Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аломатҳои норасоии об дар бадани инсон

Аломатҳои норасоии об дар бадани инсон

3-02-2022, 09:24
Хабарро хонданд: 1445 нафар
Назарҳо: 0
    Аломатҳои норасоии об дар бадани инсон

Бино ба маълумоти илми тиб камобии организм кўдаконро ба касалии сироятии дарунравию беобшавӣ оварда мерасонад. Барангезандаи ин беморӣ дар рўда афзоиш ёфта, бо аломатҳои заҳролудшавӣ ва дарунравӣ сурат мегирад. Бештар дар кўдакони навзод ва хурдсол эширихиозҳои энтеропаатогенӣ паҳн мешаванд, ки сабабҳояш зиёданд, аз ҷумла риоя накардани беҳдошти шахсии модар ва нафароне, ки ба нигоҳубини кўдакони навзод ва хурдсол машғуланд. Баландшавии ҳарорати бадан, гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, беқарорӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, нишонаҳои ин беморӣ маҳсуб меёбанд. Нишонаҳои асосии беморӣ камобшавии бадан чашмони фурўрафта, ки баъзан коҳида низ мегўянд, мебошанд. Танҳо як бемории сироятӣ аз камобшавӣ дар бадан чӣ қадар нишонаҳои марговарро дар кўдакон нишон медиҳад.
Эҳсоси зуд хасташавӣ, сафедшавии рўй ва ё рангпаридагӣ, аз даст додани қувват, хушк гардидани пўсти рўй ва пайдоиши доғҳо, дарди сар, чархзании сар, ҳисси сустӣ, фаъолияти бади гурда, кам шудани миқдори пешоб, ҳассосияти баланд ба сангҳо, дард ҳангоми пешоб ва дар натиҷаи лихорадкаи шадид, чашм дар дохили косахонаи сар бозмегардад, биниш бад мешавад.
Оё медонед, миқдори обе, ки бадани шумо ниёз дорад, чанд литр аст?
Танҳо вазни худро ба 30 зарб занед, пас натиҷаро ба 1000 тақсим кунед, то миқдори зарурии об барои организми шумо дар як рўз ба даст ояд ва ё натиҷаро ба 250 мл тақсим кунед, то шумораи ҳаррўзаи пиёла (стакан) – и обро ба даст оред.
Масалан, агар вазни шумо 50 кг бошад, пас
50 x 30 = 1500 ÷ 250 мл = 6 пиёла (стакан)
Ё
50 x 30 = 1500 ÷ 1000 = 1,5 l литр.
Ҳамин тавр, барои як рўз, ба шумо якуним литр, яъне 6 стакон об лозим аст.

Аз хотир набароред, обро нишаста бинўшед, зеро дар ин ҳолат ҳамаи пасандозҳои зараровар, аз ҷумла намакобҳое, ки боиси сангҳои гурда мешаванд, аз бадани Шумо хориҷ мегардад.

Наргиси Назруллоҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: