Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

27-04-2023, 11:50
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Артиши миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлол, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад. Бо мақсади руҳбаланд намудани сарбозону афсарон ва огоҳӣ ёфтан аз шароити хизмат ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими фарҳангию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар доираи чунин ташаббус роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва масъулони кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳри Душанбе бо шароити хизмати сарбозон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара шинос шуда, барои онҳо хони идона ороста, туҳфаҳо тақдим намуданд. Ҳайати меҳмонон нахуст аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраи маишӣ ва дигар имконоти мавҷуда дар ин қисми низомӣ боздид намуданд. Таъкид гардид, ки ташкили вохӯриву дидорбинӣ бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии сарбозону афсарон ва беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ дар тамоми қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар асоси нақша ташкил ва доир карда мешавад. Дар қисмати дигари чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ дар назди сарбозону афсарон аз роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ёдовар шуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Артиши миллӣ бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, дар сафҳои он ҷавонони ватандӯсту аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳамаҷиҳата обутобёфта хизмат мекунанд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим, аз давраи пешвои аҷдоди миллатамон - Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ дар зиндагӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро сазовор мегардиданд. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуввум ақлу дониши расо ва ниҳоят имтиҳони сеюм одобу фаросати ҳамида буд. Ҳар сеи ин имтиҳон дар шиори «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» таҷассум меёфт. Дар шароити кунунӣ низ сарбозони шуҷои Ватанро лозим аст, ки худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ тарбия дода ба ташаккули ақлу хирад низ эътибор диҳанд. Зикр шуд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол - ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад, ки ин рисолатро имрӯзҳо афсарону сарбозони кишвари мо сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Шароит ва имконоти хизмату будубоши сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ имкон додааст, ки сол аз сол шумораи ихтиёриёни хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бештар гарданд. Дар ин қисми ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарбозону афсарон синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, майдончаи сафороӣ, хобгоҳҳои замонавии мутобиқ ба талаботи имрӯза мавҷуд мебошад. Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ барои сарбозону афсарони қисми низомии мазкур адабиёти гуногуни соҳавию бадеӣ, лавозимоти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла тахтаҳои шоҳмоту шашка дастрас гардида, барои 400 нафар афсарону сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд. Маврид ба зикр аст, ки тақдими лавозимоти варзишӣ барои сарбозону афсарон дар самти тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари намудҳои гуногуни варзиш дар миёни онҳо ва бад-ин васила баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиён мусоидати зиёд мекунад. Дар идомаи чорабинӣ барои саҳми арзандаи афсарони ин қисми низомӣ дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо манзури ҳифзи марзу буми кишвари азизамон бо ифтихорномаю сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарони қисми низомии мазкур бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд. Барномаи фарҳангии фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона аз ҷониби сарбозону афсарон бо хушнудӣ пазироӣ гардид.
АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОБАСТА БА ОБ
   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия таҳти унвони “Ташаббусҳои ҷахонии Пешвои миллат вобаста ба об” конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур, кормандони мақомоти иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизб иштирок карданд. Лайло Чоршанбезода – муовини раиси ноҳияи Рӯшон зикр кард, ки тaйи дaҳсолaи охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки aз муҳимтaрин мaнбaъҳои оби кишвaр вa минтaқa мебошaнд, қaриб 30 фоизи ҳaҷми худро гум кaрдaaнд вa ин тaмоюл идомa дорaд. Бо дарнaзaрдошти ҳaмин муҳимият Ҷумҳурии Тоҷикистон aз солҳои aввaли соҳибистиқлолӣ пaйвaстa aз минбaрҳои бaлaнди созмонҳои бонуфузи минтaқaвию бaйнaлмилaлӣ доир бa хaтaри тaғйирёбии иқлим, пешгирӣ вa ҳaлли он пешниҳод вa тaшaббусҳои судмaнд нaмудaaст. Aз ҷумлa, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз минбaрҳои бaлaнди созмонҳои бонуфуз суханронӣ кaрдa, тaвaҷҷуҳи aҳли сaйёрaро бa ин мaсъaлa ҷaлб нaмудa, бa мaнфиaти бaшaрият пешниҳодҳо кардaaнд. Баъдан омӯзгорон ва хонандагон дар мавзуъҳои “Панҷ ташаббуси Пешвои милат дар самти об”, “Ҳифзи пиряхҳо бо дахолати химиявӣ”, “Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо”, Диққати ҷаҳониён ба кӯли афсонавии Сарез” баромад карда ба таври ҷолиб ва фишурда андешаҳояшонро дар мавриди об ва азми бузурги Пешвои миллат дар ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

24-уми апрели соли равон маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардид, ки дар кори он муовинони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар кормандон иштирок доштанд. Дар маҷлис рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба рафти маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар, рейтинги ҳизбӣ, интишори матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаракати аъзои ҳизб ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интишори мавод дар сомонаи вилоятӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба маводҳои муғризона ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ миёни сокинон боз ҳам пурзӯр карда шавад. Ҷамшед Саидзода гуфт, ки ҷиҳатӣ омодагӣ ва баргузории маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2023 масъулияти бештар эҳсос карда шавад. Дар фарҷоми маҷлис зикр гардид, ки дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зери назорати қатъӣ гирифта ва саривақт иҷроиши онҳо таъмин карда шаванд.

ИНТИХОБИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар ноҳияи Айнӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовинони раиси ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Дар маҷлиси Кумиҷроияи ноҳия масъалаҳои ворид намудани тағйир ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроия, ба ҳайати аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Айнӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома Рӯзибой Раҳимзода - муовини Раиси ноҳия баромад намуда, тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ ва банди 19 “Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” номзадии Боқизода Боқимуҳаммад ва Муборак Ҷумъаева ба ҳайати аъзои Кумиҷроия ва номзадии Зебо Саидзода ва Барот Боқизода ба ҳайати аъзои Раёсат пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аъзоён ҷонибдорӣ карда шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҲХДТ Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонанд дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд. Дар идомаи суханронӣ зикр намуданд, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода муовини раиси ноҳияи Айнӣ таъин карда шуданд. Номбурда тӯли фаъолият ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳизб, мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ намудани тарғибу ташвиқи ғояҳо ва барномаҳои ҲХДТ, тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва шаҳрвандони ноҳияи Айнӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Баъд аз суханронӣ муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз ҷониби раиси Кумиҷроияи вилоятӣ барои рушди фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, Зуфар Исмоилзода талаботи банди 4.19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, банди 19 Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва озод намудани собиқ раиси Кумиҷроия дар ноҳияи Айнӣ бинобар ба кори дигар гузаштан ёдовар шуда, дар асоси омӯзиш ва розигии раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - номзадии Боқимуҳаммад Боқизода барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба аъзоёни Кумитаи иҷроия ва аъзои Раёсат пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни маҷлиси Кумитаи иҷроия якдилона дастгирӣ ёфт. Пас аз музокираҳо Боқимуҳаммад Боқизода ба сухан баромада, миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷҷуҳ ва эътимодашон баён дошт. Дар интиҳо раиси ноҳия Муқим Муродзода ба раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва муовини раиси ноҳия барору комёбӣ таманно намуда, баҳри ҷоннок намудани кори ҳизбӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят, иҷрои қонунҳои миллӣ, ҷоннок намудани фаъолияти бахшҳои кор бо занон, кор бо ҷавонон, шуъбаи таблиғот, пешниҳоди саривақтии вокунишҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзоён, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрам маслиҳатҳои судманд доданд.

ҚАДРШИНОСИИ САРБОЗОН ШАҲРИ ХУҶАНД
   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Баталёни 3-юми посбонкунандаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод доир гардид, ки ба он хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд ҷалб гардиданд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзида, барои содиқона ва софдилона адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба сарбозони қисми низомӣ, ки хизматро адо намуда истодаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи марзу буми мамлакат, оромиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақши шоиставу мондагор доранд.
Мояи ифтихор аст, ки ҷавонони худшиносу меҳандӯсти мо имрӯз сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон - Тоҷикистон гардидаанд ва баҳри муҳофизати Ватан содиқонаву софдилона хизмат намуда истодаанд.
Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, гуфтанд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватан мебошад.
Баъдан сарбозон оид ба шароити мусоиди қисмҳои ҳарбӣ ва моҳияту мафҳуми хизмат ба Ватан ибрози назар намуда, иҷрои ин рисолатро қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард ҳисобиданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 8 нафар сарбозоне, ки айни замо хизматро адо намуда истодаанд бо Сипоснома ва волидайни онҳо бо Раҳматнома сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир ҷавонон аз шароит ва буду боши афсарону сарбозони қисми низомӣ дидан намуда, таассуроти бештар пайдо карданд.

   Ҳаёти ҳизб: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА “СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”


Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таҳти унвони “Об ҳамаро муттаҳид месозад” доир гардид, ки дар кори он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Зоир Ҳабибзода ва намояндаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Ҳоҷиев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфронси мазкур доир ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, зиёдшавии хатарҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, фаромадани яхчу тарма, обшавии пиряхҳо, мушкилот вобаста ба таъминоти об баробари зиёдшавии босуръати аҳолӣ ва хуруҷи бемориҳои сирояткунанда суханронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии об ва иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои об аз ин ҳисоб дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷанбаи дигари ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, ин муаррифии сиёсати экологии кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад, ки он имкон дод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба табиати сарсабзи Тоҷикистон, захираҳои зиёди об, пиряхҳои азим, инчунин имкониятҳои зиёди гидроэнергетикии кишвари мо ҷалб гардад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ХХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Боиси ифтихор аст, ки зимни омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Иқдоми наҷиби саривақтии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар масъалаи тағйирёбии иқлим инчунин саҳми худро низ дар пешгирии паёмадҳои манфии иқлим дар амал гузоштааст.

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР


Дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур татбиқи нақшаи фаъолият вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2023 дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод суханронӣ карда, аз натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳр гузориш дод. Ҳамзамон таъкид намуд, ки Шурои ҷамъиятӣ бо таҳияи нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт супоришҳои дар паём зикршударо амалӣ менамояд. Дар баррасии масъалаи дигар, ки ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда буд, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки 14-уми декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси Созмони Милали Мутаҳид доир ба тағйирёбии иқлим пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 153 давлати аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардидааст. Барои дар амал татбиқ намудани он дар Созмони Милали Мутаҳид қатъномаи махсус қабул гардидааст ва ҷонибдорӣ гардидани ташаббусҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Таҳияи И. ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: