Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!

1-07-2019, 14:36
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!

Нисфирӯзии 1-2 июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳарорати рўзонаи ҳаво баланд шуда, дар вилояти Хатлон гармӣ то +45 дараҷа мерасад. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳарорат ба 40+42 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд то +29, ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ то 33+35 ва дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ то +22 дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои гарм ва хушк ба Тоҷикистон аз ҳудуди нимҷазираи Араб, Ҷумҳурии Эрон, Туркманистон, Ўзбекистон ва шимоли Афғонистон ворид мешавад.

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва зери шуоъҳои офтоб камтар истанд.

Бино ба зикри манбаъ, гармои шадид сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо мегардад. Инчунин эҳтимолияти боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тарма ва резиши санг дар назар аст.

-Иловатан аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки 1-2 июл ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд,- омадааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: