз роҳи интихобкардаи Сарвари муаззами Тоҷикистон, ки таъмини сулҳу субот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии давлати навбунёд ва соҳибистиқлоламон сайъи ҳамагонро эҳсос намудем.

Хулоса, таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон бо номи шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад. Маҳз бо иродаи нек, ба сарзамини мо сулҳи деринтизор омад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.



Абдуназар Тағдиров,

муовини декан оид ба корҳои тарбияи

факултети таърих ва ҳуқуқи ДОТ дар н. Рашт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: