Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Туҳфаи Пешвои миллат ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Туҳфаи Пешвои миллат ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

5-02-2023, 13:17
Хабарро хонданд: 923 нафар
Назарҳо: 0
Туҳфаи Пешвои миллат ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Соли 2022 барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуаллӣ ибни Сино соли бобарор арзёбӣ мешавад, зеро бо ташаббус ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон Донишгоҳ соҳиби бинои муосири маъмуриву таълимӣ гардид, ки фазои таҳсилот ва руҳияи кулли донишҷўён ва профессорону омўзгоронро баланд бардошт. Ин нуктаро Гулзода Маҳмадшоҳ-ректори Донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Мавсуф зикр намуд, ки 1 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рўзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рўйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои таълимию маъмурии навбунёди Донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои таълими донишҷўён ва фаъолияти маъмурият пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино усули нави CBL ва TBL ба дарсҳои амалӣ ворид карда шудааст. Барои гузаронидани ин гуна дарсҳо аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ зиёда аз 30 кейсҳои клиникӣ омода карда шуданд. Ин иқдоми роҳбарияти донишгоҳ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, савияи дониш ва салоҳияти хатмкунандагони донишгоҳ нақши калидӣ мебозад.
Инчунин, гуфта шуд, ки тибқи талаботи давлатӣ аз соли 2007 инҷониб дар донишгоҳ бахши назорати сифат амал мекунад, ки дар соли 2022 аз назорати сифат ба идоракунии сифати таҳсилот гузашта, системаи таъмини сифати таҳсилот ба низом дароварда шуд.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: