Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЮНЕСКО:қариб сеяки мактабҳои ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

ЮНЕСКО:қариб сеяки мактабҳои ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

13-02-2023, 09:30
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
ЮНЕСКО:қариб сеяки мактабҳои ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорандСозмони СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба ғизои мактабӣ ва саломатии мактаббачагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, дар ҳоле ки тақрибан сеяки муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Гузориши марбут ба «Омодаи таҳсил ва рушд мебошем- саломатӣ ва ғизо дар мактабҳои саросари дунё» 8 феврал нашр шуд. Дар ин хусус ба ТАСС хабар медиҳад.

“Ҳамин тавр, 584 миллион кӯдак ба хизматрасониҳои одии оби ошомиданӣ дар мактабҳо дастрасии маҳдуд доранд ё тамоман надоранд; 2 нафар аз 5 тан чунин кӯдакон дар кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара зиндагӣ мекунанд. Ва дар ҳоле ки тақрибан дар ҳама кишварҳои ҷаҳон хӯроки мактабӣ таъмин мешавад, тахмин карда мешавад, ки 73 миллион кӯдакони осебпазир то ҳол аз ин барномаҳои маҳаллии ғизодиҳии мактабӣ баҳра намебаранд,», изҳор доштанд дар ЮНЕСКО.

Дар ин созмони байналмилалӣ таъкид кардаанд, ки таъмини ғизо ва назорати саломатии мактаббачаҳо кӯдаконро бештар ба таҳсил ва мондан дар муассисаи таълимӣ ташвиқ мекунад. Танҳо аз ҳисоби ғизодиҳӣ 8 фоиз зиёд кардани давомоти таҳсил мумкин аст. Бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи давлатҳои аъзо ба барномаҳои солимии мактаб ва ғизо сармоягузорӣ мекунанд, ин сармоягузориҳо «дар минтақаҳо нобаробаранд ва аксар вақт дар муқоиса бо эҳтиёҷот кофӣ нестанд», изҳор доштанд дар ЮНЕСКО.

“Хонандагон дар мактабҳои бехатар ва солим беҳтар таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз муассисаҳои таълимӣ барои таъмини саломатӣ ва некӯаҳволӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ва беҳдошт имкон надоранд. ЮНЕСКО ва шарикони он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки кишварҳоро барои сармоягузории онҳо дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мактабҳо дастгирӣ кунанд, зеро кӯдакон сазовори муҳите ҳастанд, ки дар он тавоноии пурраи худро ба даст оварда тавонанд», — изҳор дошт директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: