Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон сангҳои ороишию бинокорӣ ва истихроҷу коркарди металлҳои ранга ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шудаанд

Дар Тоҷикистон сангҳои ороишию бинокорӣ ва истихроҷу коркарди металлҳои ранга ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шудаанд

1-02-2023, 16:53
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон сангҳои ороишию бинокорӣ ва истихроҷу коркарди металлҳои ранга ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шудаандБа ҳолати якуми январи соли 2023 захираҳои саноатии сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо категорияҳои «А», «Б», ва «С» зиёда аз 28 миллион метри кубӣ ва захираҳои ғайрисаноатии он зиёда аз 15 миллион метри кубиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишати матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар қаламрави мамлакат зиёда аз 100 кон ва зуҳуроти сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ, аз қабили гранит, грандодиорит, габра, мармар, доломит, порферит, амезит, фелзит ва ғайраҳо ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон вобаста ба сифату хосияти ин сангҳо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода тазаккур дод, ки бештари ҷинсҳои кӯҳие, ки ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ҷинсҳои магматикӣ ва метамарфӣ мебошанд.

«Ин ҷинсҳои кӯҳӣ асосан дар натиҷаи ҳарорат ва фишори бениҳоят баланди сахтшавӣ (кристализатсия)-и ин ҷинсҳо ба амал меоянд ва онҳо дорои шаклҳои ба худ хос, яъне вобаста ба ранг, шакл ва вобаста ба нигораҳое, ки дар сангҳо дида мешаванд, намуди ба худ хос доранд. Аз ин рӯ, он 100 кони зикршуда аз ҷониби Саридораи геология ва ҷамъиятҳое, ки ба коркарди ҳамин гуна сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ машғуланд, санҷида шудаанд»,-баён кард номбурда.

Зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла, сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо тазаккур дода шуд, ки Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имконияти азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур менамоянд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз се кон ва 15 зуҳуроти маъдании фосфориди ба омӯзиши геологӣ нигаронидашуда муайян гардида, захираҳо дар фонди давлатӣ, иттилотӣ -геологӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 захираҳои саноатӣ ва қаблан баҳододашудаи фосфорид зиёда аз 65 миллион тоннаро дар бар мегиранд ва дар баробари ин захираҳои дурнамои ин маъдан зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар доираи супоришҳо ҳоло нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, вобаста ба он гурӯҳҳои корӣ ҳам муайян гардидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: