Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАБИБОН БО ДУЧАРХАҲО ТАЪМИН МЕШАВАНД

ТАБИБОН БО ДУЧАРХАҲО ТАЪМИН МЕШАВАНД

11-01-2023, 20:19
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
ТАБИБОН БО ДУЧАРХАҲО ТАЪМИН МЕШАВАНД
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои кормандони соҳаи тиб дучархаҳоро таъмин менамояд, то онҳон тавонанд хидматҳои муҳими тиббиро дар хонаҳои одамон расонанд.
Бо дастгирии Эътилоф барои ваксинаҳо - GAVI тавассути муассисаи COVAX, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зиёда аз 3000 дучархаро барои кормандони соҳаи тиб таҳвил дод, ки онҳо мунтазам ба хонаводаҳо ташриф баранд ва тавонанд ба одамон дар хона хидматрасонии тиббии заруриро таъмин намоянд. Рӯзи сешанбе - 10 январ дар ноҳияи Шаҳринав бо ҳузури муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доктор Абдухолиқ Амирзода ва доктор Гундо Вейлер, директори Бахши дастгирии кишварии Дафтари минтақавии СҶТ барои Авурпо дучархаҳо ба таври расмӣ таҳвил дода шуданд.
Дучархаҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба кормандони соҳаи тиб таъмин карда мешаванд. Бастаи нахустини иборат аз 1593 дучарха дар аввали соли 2022 тақсим карда шуд. Бо интиқоли 1473 дучархаи дигар ҳоло СҶТ ба ҳар як муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди аққал як дучарха додааст, то кумакҳои аввалияи тиббӣ ба хонаводаҳо расонида шаванд.
Боздиди кормандони соҳаи тиб аз хонаҳо барои пешбурд ва ҳифзи саломатии аҳолӣ хеле муҳим мебошад. Кормандони соҳаи тиб ҳангоми боздид аз хона ба оилаҳо барои пешгирӣ аз бемориҳо иттилооти муҳим медиҳанд. Онҳо инчунин метавонанд одамонро дар ҳолати зарурӣ ба муассисаи тиббии наздиктарин равона кунанд. Масалан, кормандони соҳаи тиб метавонанд дар бораи сари вақт гирифтани ваксинаҳо маълумот пешниҳод намоянд ва шарҳ диҳанд, ки чаро ва чӣ гуна ваксинаҳо метавонанд оилаҳоро аз бемориҳо дар амон нигоҳ доранд.
“Ман ба оилаҳо мегӯям, ки кадом ваксинаҳо барои фарзандони онҳо зарур аст ва мепурсам, ки кӯдакон чӣ мушкилиҳо доранд. Зимни боздид аз оилаҳо дар хона боварии онҳоро ба даст меорам» - мегӯяд, Ҳамшираи оилавӣ аз ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон.
Дучархаҳо барои кормандони соҳаи тиб боздид аз хонаро хеле осон мекунанд. Дучархаҳо як намуди роҳати нақлиётро фароҳам меоранд ва илова бар ин имкон медиҳанд, ки дар як рӯз аз шумораи бештари хонаводаҳо боздид кунанд. Як ҳамшираи шафқати Шаҳртуз таъкид кард, ки акнун метавонад дар як рӯз ду баробар зиёд ба хонаҳо равад. Аз ин рӯ, дучархаҳо на танҳо барои кормандони соҳаи тиб, ки онҳоро истифода мебаранд, балки барои оилаҳое, ки аз маслиҳат ва ғамхории онҳо баҳра мебаранд, тағйироти воқеӣ эҷод мекунанд.
Наздик овардани хизматрасониҳои асосии тиббӣ ба ҷомеаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки кумаки аввалияи тиббию санитариро тақвият бахшад ва шарикон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ уҳдадор шудаанд, ки ба ин ҳадаф ноил шаванд. Дучархаҳои аз ҷониби СҶТ овардашуда мисоли олии ин уҳдадорӣ ва амалҳои мушаххаси ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ оид ба беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: