Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧЕҲРАИ ЗАН-МОДАР ДАР АСАРҲОИ РАССОМОН

ЧЕҲРАИ ЗАН-МОДАР ДАР АСАРҲОИ РАССОМОН

6-03-2023, 14:07
Хабарро хонданд: 888 нафар
Назарҳо: 0
ЧЕҲРАИ ЗАН-МОДАР ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНБахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Истиқлол» бо истифода аз ашёи фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 15 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар намоиш 25 мусаввараи нодири рассомон, аз қабили офаридаҳои Ю.Казмичёв «Симои Розия Озод» (соли 1945), А. Ҳайдаров «Симои Зебо Аминова» (соли 1982), И.Лисиков «Симои чемпион Зебуннисо Рустамова» (соли 1983), И. Абдураҳмонов «Кирмакпарварон» (соли 1955), А. Умаров «Модар аз деҳаи Рарз» (соли 1982), П. Бенков «Духтари дуторнавоз» (соли 1947), К. Ёдгоров «Гулҳои Зарафшон» (соли 1980) ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд ва дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

Мақсад аз баргузор намудани намоиш муаррифии саҳм ва нақши Зан-Модар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарра аст, ки дар асарҳои рассомони машҳури мамлакат тасвири пурраи худро ёфтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: