Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ, ТО ФАРЗАНДИ АЗИЗИ ОН БОШӢ!

ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ, ТО ФАРЗАНДИ АЗИЗИ ОН БОШӢ!

27-05-2023, 11:49
Хабарро хонданд: 1363 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ, ТО ФАРЗАНДИ АЗИЗИ ОН БОШӢ!
Овони довталабии мо барои дохил шудан ба риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба оғози солҳои навадуми қарни гузашта рост омад. Мо, чанд ҷавонони навхат, тавассути қатораи Конибодом - Душанбе дар фосилаи як шабонарӯз вориди пойтахт шудем. Ҳарчанд соле аз ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ шуда бошад ҳам, осори яъсу ноумедӣ дар чеҳраи мардум намудор буд. Ман, ки дар хонаи хешовандон ҷой гирифта будам, бо фарзанди калонии хонадон ҳар субҳидам барои харидории ду дона нони “буханка” дар коргоҳи нонпазии шаҳр навбат мепоидем. Вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ, воқеан ҳам, он солҳо дар қиёс ба деҳҷойҳо дар марказҳои шаҳр нигаронкунанда буд. Бо вуҷуди он, ки серӣ хӯрок намехӯрдем, шабу рӯз пайи мутолиаи китоб будем, то орзуҳоямон амалӣ гарданду ба мизи донишҷӯӣ, ки он солҳо ифтихор буд, нишинем. Инак, рӯзи нахустини имтиҳон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ шурӯъ шуд. Ба мо дар навиштани иншо чанд мавзӯеро пешниҳод карданд, ки ман бе ягон фикр ё истиҳола мавзуи “Ватанро дӯст дору бинвоз, то фарзанди азизи он бошӣ”-ро интихоб кардам. Зеро ба ёдам як очерки радиёӣаз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар омад, ки дар он солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта, бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд.Ҳар сол дар сари турбати ин ҷавонон, ки барои саодати имрӯзиён ҷон фидо кардаанд, лолаҳо мерӯянд. Дар дабистонҳо аз корномаҳои онҳо, мисли қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар мулки Афғонистон ёд мекунанд. Аммо насли имрӯз бояд донад, ки бар ивази кадом заҳматҳову ҷоннисориҳо ба чунин шароити созгор ва ободу озод расидем. Дар ин ҷода ба пешниҳоди чандин нафароне, ки дар набардҳои сохти конститутсионӣаз худ қаҳрамониҳо нишон додаанд, розиям, ки муҷассамаи сарбози даврони соҳибистиқлолӣ дар минтақаҳои кишвар гузошта шавад, то барои имрӯзиён сабақи зиндагӣ, сабақи матонат ва ҷавонмардӣ бошад.
Ҷавонони мо вақте сари чорроҳаи қисмат меистанд,ҳатман аз кору пайкори Сарвари давлат ибрат гиранд. Маҳз далерӣ, родмардӣ, меҳроинӣ, хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида номдору шинохта кард. Воқеан ҳам, таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40-сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте ки касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт, мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбат ба тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донанд, ки Ватан дар пушти шонаҳои онҳо қарор дорад ва агар мисли Сарвари худ ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халққурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, онгоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.
Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои порсигӯ дар яке аз шеърҳояш менигорад:
Чунчароғилоласӯзам дар хиёбониШумо,
Эй ҷавонониАҷам,ҷонимануҷониШумо
Ғӯттаҳо зад дар замири зиндагӣандешаам,
То ба даст овардаамафкорипинҳониШумо
Ҷавонӣ айёмипуршӯру шар аст. Айёмест, киҳарчиро аз ин қишриҷомеаинтизоршуданмумкин аст. Манбеҳуда аз хислатҳоиҳамидаибархе аз ҷавононисолҳои 90-уми асригузаштаёдоварнашудам. Миёниҷавонони он солҳобудандкасонеки ба хотириманфиатҳоишахсӣ, айшуишратияклаҳзаинакамон дар даст чандиноилаҳоробесаробонкарданд. Аз таърихбармеояд, киаксаримайдоннишастагони солҳои 90- ум маҳзҷавононигумроҳбуданд, кихоҷагонашон ба онҳоваъдаҳоизиёдмедоданд. Маҳзсодагивугумроҳӣбоисисарзаданинизоъгардид. Маҳзчунинкаҷфаҳмиҳобуданд, кисолҳои 1995-1996 дар шаҳриХуҷандҳамназдибинои ҳозираи МақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиивилоятиСуғдчандсаднафарҷавононгирдиҳамоӣнамудабуданд. Ин ҳамабесарусомониҳородушманонимиллатбоистифода аз неруи ҷавононсозмондодабуданд. Ин гунааҳримансифатонҳоло низ ҳастандваамалҳоиноҷавонмардонаихудроидомадодаистодаанд. Шомилшавииҷавонон ба ҳизбуҳаракатҳоииртиҷоӣ, хоса ба Ҳизбинаҳзатиислом, қурбоншуданионҳо дар мулкибегона, ашкунадомативолидон ба ин мисолшудаметавонанд. Аз рӯйи маълумотиоморӣ,ҳудуди 300 ҷавононивилоятимрӯзгумроҳона ба сафигурӯҳи ба ном “Давлатиисломӣ”пайваста, иддае аз онҳоҷониҷавонихудро аз даст додаанд. Ин ҷавононронафарони сиёҳдил ба маъноитомашманқурткардаанд. Гӯёбо ин амалашонхизмате дар роҳиисломмекунанд. Аммовақтепадарумодаричашминтизор, кӯдакони аз меҳрипадардурмондаромебинӣ,лаънатмехонӣ ба чунин «ғамхорониҷавонон».
Наворе, ки чанд рӯз пеш вобаста ба латукӯби сарбозони тоза бахизмати ҳарбӣомада аз ҷониби сарбозони ба истилоҳ “дед” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, шӯру валваларо миёни хонандагон барангехт. Ҳамагӣ амалкарди ҷавонони бераҳмро маҳкум намуданд. Магар чунин рафтор ба шаъни ҷавони тоҷик мезебад? Охир, волидон бо сад азобу машаққат фарзандонро калон мекунанд, то онҳо нигаҳбони миллат ва асои дасти онҳо бошад. Пас, чаро вазъ дар ин ҷода беҳтар нашавад? Аз ҷониби дигар, он нафароне, ки қасдан дар вақти даъвати ҷавонписарон чунин навори куҳнаи соли гузаштаро гузоштаанд, хиёнат ба Ватан карданд. Магар мешавад, ки ҳамаи мо имрӯз аз дастоварди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бунёдиАртиши миллӣ бо меҳр ва ифтихор сухан гӯему якчанд нафарон бо пахши чунин наворҳо нафратро алайҳи неруҳои ҳимоятӣ зиёд кунанд? Фаромӯш набояд кунем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро дар шароити хеле вазнин ваҳассос таъсис дода, онро аз сифр оғоз кардем. Чаро чунин нафарон аз дастовардҳои соҳа наворе пахш намекунанд?Хушбахтона, ҳар амал подоши худро мегирад. Чун пасттинатон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Аммо нафароне, ки ин наворро на аз рӯйи ҳисси раҳм, балки аз рӯйи миллатбадбинӣ ва нотавонбинӣ паҳн кардаанд, бояд донанд, ки таърих инро нахоҳад бахшид. Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин айём ин айёми ҷавонист.
Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол, воқеан ҳам,ҷавонони хушбахтанд. Зеро, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод ва такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик бо либоси хубу шинам дар қисмҳои низомӣ боифтихор хизмат мекунанд, вақте онҳодар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунанду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи замон ворид мешаванд, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯйи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо музаффарият бармегарданд. Ин пайки шодӣ аз тинҷиву ободии Меҳани азизамон дарак медиҳад
Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони суботу оромӣба сар мебарем ва аҳсан мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон,ҳамчун қишри ояндасоз, эътимоду боварии зиёд доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо барои олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи таҳсилоти олӣ то ба 42 адад расонидани шумораи онҳо худ далолати гуфтаҳои болост. Гузашта аз ин, дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣқарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Пешвои миллат башорат медиҳад.
Соли 2017 эълон шудани “Соли ҷавонон” таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мо,ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат бароиҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро ҷавонони мо аз ҳар вақт дида, беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа эҳсос намуда, бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр саъю кӯшиш мекунанд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат, махсусан ба донишҷӯён зиёд буда, дар симои ҳар яки онҳо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хосатан, рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология оварданро Пешвои миллат дар ҳар як суханронии хеш таъкид мекунанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои оламаз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин, аз сатҳу сифати тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.
Воқеан ҳам, чун амиқ назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии чорҳадафи стратегӣқарор дорад. Ба хоҷагии халқи мамлакат имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика, сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозӣ, телекоммуникатсияву дизайнер чун обу ҳаво зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд ва баин васила,ҳам зиндагии худро таъмин кунандуҳам барои ободии диёру Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Президенти кишвармуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда буданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем ва азизаш дорем. Аз гузаштаипурғановатимиллатисоҳибфарҳангутамаддунофарихешифтихоркарда, ба ҷаҳониёнсобит намоем, кимо,миллатиҳунардӯствазебоиофар будем ваҳастем ва бовуҷудикӯҳсорбуданукамзаминбуданметавонемҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: