Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бонки уран дар Қазоқистон соли оянда боз мешавад

Бонки уран дар Қазоқистон соли оянда боз мешавад

10-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Бонки уран дар Қазоқистон соли оянда боз мешавад
Раҳбари Агентии байналмилалии энержии ҳастаӣ (АБЭҲ) дар Вена гуфт, интизор меравад: бонки урани камиқтидор (БУК) дар Қазоқистон дар моҳи сентябри соли 2017 таъсис шавад.

Мудири кулли АБЭҲ Юкия Амано зикр кард, дар Қазоқистон аллакай қонуни “Истифодаи энергияи ҳастаӣ” қабул шуда, бознигарии муқаррарот ва асосҳои қонунӣ дар ҳоли анҷомёбист.

“Иҷрокунанда ороиши бинои наверо анҷом медиҳад, ки дар он Бонки урани камғанишуда ҷойгир мешавад. Дар Қазоқистон умедворанд, ки сохтмони ин бонк дар соли 2017 анҷом меёбад”, - гуфт Амано дар суханрониаш дар ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои мудирони ин ниҳод.

Созишномаи миёни ҳукумати Қазоқистон ва АБЭҲ дар бораи таъсиси Бонки урани камиқтидор дар “Қазоқистон дар моҳи августи соли гузашта имзо шуда буд. Раҳбари АБЭҲ таъкид кард, ки иҷрои ин қарордод идома дорад.

Интизор меравад дар бонке, ки дар ҳудуди корхонаи оҳангудозии Улбин дар шаҳри Уст-Каменогорск ҷойгир мешавад, урани камиқтидор барои ниёзҳои энергияи ҳастаӣ нигаҳдорӣ шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: