Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Давлатҳое, ки сайёҳиашон рушд кардааст

Давлатҳое, ки сайёҳиашон рушд кардааст

10-01-2023, 18:32
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Давлатҳое, ки сайёҳиашон рушд кардааст
Сайёҳӣ дар айни замон яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон бо суръати баланд дар ҳоли рушд аст. Аз ин ҳисоб онро ҳамчун падидаи иқтисодии аср эътироф кардаанд. Баъзе кишварҳои ҷаҳон аз ҳисоби сайёҳӣ миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд. Ин ҷо мо даҳгонаи давлатҳое, ки соҳаи сайёҳиашон назар ба дигар давлатҳо бештар рушд намудааст, ҷамъ овардем.
Фаронса аз ҳисоби сайёҳӣ дар ҷаҳон пешсафтарин давлат аст. Ҳамасола ин кишварро зиёда аз 80 миллион сайёҳ дидан мекунанд. Ин давлат пеш аз ҳама бо таърих ва фарҳанги аҷибаш сайёҳонро ҷалб менамояд. Мавзеъҳои тамошобоби ин кишвар осоишгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ, соҳилҳои баҳри Лазур, деҳаи зебои Прованс, осорхонаи аз ҳама машҳури Лувр ва ғайраҳо мебошад.
Туризм яке аз соҳаҳои асосӣ дар Испания ба шумор меравад. Шаҳрҳои таърихии ин кишвар, ба монанди Барселона ва Мадрид, курортҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳили баҳри Миёназамин ва Атлантика, 15 боғи миллӣ ва ғайраҳо аз мавзеъҳои серсайёҳи кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамасола зиёда аз 82 миллион сайёҳ аз ин кишвар боздид менамоянд.
Амрико яке аз кишварҳои бузурги дунё баъди Фаронса ҷойи дуюмро ишғол намуда, ҳар сол қариб 77 миллион сайёҳ ин ҷо ташриф меоранд. Тахмин намудаанд, ки то соли 2025 ин кишвар аз соҳаи туризм қариб 2,5 триллион доллар фоида ба даст меорад. Аксарияти шаҳрҳои Амрико, ба монанди Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Лас-Вегас аз ҳисоби даромади сайёҳон зиндагонӣ менамоянд.
Чинро наметавон кишвари бесайёҳ номид. Ӯ на танҳо бо девори бузургаш, ки яке аз ҳафт мӯъҷизаҳои олам мебошад, балки бо ибодатгоҳи Шаолин, шаршараи Хуангшоу, шаҳри мамнӯъ ва ғайраҳо дили зиёда аз 61 миллион сайёҳонро ғасб кардааст. Тахмин меравад, ки шумораи сайёҳон дар Хитой дар солҳои баъди 2020 якбора ду маротиб зиёд мешавад.
Италия яке аз кишварҳои сайёҳие ба ҳисоб меравад, ки шаҳрҳои аз ҳама серсайёҳаш Рим, Венетсия, Флоренсия ва Милан дониста мешавад. Ҳар яке аз ин шаҳрҳо маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва таъомҳои хос доранд. Ҳамасола ба ин кишвар 58 миллион сайёҳ барои тамошову истироҳат меояд.
Туркия бо мероси бойи фарҳангӣ ва гуногунрангии қавмӣ шинохта шудааст. Он дорои шумораи зиёди маконҳои таърихӣ, археологӣ ва курортҳои зебои баҳрӣ дар баҳри Миёназамин ва Эгей мебошад. Аз соли 2015 инҷониб соҳаи сайёҳии ин кишвар аз сабаби ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ як кам суст шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳар сол ба он 50 миллион сайёҳ ташриф меоранд.
Олмон яке аз бехатартарин ҷойҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Берлин, Мюнхен ва Гамбург шаҳрҳои аз ҳама серсайёҳ ба шумор меравад. Соҳаи сайёҳии Олмон ҳамасола ба буҷети давлат қариб 50 миллион доллар фоида меорад. Зиёдтар фасли зимистон сайёҳон ба Олмон ташриф меоранд, вале дар ҷамъ дар як сол шумораи онҳоро 60 миллион нафар ташкил медиҳад.
Британияи Кабир бо таърихи ҷолиб ва фарҳанги бой дар байни кишварҳои серсайёҳи ҷаҳон ҷои 8-ро ишғол намудааст. Аксари сайёҳони хориҷӣ аз қисматҳои дигари Аврупо ва ҳамчунин аз ИМА ва Канада меоянд. Сайёҳон бештар ба шаҳри аз ҳама зебои Британия Кабир – Лондон ташриф меоранд. Ҳамасола шумораи сайёҳони аз ин кишвар боздид намуда, 38 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Русия бо табиати зебо, фарҳанг ва санъат табиист, ки ба кишварҳои серсайёҳи дунё шомил аст. Ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Қазон мебошанд. Мавзеъҳои табиияш бошад, кӯли Байкал, вулқонҳо ва гайзерҳои Камчатка, соҳили Баҳри Сиёҳ, кӯҳҳои барфии Олтой ва Элбурс ба шумор мераванд.
Таиланд бо ҷазираҳои тропикӣ, олами ҳайвоноти ваҳшӣ, маконҳои бостоншиносӣ, ибодатхонаҳову дигар мавзеъҳо макони сайёҳии ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳамасола шумораи сайёҳони ин кишвар дар ҳоли афзоишанд. Дар як сол шумораи онҳо 37 миллион нафарро ташкил медиҳад ва тахмин меравад, ки то соли 2032 ин шумора тақрибан ба 100 миллион нафар хоҳад расид.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: