Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғоз бунёди яке аз пулҳои дарозтарини мошингузари ҳудуди ВМКБ дар шаҳри Хоруғ

Оғоз бунёди яке аз пулҳои дарозтарини мошингузари ҳудуди ВМКБ дар шаҳри Хоруғ

12-06-2023, 09:05
Хабарро хонданд: 77 нафар
Назарҳо: 0
Оғоз бунёди яке аз пулҳои дарозтарини мошингузари ҳудуди ВМКБ дар шаҳри ХоруғДар доираи марҳилаи чоруми «Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, корҳои сохтмонӣ дар пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Ғунд оғоз гардид. Мутобиқи нақша, ин пули мошингузар пас аз 900 рӯз ба истифода дода мешавад.

Дарозии пул 200 метр ва паҳноии он 10 метр буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи бунёди пулро «Корпаратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрўкҳо» дар амал татбиқ менамояд.

Корҳои тахту ҳамворкунӣ дар маҳали сохтмон бо ҷалби 5 нафар коргарон ва як техникаи пуриқтидор шуруъ гардид. Дар сари роҳи ин пул ҳамчунин манзили чанд сокини шаҳр ҷойгир аст, ки бо пардохти маблағ ба соҳибонашон ин манзилҳо аз байн бардошта мешаванд.

Пас аз як ҳафта таҳкурсии дарозтарин пули мошингузару пиёдагард дар ҳудуди вилоят гузошта мешавад. Яке аз сабабҳои бунёд намудани пули мазкур аз болои дарёи Ғунд ин аз байн бурдани роҳбандӣ дар хиёбони марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр мебошад.

Алъон дар баробари мошинҳои сабукрав нақлиёти бузурҳаҷми боркаш низ аз роҳи марказӣ мегузаранд, ки ин ба ҳаракати муназзами нақлиёту рафтуомади пиёдагардон халал расонда, роҳбандиро ба вуҷуд меорад.

Шаҳри Хоруғ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба таври бесобиқа симои худро тағъир дода, бунёди манзилҳои бисёрошёна низ сол аз сол дар ҳоли афзудан аст. Бо зиёд шудани аҳолӣ табиист, ки шумораи мошинҳои сабукраву боркаш ҳам бештар мегардад.

Бо зиёд шудани миқдори нақлиёти шахсӣ, ҳамчунин ҳаракати нақлиёти боркаш ба воситаи роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб роҳбандиро дар роҳи маркази вилоят — шаҳри Хоруғ мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин пул минбаъд мошинҳои боркаш аз канори шаҳр мегузаранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: