Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хушксолӣ дар Австрия: одамон дар қаъри кӯли хушкшуда танга меҷӯянд

Хушксолӣ дар Австрия: одамон дар қаъри кӯли хушкшуда танга меҷӯянд

3-04-2023, 06:10
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Австрия аз хушксолӣ азият мекашад. Аз сабаби набудани борон сатҳи оби зеризаминӣ дар нисфи қаламрави кишвар хеле коҳиш ёфта, кӯли Тсикзее дар Австрияи шарқӣ пурра хушк шудааст. Дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии Euronews иттилоъ медиҳад.

Сокинони маҳаллӣ дар қаъри хушкшудаи кӯл танга ва ҷавоҳирот меҷӯянд. Дар байни бозёфтҳо скелетҳои моҳӣ низ ёфт мешавад: чанд моҳ пеш дар ин ҷо ҳазорон моҳӣ мурдааст.

«Мо медонистем, ки кӯл хушк мешавад. Агар мақомот қаблан ба наҷот додани моҳӣ шуруъ мекард, ҳоло қисмати зиёдаш зинда мемонд. Онро дидан даҳшатнок буд. Моҳии мурдаро аз ин ҷо бо вагонҳои калон мебурданд», — баён дошт сокини маҳаллӣ Валтер.

Ҳукумати Австрия кӯшиш мекунад, ки бо ин мушкилот тавассути сармоягузорӣ ба зерсохтори оби ошомиданӣ мубориза барад ва барои парма кардани чоҳҳои амиқ кор бурда истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: