Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

24-04-2023, 13:30
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 1
АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ - АСОСИ ҲИЗБ

Таҳти ҳамин унвон ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ имрӯзҳо дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида омӯзиши фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Вобаста ба ин, бо иштироки - Асрор Латифзода муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Розиқ Нурзод - мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ифтихори миллат"-и Бонки миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Нахуст зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи бандҳои Барномаи худ ҷиҳати таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.
Дар ин раванд, ҳангоми боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти мазкур, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар идомаи боздид корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ, ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд.
Дар рафти омӯзиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд.
Инчунин, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Ободонӣ"-и Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, “Роҳсоз”-и Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур, “Ҳифзи муҳити зист”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Омор"-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Саломат” -и Маркази саломатии шаҳрии №2, “Табиб” -и Маркази саломатии шаҳрии №9 ва «Саломатӣ» - и Маркази саломатии шаҳрии №4 низ чунин санҷишҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА

Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои минбаъда бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси Комиссияи доимӣ оид ба таҳлил, омӯзиши афкори омма, кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг оид ба фаъолияти Комиссия дар давраи моҳи марти соли 2022 то моҳи марти соли 2023 шунида шуд.
Мавсуф дар баромади худ зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Комиссияи мазкур бо аъзои гурӯҳ дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, шаҳраку маҳаллаҳо дар байни сокинон, махсусан занону ҷавонон корҳои таблиғотӣ бурда, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои гуногунро баргузор намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба тақвият бахшидани фаъолияти таблиғотӣ – ташвиқотӣ ва корҳои дохилиҳизбӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид гардид, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни ҷавонон оид ба масъалаҳои рӯзмарра дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бояд, ба таври доимӣ ба роҳ монда шаванд.
Вобаста ба баррасии масъалаи дигари рӯзнома дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирӣ намудани қисми осебпазири ҷомеа дар Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия давоми соли равон ба 15 нафар маъюбони ноҳия нафақаи ҳизбии ҳармоҳа дода мешавад.
Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис, пешбарии номзадии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳавзаи интихоботии №24 ба ҷойи вакили хориҷшуда муҳокима шуд, ки дар зимн номзадии Самӣ Даврон Шариф бо дастгирии аксари аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ҷонибдорӣ ва бо қарори дахлдор тасдиқ гардид.
Дар анҷом Нилуфар Каримзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ, фаъолияти дохилиҳизбӣ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, риоя намудани одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо ба масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дод.
АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта вохӯрии шахсони масъули ниҳодҳои дахлдор бо донишҷӯёну устодони донишгоҳи мазкур доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода зикр намуд, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ, алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир, моро лозим аст, ки ба арзишҳои миллии хеш бештар арҷгузор бошем. Падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир - терроризм ва экстремизм аз масъалаҳои доғи имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Нусрат Зокирзода зимни маърӯзаи худ афзуд, ки шаҳрвандони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгонамон огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Дар идома сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатзода зикр кард, Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, дар доираи раёсати кишвар дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал талошҳои худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи об тақвият хоҳад бахшид. Мавсуф инчунин афзуд, ки дар сатҳи миллӣ мо имкониятҳои худро ба он равона месозем, ки то соли 2025 ислоҳоти соҳаи оби кишварро пурра амалӣ намуда, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои обро ба таври комил ба роҳ монем.
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев оид ба тамаддуни шаҳрдории халқи тоҷик ибрози андеша намуда, ҳамзамон оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон чанд нуктаи муҳимро зикр намуд. Гуфта шуд, ки дар раванди бисёр ҳассоси ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ саҳмгузор бошанд.

НАҚШИ РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ
АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо мақсади такмили ихтисос, баланд бардоштани малакаи касбӣ, рушди механизмҳои наву муосири корӣ, сайқал додани донишу таҷриба, азхуд намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, самти коргузорӣ ва кор бо кадрҳо, усулҳои наву замонавии тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва табодули таҷриба тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Ҷаҳоноро”, “Офтобак”, “Парасту”, “Орзу”, “Дурахшон” ва “Умед" соати сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо" доир гардид.
Зимни баргузории соати сиёсӣ муовини раиси Кумиҷроияи шаҳри Хоруғ Гулдаста Орумбекова маърӯза намуда, зикр дошт, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон қатънома қабул карда шуд, ки дар асоси он соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон карда шуд.
Қайд гардид, ки ҳарчанд 60%-и оби минтақа дар кишвари мо ташаккул меёбад, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳое, ки аз об танқисӣ мекашанд, бетафовут нест ва пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамгироӣ дар соҳаи обу иқлим даъват менамояд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони сатҳи баланди байналмилалӣ дар масоили обу иқлим эътироф шудаанд.
Дар идомаи соати сиёсӣ масъалаҳои вобаста ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ба хусус Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон", инчунин ба иттилои иштирокдорон расонида шуд, ки хоҳиши мондан ба НБО “Роғун” ба кор сафарбар шуда, дар ин бобат ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ муроҷиат намоянд. Аз ҳамҳизбон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандон ва хешу наздиконашон, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд, нагузоранд, ки онҳо ба ҳайати гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав шомил шаванд.
Инчунин ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ва мудири шуъбаи ташвиқот ва иттилоот ба раисони ташкилотҳои ибтидоии зикршуда ёрии амалии методӣ расонида шуд.

ҲХДТ – САРПАРАСТИ МАЪНАВИИ НБО “РОҒУН”

Баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» корҳо бомаром идома ёфта истодааст.
Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Тамоми мардуми кишвар сохтмони НБО-и «Роғун»-ро самимона дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд. Дар натиҷаи босуръат рушд ёфтани НБО-и «Роғун» даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегардад, корхонаҳои нави саноатӣ бомаром фаъолият намуда, ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
Бо мақсади коҳиш додани сатҳи бекорӣ, ҷалби сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба НБО-и «Роғун» тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 апрели соли 2023 дар назди ҶДММ бозори “Баҳор”-и ноҳия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуда, ба сокинон оид ба ҷойҳои кори холӣ дар НБО-и «Роғун» мваълумот ва маслиҳатҳои муфид доданд.

ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН ШАРАФ АСТ
АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва даст задан ба корҳои ношоям, ҷинояткорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Масҷиди Савр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, намояндаи шуъбаи амнияти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров, намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Имомҳасан Тӯраев, намояндаи масҷиди “Бобохоҷа”Аслиддин Фазлиддинов доир гардид.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки сулҳу субот ва амнияту бехатарии ҳар як сокини мамлакат аз Артиш вобастагӣ дошта, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бобати сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар он дарси неруи ҷавонмардиву матонат, ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва расидан ба қадри ҳар як порчаи Ватан талқин карда мешавад, бояд бетараф набошанд ва фаъолона ширкат намоянд.
Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардида, фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундгаро хеле зиёд шуда, ғояҳои инсонбадбинӣ доман паҳн кардаанд. Чӣ тавре ки аз тавассути васоити ахбори омма мушоҳида менамоем, терроризм аллакай дар сатҳи ҷаҳонӣ ривоҷ ёфта, хусусияти умумиҷаҳонӣ, яъне глобалиро касб намудааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нашаванд.
Имрӯз мо бояд ба қадри ин неъмати бузург сулҳу амонӣ ва соҳибистиқлолии кишвар расида, баҳри дастгирӣ намудани сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош варзем ва барои пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми босазои хешро гузорем.

АЁДАТИ САРБОЗОН

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, падару модарони даъватшавандагон ва сарбозон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, собиқадорони меҳнат ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити хизмат, зиндагӣ, машқу тамрин ва истироҳати сарбозони қисмҳои ҳарбии 0202 -и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 04533 -и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Дар қисми ҳарбии 0202 афсарону сарбозон волидонро пазироӣ намуданд. Волидайн таҳти роҳбарии муовини командир оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ сараввал бо хобгоҳи сарбозон шинос гаштанд. Рахти катҳои тозаву озода ва бо тартиб гузошташуда писанди ҳамагон гашт. Дар хобгоҳи сарбозон оинаи нилгуни калонҳаҷм истироҳати бофароғати сарбозонро таъмин менамояд. Дар утоқи хобу истироҳат камераҳои назоратӣ гузошта шудааст, ки онҳо мунтазам фаъол мебошанд.
Сипас, волидон аз ошхона номгӯи хӯрокҳо, ҷойи нишасти сарбозон шинос гашта, бо ошпазҳо дар бораи таомҳои омодакардаашон суҳбат намуданд. Инчунин, иштирокчиёни вохӯрӣ бо толори варзишии қисми ҳарбӣ, ки дорои тамоми шароитҳои машқу тамрин мебошад, аз наздик шинос шуданд. Китобхонаи қисми ҳарбӣ бо китобҳои бадеӣ таъмин буда, сарбозон дар вақтҳои холӣ аз он самаранок истифода мебаранд.
Миёни сарбозон ва падару модарон суҳбати озоду ошкоро барпо гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода баромад намуда, мақсади вохӯриро шарҳ дод ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки содиқона ва бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оранд ва барои хизмати софдилонаи онҳо матонату ҷасорат таманно намуд. Аз номи волдайн Назира Ҳомидова, модари сарбози ҳамин қисми ҳарбӣ Фаррух Маҳмудов баромад намуда, иброз дошт, ки шароити хизмат дар ин қисми ҳарбӣ хеле хуб аст ва бо дили пур фазандашро ба сафи Артиши миллӣ фиристода, ҳоло ӯ бо сари баланд хизмати Ватанро иҷро намуда истодааст.
Инчунин, дар назди ҳозирин Шафқатнисо Усмонова, ки як фарзандаш дар ноҳияи Данғарат вилояти Хатлон хизмат карда истодааст ва модари сарбози дигар Раъно Аҳмадова, ки фарзандаш дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Бадахшон адои хизмат мекунад, бо шукргузорӣ аз фазои амну ороми Ватан иброз доштанд, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ аз хизмати фарзандаш қаноатманд мебошанд.
Полковники мустаъфӣ, раиси Шурои ҷанговарон Мирзо Олимов, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исроил Қӯзиев зимни суханронӣ ҷавононро ба садоқату вафодорӣ ва мардонагию сарбаландӣ даъват намуданд. Сарбози қаторӣ Зоҳид Додокалонов аз номи ҳамсафонаш баромад намуда, ваъда дод, ки дар роҳи хизмат ба Ватан матонату шуҷоат ва мардонагиро пешаи худ мекунанд. Дар қисми ҳарбии 04533-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокчиён аз рафти хизмат ва шароити зиндагӣ, машқу тамрин ва истироҳати сарбозон шинос гаштанд. Хобгоҳҳои барҳаво, ошхонаи тозаву озода, китобхонаи қисми ҳарбӣ, хонаҳои истироҳатӣ барои қабули падару модарон ва хонаҳои санитарӣ хотири падару модаронро хеле шод гардонид.
Дар вохӯрӣ бо сарбозон раиси Кумитаи маҳаллаи Имоми Аъзам Н.Қаландарова, ки ҳар сол сафарбарии ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ яке аз аввалинҳо шуда ба анҷом мерасонад, баромад намуда, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист ва ҳар як ҷавон бояд онро сарбаландона иҷро намояд. Инчунин, модарони сарбозони оянда - Бароҳат Ҷӯраева аз Кумитаи маҳаллаи Навобод ва Насиба Рӯзибоева аз Ҷамоати деҳоти Нофароҷ суханронӣ карда, гуфтанд, ки имрӯз бо шароити хизмат ва зиндагии сарбозон дар ду қисми ҳарбӣ шинос гаштанд ва акнун онҳо бо дили пур фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ мефиристанд. Вохӯрии падару модарон бо сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ хеле хубу хотирмон анҷом ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Minda 28 февраля 2024 04:10
eugenechina viagra and alcohol forum topics boek viagra for daily use centro de informaciA?n viagra
20 mg street value last post
- viagra from canada daily
my settings online canadian pharmacy viagra unmanned viagra 20 mg 8 table total posts
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: