Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 26-27 декабр дар Тоҷикистон номусоидии вазъи ҳаво дар назар аст Декабрь 24, 2021 08:54

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 26-27 декабр дар Тоҷикистон номусоидии вазъи ҳаво дар назар аст Декабрь 24, 2021 08:54

24-12-2021, 10:44
Хабарро хонданд: 122 нафар
Назарҳо: 0
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 26-27 декабр дар Тоҷикистон номусоидии вазъи ҳаво дар назар аст Декабрь 24, 2021 08:54
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 декабр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи обу ҳаво дар назар буда, 26 декабр дар водиҳо борон ба барф гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барфи бошиддат меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ то 8-10 дараҷа паст мешавад. 24-27 декабр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

24-25 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. 26-27 декабр ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, 26 декабр дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар як сония мевазад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо паст шуда, аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

26-27 декабр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар робита ба номусоид шудани вазъи ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳушдор медиҳад, ки барфи тар ва боди сард метавонанд ба хати интиқоли қувваи барқ зарар расонанд, эҳтимоли он низ вуҷуд дорад, ки дар баъзе минтақаҳо дарахтон аз вазнинии барфи тар шикананд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бе заруратро маҳдуд кунанд, аз корҳои саҳро муваққатан даст кашида, ба шикоргоҳ ва ҷамъоварии ҳезум нараванд.

Дар ин рӯзҳои сард Кумита ҳамчунин ба сокинон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд: дар хонаҳои истиқоматӣ бо вуҷуди будани системаи гармидиҳӣ аз рӯи эҳтиёт захираҳои гармидиҳанда бояд дошта бошанд.

Кумита ба ронандагони мошинҳои шахсӣ тавсия медиҳад, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: