Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шоҳроҳи мошингард тахлия карданд

Роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шоҳроҳи мошингард тахлия карданд

11-01-2023, 20:11
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шоҳроҳи мошингард тахлия кардандДирӯз, 10 январ тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ (9:30 ба вақти Душанбе) роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 5 кӯдакро ба ҷойи гарм тахлия карда, онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба дафтари матбуоти «Қазавтожол» иттилоъ дод.

Микроавтобуси мусофирбар дар шоҳроҳи А22 «Карабутак-Қустанай» аз вилояти Актюбе ба самти шаҳри Тюмен ҳаракат мекард. Шаҳрвандон пас аз расидан ба гузаргоҳ хабардор шуданд, ки бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар роҳ равуои мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда манъ гардидааст. Кормандони роҳ барои ҷилавгирӣ аз ях кардани сӯзишвории дизелии микроавтобуси мусофирбар ва таъмини бехатарии одамон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷойи гарм интиқол доданд, ки онҳо дар он ҷо хуб гаштани ҳавои номусоидро мунтазир шуданд.

Бинобар сабаби беҳтар шудани обу ҳаво микроавтобус роҳи худро давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳдорони қазоқ барои кумакашон миннатдорӣ баён карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: