Интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия15-05-2023, 09:33
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд. Дар сурати зарурат даври дуюми интихоботи президентӣ 28 май гузаронида мешавад. Дар ин хусус расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд.
Ба мақоми президенти Туркия се номзад: Реҷеп Тайип Эрдуғон- президенти феълӣ, Камол Қиличдароғлу- роҳбари мухолифин ва Синон Оган- номзад барои тасмим нагирифтаҳо муддаӣ мебошанд. Раъйдиҳӣ барои шаҳрвандони Туркия, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, аллакай ба охир расид, ки дар он беш аз 1,8 миллион нафар иштирок кард. Дар Туркия қариб 62 миллион интихобкунанда сабти ном шудааст, ки 5 миллион нафар бори аввал овоз медиҳад. АКС |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.