Дар Бадахшон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон Ассотсиатсияи соҳибкорзанон таъсис дода шуд13-02-2023, 08:30
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон Ассотсиатсияи соҳибкорзанони вилоят таъсис дода шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа оид ба масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкорзанон баён гардид, ки аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур метавонанд барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ баҳри рушду нумуи соҳибкорӣ, муаррифӣ намудани фарҳанги Бадахшон, таъмини занони хонашин бо ҷойи кор саҳмгузорӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намоянд ва мақсад аз таъсиси чунин Ассотсиатсия -ин имконияти беҳтар фароҳам овардан барои соҳибкорзанон мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи соҳибкорзанон дар вилоят ва таъсис додани сомонаи расмӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз карда шуд, ки соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Инчунин тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2025» аз 236 лоиҳаи пешниҳодшуда 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтанд, ки барои таъсиси 395 ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ мусоидат намуданд. Саҳми занону бонувон дар рушди иқтисоди ҷомеа ҳам назаррас буда, аз шумораи умумии 340 ҳазору 115 нафар соҳибкорони инфиродии амалкунанда 79 ҳазору 985 (24,8%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 982 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии 172 ҳазору 108 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонї 38 ҳазору 927 (22,6%) нафарро занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонї ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2021, 216 нафар зиёд мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.