Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бе таъмини сӯзишвории дизелии зимистона ва хушсифат ба роҳ набароед!

Бе таъмини сӯзишвории дизелии зимистона ва хушсифат ба роҳ набароед!

18-01-2023, 14:00
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Бе таъмини сӯзишвории дизелии зимистона ва хушсифат ба роҳ набароед!Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш мерасонад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои дорои ҳавои сарди шадид бе таъмини сӯзишвории дизелии махсуси зимистона ва хушсифат ба роҳ набароянд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.

Тавре қаблан Агентии «Тоҷикстандарт» хабар дода буд, имрӯзҳо дар бозори истеъмолии дохилии Тоҷикистон баъзе соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ «Антифриз»-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагонанд.

«То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷӯиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум карданд, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳол он ки таркиби моеи «Антифриз» танҳо аз об, спирти 2-атомаи этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст», — омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳавои хунук дар мамлакат то 25 январ идома меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: