Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

11-03-2023, 18:12
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавадИмрӯз, 11 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик намоиши китобҳои тозанашр ва ҳамоиш доир гардид.Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 рӯзи 11 март қайд карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: