
Дар макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муҷассамаи дучарха гузошта шуд.
Пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи дучарха дар ноҳияи Данғара рӯзи 2-юми сентябр сурат гирифт. Ҳамон рӯз даҳҳо дучархарони дохиливу хориҷӣ низ ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳамла ба Данғара рафтанд.
Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.
Чорабинии дучархаронҳо ва ҳам гузоштани муҷассамаи дучарха таҳти назорати шадиди амниятӣ анҷом шуд. Дучархаронҳоро аз Душанбе то Данғара нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳамроҳӣ доштанд. Намояндаи сафорати Амрико бо дучархаи қадимӣ ва лавҳае ба ёди ду амрикоии кушташуда ҳузур пайдо кард. Ҷеф Руденур, намояндаи сафорати Амрико дар Душанбе аз пойтахт бо дучарха ба маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ ба Данғара рафт. Вай гуфт, "муҳим аст, ки мо дар бораи ин ҳамла фикр мекунем".
Дар ин рӯз маҳалли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ба хотири гиромидошти онҳо гулборон шуд ва акси ду сайёҳи амрикоӣ – Ҷей Остин ва Лорен Гейган, Воке Рене Виллемм – шаҳрванди Нидерландия ва Хамел Маркус – шаҳрванди Швейтсария низ гузошта шуд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст. Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамла даҳ нафарро дастгир кардаанд, ки ду нафар барои кумаки молӣ ва ҳашт тани дигар барои “хабар надодан” аз тарҳи ҳамла муттаҳаманд.