Имрӯзҳо дар ҷаҳон 2,1 миллиард нафар ба оби тозаи бехатар дастрасӣ надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза беш аз 700 кӯдак аз бемориҳое мефавтанд, ки ба оби ифлосу вазъи ногувори тозагию беҳдоштӣ марбутанд.
Дар ин бора зимни “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об”, ки дар чорчӯбаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Анҷуман бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ 19 июни соли равон дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз се бахши асосӣ иборат буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.
Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ буд, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта шуд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, санитария ва гигиена тарҳрезӣ кардаанд, ки мутахассисон ба кори онҳо баҳои баланд доданд.
Анҷуман ҳамчунин барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, санитария ва гигиена фазои мусоид фароҳам овард. Парчами Обии Кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода мешавад.
Зикр шуд, ки тӯли даҳсолаи охир Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баҳри муттаҳид намудани кӯшишҳои кишварҳои аъзо ҷиҳати таъмини оби бехатар ва санитария барои ҳамаи кӯдакон, модарон ва оилаҳо нақши муҳим бозидааст. Бешубҳа, дастрасӣ ба оби бехатар ва санитария ҳоло афзалияти глобалии рушд ва заминаи асосӣ барои ҷомеаҳои устувор, баробарҳуқуқ ва пешрафта мебошад. Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо таъкиди муҳимияти таъминсозӣ бо об ва санитария барои кӯдакон ва бо иштироки худи кӯдакон дар ин раванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид-ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба хотири кафолат додани уҳдадориҳои сиёсӣ бо назардошти фикру андешаҳои кӯдакон дар мавриди ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва санитария, ки ба инкишоф, рушд, саломатӣ, таълиму тарбия ва иштироки кӯдакон таъсир мегузорад, ҳамкории фаъолона ба роҳ мондааст.
-Кӯдакон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои таъминсозӣ бо об ва санитария бо роҳҳои эҷодӣ ва бадеӣ, аз ҷумла тавассути озмунҳои иншонависӣ ва расмкашӣ дар мавзӯи об ва санитария фаъолона баён намуданд. Зиёда аз ҳазор нафар кӯдакон дар ин чорабиниҳо ширкат варзида, дар маҷмӯъ 100 эссе ва 68 расми кашидаи онҳо ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардид.
Мо беҳтарин ва муваффақтарин корҳои эҷодии ин кӯдакон ва наврасонро интихоб кардем, ки дар онҳо даъвати кӯдакон барои таъмини дастрасии умумӣ, устувор ва одилона ба оби ошомиданӣ, санитария ва беҳдошт баён гардидаанд. Расмҳои кашидаи кӯдакон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамчун парчами Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба об истифода шуда, орзуҳои кӯдаконро оид ба ҷаҳони бехатар бо дастрасии умум ба таҳсилоти босифат ва рушди наврасон инъикос мекунад.
Ҳамзамон, мо аҳамияти сармоягузорӣ барои рушди барвақтии кӯдаконро эътироф намуда, ба ин назар ҳастем, ки таъмин бо об ва санитария ҳам барои дастгирии рушди барвақтии кӯдакон ва ҳам барои расидан ба ҳадафҳои глобалӣ ва миллӣ зарур аст. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, мо бояд таҷрибаҳои беҳтарини ҳамдигарро биомӯзем, ба илм ва таҳқиқоти олимон рӯ биёрем ва бо беҳтар кардани фаҳмиши худ дар ин самт тадбирҳои дахлдор биандешем. Ин имкон медиҳад, ки сифати зиндагии ҳар як кӯдак, оила ва дар маҷмӯъ кулли ҷомеа беҳтар гардад. Сармоягузорӣ барои рушди барвақтии кӯдак яке аз беҳтарин тадбирҳост, ки ҳар як давлат метавонад барои ҳалли мушкилоти нобаробарӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ ва дар оянда беҳтар кардани ҳаёти кӯдакон анҷом диҳад . Ин масъалаи афзалият додани як соҳа не, балки як амали дуруст ва вазифаи ҷонии мост,-афзуд Р. Мирбобоев.
Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки оби нӯшокии бехатар барои кӯдакон ҳаётан муҳим аст. Обе, ки кӯдакон менӯшанд, ба саломатӣ ва рушди ақлонию ҷисмонии онҳо таъсир мерасонад. Агар кӯдакон оби ифлос бинӯшанд, гирифтори бемориҳо мешаванд. Ба ҷуз ин, низоми сусти беҳдоштӣ боиси паҳншавии бемориҳоии сироятӣ мегардад. Бо истифода аз принсипҳои ҳуқуқи инсон, шарикии инноватсионӣ ва технологияи дастрас, шахсони масъул дар сатҳи қабули қарор метавонанд уҳдадориҳо оид ба густариши дастрасӣ ба оби бехатар ва шароити зарурии беҳдоштӣ барои ҳамаи кӯдакон дар ҷаҳонро ба зиммаи худ бигиранд. Дастовардҳои Ҳадафи Рушди Устувор 6– таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама – заминаи аслии татбиқи кулли Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кӯдакон мебошад. Барои ин маблағгузорӣ ва иштироки васеи шарикон зарур аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим хатари хушкшавӣ, маҳв ё ифлосшавии сарчашмаҳои обро ба вуҷуд овардааст. То соли 2040 наздик ба 600 миллион кӯдак дар минтақаҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки аз норасоии об азият мекашанд.
Лучиано Калестини, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, ки ЮНИСЕФ барои таъмини дастрасии устувор ба об дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон технологияҳои инноватсиониро истифода мекунад, ба мисли насосҳои обие, ки бо неруи офтоб кор мекунанд: “-Мо дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо барои таҳкими хадамоти устувори иқлимӣ оид ба об, санитария ва гигиена кумак мерасонем, то ин ки таъсири офатҳои табиӣ боиси коҳиши дастрасии кӯдакон ба об, тозагӣ ва беҳдошт нагардад.
Дастрасии оби бехатар ба таҳсили кӯдакон низ кумак мерасонад: агар онҳо ба обкашонӣ машғул набошанд, барои иштирок дар дарсҳо вақти бештар хоҳанд дошт. Агар дар мактабҳо оби тоза, ҳоҷатхона ва собуни дастшӯӣ мавҷуд бошад, кӯдакон аз муҳити солими таълимӣ баҳравар хоҳанд шуд, - таъкид кард ӯ”.
Тибқи таҳлилҳо ҳанӯз ҳам 844 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон (ҳар 9-умин шахс) ба хати обтаъминкунӣ дастрасӣ надоранд ва наздиктарин сарчашмаи оби ошомиданӣ дар масофаи рафтуомади 30-дақиқаина аз манзилашон ҷойгир аст. Ҳадди ақал барои 263 миллион нафар вақти умумии рафтуомад барои обкашонӣ беш аз 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар 3 соли охир ЮНИСЕФ барои дастрасии зиёда аз 100 миллион нафар ба об, тозагӣ ва беҳдошт мусоидат кардааст, ки беш аз нисфи онҳо дар шароити фавқулода зиндагӣ мекунанд.Танҳо дар соли гузашта ЮНИСЕФ ба зиёда аз 30 миллион нафар дар 77 кишвари ҷаҳон, ки даршароити фавқулода умр ба сар мебаранд, оби тоза ва хизматрасониҳои зарурӣ барои таъмини тозагию беҳдошт фароҳам овардааст.
Қайд гардид, ки таъмини дастрасии ҳамаи кӯдакон ба оби тоза ва беҳдошт сатҳи зиндагии онҳоро беҳтар гардонида, боиси инкишоф дар хурдсолӣ мешавад. Кӯдакон бе оби тоза ба хатари дарунравӣ дучор мешаванд, ки ҳамарӯза аз ин беморӣ дар ҷаҳонзиёда аз 700 кӯдаки то панҷсола мефавтад.
Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки кӯдакону наврасон аз нигоҳи тиббӣ осебпазиранд ва ба оби тоза зарурати бештар доранд. Ба иттилои номбурда, ҳар сол аз 100 то 130 мактаб сохта ба истифода дода шуда, ба масъалаи обрасонӣ ва таъмини хонандаҳо бо оби ошомиданӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад: “Ҳамаи мактабҳои то имрӯз сохташударо бо об таъмин мекунем. Он рӯз дур нест, ки тамоми 3876 мактаби кишвар пурра бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд”-, афзуд вазир.
Ҳамзамон Пратиба Мета, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ, Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон, Мачей Адам Мадалинский, роҳбари шуъбаи ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Пиа Ребелло Бритто, мушовири калон оид ба масоили рушди кӯдакони хурдсоли қароргоҳи ЮНИСЕФ дар ш. Ню-Йорк, Назирӣ Латофат Қаҳҳор, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умарзода Саида Ғайрат, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар масъалаҳои таъмини об, тозагӣ ва беҳдошт, маблағгузорӣ, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, рушди бармаҳали кӯдак ва мавзӯҳои дигари вобаста ба Анҷумани кӯдакон оид ба масъалаи об фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарини озмуни “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” баргузор шуд, ки бо тариқи овоздиҳии пӯшидаи худи наврасон дастаи “Муъҷиза” аз ноҳияи Ашт ҷойи аввал, дастаи “Истиқлол” аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва дастаи “KND THINKERS” аз шаҳри Хоруғи ВМК ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Ибодуллоҳи ТОҲИР