Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тавозуни хӯрданро нигоҳ доштан нишонаи ақли солим аст

Тавозуни хӯрданро нигоҳ доштан нишонаи ақли солим аст

11-01-2021, 11:30
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Тавозуни хӯрданро нигоҳ доштан нишонаи ақли солим аст
Ҳамасола, санаи 5 январ «Рӯзи камхӯрӣ» қайд карда мешавад. Мақсади таҷлили ин рӯз таваҷҷуҳ намудан ба саломатӣ ва зебоии бадан аст.
Ин рӯз хосияти расмӣ надорад ва дар замони на он қадар пеш пайдо шудааст, ҳарчанд санаи аниқи пайдоиши он маълум нест. Ин, метавон гуфт, ид бо ғоя ва ташаббуси иштирокчиёши ҷомеаҳои шабакаи интернетӣ-лоиҳаи «Таърихи воқеаҳо» ва шабака дар самти ғизои солим- Daily-menu.ru рӯйи кор омадааст. Мақсади таҷлили он равшан аст-ҳар чи миқдори зиёди одамонро дар айни таҷлили ҷашнҳои солинавӣ ҷалб намудан ба камхӯрӣ. Иштирокчиёни базму зиёфатҳои ҷашнӣ бояд дар мавриди хӯрдани таомҳои зиёди рӯйи миз гузошташуда зиёдаравӣ накунанд, то ин ки баъд аз он ба саломатии худ зиён нарасонанд.
Асосгузорони Рӯзи камхӯрӣ, ҳамчунин, барои гузаронидани ин амалиёт тавсияҳои худро медиҳанд. Онро метавон дар манзили худ гузаронд. Рӯзи 5 январ бояд ғизои танзимшударо аз қисм (компонент)-ҳои асосӣ-равған, сафеда ва карбогидратҳо тановул кард. Ғизонокии таомҳоро ҳадди аққал бояд ду маротиба кам кард, шумораи таомҳоро низ ва бояд аз нӯшидани машрубот ва нӯшокиҳои ширини газдор даст кашид.
Маҳдуд намудани истеъмоли ғизо маънои гуруснанишиниро надорад. Ин усул (методика)-ест, ки барои ба меъёр даровардани табодули моддаҳо дар организм равона карда шудааст ва истеъмол кардани маҳсулотеро, ки таркибаш асосан аз карбогидратҳои мураккаб ва протеинҳо ғанӣ аст, дар назар дорад. Дар баробари ин, истеъмоли шириниҳои дорои қанд ва равғани зиёд манъ аст, ба монанди шоколад, асал, маҳсулоти хамирӣ ва равғани ҳайвонот. Ҳамчунин, истеъмоли намак ва консерваҳоро маҳдуд кардан лозим аст. Баръакс, истеъмоли моеъ-оби маъдании газнокнакардашуда, чои кабуд ва алафчойҳоро зиёд кардан лозим аст.
Рӯзҳои камхӯрӣ ҳар гунна мешаванд. Метавон дар як рӯз як маҳсулоти муфидро истеъмол намуд-ин амалро «монокамхӯрӣ» метавон номид. Дигар намуди ин амал-истифода бурдани зиёда за ду намуди ғизо (комбинатсияшуда) аст. Монокамхӯрӣ дар як ҳафта як маротиба тавсия дода мешавад, ғизои комбинатсияшударо метавон якчанд маротиба дар ҳафта бе расонидани зин ба саломатӣ истифода бурд.
Ғайр аз ин, рӯзҳои камхӯрӣ аз рӯйи компонент (қисм)-ҳои ғизо сифатбандӣ карда мешаванд. Ин нишондод ба ҷудо кардани ғизо ба сафеда, равған ва кардогидратҳо асос шудааст.
Сухан дар бораи навъҳои парҳезии гӯшт (парранда, харгӯш ва моанад ба ин), моҳии дарё бо равғаннокии кам, маҳсулот ва нӯшокиҳои шири беравған ё дорои равғани кам (творог, кефир, панир) ва лӯбиёӣ меравад.
Камхӯрӣ таъсири мусбат ба фаъолияти узвҳои меъдаву рӯда ва ҳазми ғизо мерасонад. Зери таъсири ин усул тавлиди инсулин дар бадан зиёд шуда, кори ҷигару рӯдаҳо беҳтар мегардад. Организм аз токсин (заҳр)-ҳо озод гашта, вазни бадан низ ба тавозун меояд. Дар умум, рӯзҳои камхӯрӣ табодули моддаҳо дар организмро ба меъёр медароранд. Ин ба харобшавӣ ва маҳдуд намудани калорияҳои барзиёд меорад. Машруботи спиртӣ ва заҳрҳои дар бадан мондаи он организмро тарк намуда, ба беҳтар гаштани фаъолияти узвҳои даруна сабаб мегарданд. Дар баробари ин, чунин маризиҳо, ба монанди дардӣ сар, дилбеҳузурӣ, афсурдаҳолӣ аз байн мераванд.
Ба хамагон маълум аст, ки пурхӯрӣ ба бемориҳои гуногун меорад. Танзим намудани ғизо, аз навъҳои муфиди он ва аз рӯйи ақли солим истеъмол намудан аз шартҳои муҳими ҳифзи саломатӣ аст. Амал намудан аз тавсияҳои дар боло зикршуда кам намудани ғизонокиро то 500-1000 килокалория дар як шабонарӯзро дар назар дорад. Одатан мо дар як рӯз аз 2000 то 3000 килокалория истеъмол мекунем. Риоя намудани рӯзҳои камхӯрӣ, ҳадди аққал дар як ҳафта як маротиба ба кам шудани вазни бадан сабаб мегардад. Самараи он зуд аён намегардад, аммо бо гузашти 3-4 моҳ аз худ дарак хоҳад дод. Риоя намудани рӯзҳои камхӯрӣ на танҳо ба кам кардани вазн, балки таъсири мусбат ба кори меъдаву рӯда хохад дошт, ки хатари мубтало шудан ба маризиҳо, аз ҷумла бемориҳои ҷигар, талхадон, алалхусус, пайдо шудани сангҳо, ҳамчунин, аллергияҳои гуногунро кам намуда, ба солимии пӯсти бадан низ мусоидат мекунад.
Аммо ҳаминро дар назар бояд дошт, ки дар марҳилаи аввал рӯзҳои камхӯрӣ ба организм ҳамчун ҳолати ғайриоддӣ буда метавонад, чун он ҳоло ба он омода нест. Бо дарназардошти он, ки ин амал танзими ғизоро халалдор мекунад, онро бояд на беш аз 1 ё 2 рӯз дар як ҳафта роҳандозӣ намуд. Ҷиҳатҳои манфии чунин рӯзҳо бо душворӣ риоя намудан, махсусан дар рӯзҳои аввал, бо сабаби бедор шудани ҳисси гуруснагӣ, хирашавии табъ, вайрон шудани раванди хоб, камфаъолияти меҳнатӣ буда метавонанд. Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои рӯдаву меъда ҳастанд, истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза тавсия дода намешавад, чун хатари гастрит ва захми меъда зиёд хоҳад шуд. Барои ҳамин, тавсия дода мешавад, ки рӯзҳои камхӯрӣ аз рӯйи навъҳои ғизо доимо иваз карда шаванд, то ба организм ҳамчун фишори зиёдатӣ нагарданд.
Ҳамчунин, чунин рӯзҳо ба модарони ширмаккон низ тавсия дода мешавад, чун бо сабаби зиёд истеъмол намудани моеъ, витамин ва минералҳо ба кам шудани шири сина сабаб нахоҳанд шуд.
Рӯзҳои камхӯриро метавон ба якчанд навъ тақсим намуд ва бонавбат аз сафедаҳо, карбогидратҳо ва равғанҳо истифода намуд. Албатта, бо меъёри муайян.
Ба ақидаи олимон, саломатии бадан 50% аз тарзи ҳаёти инсон, ки ба он раванди истеъмоли ғизо дохил аст, вобаста мебошад. Риоя накардани қоидаҳои истеъмоли ғизо метавонад тавозуни бактериалии микрофлораи меъдаро ба вуҷуд орад, ки он ба вазъи пӯсти бадан ва пайдо шудани дигар маризиҳо сабабгор шуда метавонад. Бо ғизо тамоми функсияҳои ҳаётан муҳими организми инсон вобастагӣ дорад. Он манбаи асосии пайдо шудани бофта ва ҳуҷайраҳо, пайваста нав шудани онҳо, бо энергия таъмин намудани инмон аст. Нодуруст истеъмол намудани ғизо ба саломатии инсон дар ҳар синну сол метавонад зарар расонад. Ин метавонад ба кам шудани сатҳи рушди ақлониву ҷисмонӣ, зуд мондашавӣ, ба нестӣ бурдани муқобилияти организм ба омилҳои манфии беруна, паст гаштани қобилияти меҳнатӣ, ҳатто пиршавии бармаҳал ва кам гаштани дарозии умр оварда расонад.
Барои кам кардани чунин хатарҳо бояд чанд қоидаро риоя намуд. Аввалан, аз маҳсулоти тезтайёр ва зиёд истеъмол намудани шириниҳо даст кашид. Дуввум, бояд ҳарчи зиёд аз маҳсулоти тару тозаи мавсимӣ истеъмол намуд. Меваю сабзавоти дар гармхонаҳо истеҳсолшуда ё аз минтақаҳои дурр овардашуда, бо сабаби коркарди онҳо бо химикатҳои гуногун барои вайрон нашудан, натанҳо хусусиятҳои худро гум мекунанд, балки барои ба вуҷуд омадани нитратҳо ва дигар элементҳои химиявии зараровар сабаб мегарданд. Саввум, бояд истеъмоли қанд, равғани растанӣ, орди сафеди гандумӣ, биринҷи сафеди тозакардашуда низ маҳдуд карда шавад. Барои ҳамин, ба ҷои нони сафед бояд аз нони гандумӣ ва ба ҷои қанд аз асал истифода бурдан айни муддаост. Чаҳорум, чи қадар зиёд бояд об нӯшид. Чой, қаҳва ва нӯшобаҳо ҷойи онро гирифта наметавонанд. Дар як шабонарӯз ба организми инсонба як кило вазни бадан 30-35 мл об зарур аст. Нӯшокиҳои газдори ширинро аз рӯихати ғизо тамоман хат занед. Баъдан, дар бораи ғизои сафедадор набояд фаромӯш кард. Он аз аминокислотаҳо ғанӣ буда, то дер гоҳ ҳисси сериро медиҳад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари мо истеъмоли хӯрокҳои хамирӣ, серравған ба таври васеъ маъмул аст. Аз ҳад зиёд истеъмол кардани чунин ғизо хатари ба бемориҳои гуногун мубтало шуданро ба бор меорад. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ шумораи касоне, ки ба бемориҳои фишорбаландӣ, қалб, меълаву рӯда, талхадон, ҷигар ва амсоли ин кам нест. Ба ақидаи коршиносон, яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ омадани чунин ҳолати манфӣ нодуруст истифода бурдани ғизо, набудани реҷаи он аст. Ҳамасола, дар тамоми дунё миллиионҳо тонна партовҳо аз моддаҳои ғизоӣ пайдо мешаванд, ки ин ба муҳити атроф ва саломатии худи инсон таъсири хеде бад мегузорад. Ҳамчунин, пурхӯрӣ ҳам аз нигоҳи эстетикӣ ва ҳам аз лиҳози саломатӣ хушоянд нест, чун оқибаташ метавонад ҳатто ҳалокатбор бошад. Аз тарафи дигар, риоя намудани камхӯрӣ ва ба реҷа даровардани он натанҳо ба саломатӣ, ҳамчунин ба буҷаи оилавӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд, чун хароҷот кам мегардад.
Дар амал татбиқ намудан ва ба меъёри зиндагӣ ворид намудани гуфтаҳои боло бартариятхудро дорад, ки онро қайд кардем. Маълум аст, ки дар тани солим ақли солим аст ва ҷомеаи солим давлати солимро тавлид месозад.
Боқӣ, ба ҳамаи шумо саломатии бардавомро орзу дорем.
Азамат Дӯстов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: