Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КҲФ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳушдор медиҳад

КҲФ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳушдор медиҳад

4-04-2023, 14:15
Хабарро хонданд: 1717 нафар
Назарҳо: 1
КҲФ  аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳушдор медиҳад3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои манбаъ, 4-6 апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад. Бар асари боришоти шадид чунин ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд: эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард, дар сурати вайрон шудани обравҳои заҳбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин, қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.

Илова бар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо ва иншооти таблиғотиву рекламаҳо шавад.

Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ва истодан зери хатҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед.

Кумита аз сокинон ҳамчунин хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя карда, дар чунин рӯзҳои сербориш аз рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо барои ҷамъоварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон Кумита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар ҳолати пеш омадани ин ё он вазъияти фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Christel 2 марта 2024 20:42
oben contradictions fluconazole and butenafine omtalen butenafine hydrochloride dogs - butenafine hydrochloride iupac butenafine hydrochloride
near me
dodnes butenafine hydrochloride penis cream
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: