Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

5-01-2023, 12:30
Хабарро хонданд: 671 нафар
Назарҳо: 0
БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЯК ҚАТОР  МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ


Дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №41, №7, №10, №37 ва №5-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар асоси Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ доир гардид.
Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона дошта, дар мавзӯъҳои “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон” “Паёми Пешвои миллат роҳнамо ва ҳидоятгари мост” ва “Соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумоти бештар гирифтанд.
Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки иштироки фаъолона ва саҳми назаррасашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан, пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.
Хизмати содиқона кардан ба Модар - Ватан, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса дода, сол то сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.
Баргузории “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Панҷ дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.
Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорону хонандагон ва сарварони муассисаҳо иштирок намуда, оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.
Инчунин, дар асоси Нақша-чорабиниҳои зикршуда бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №45 ва №23-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бо иштироки васеи омӯзгорону хонандагон соатҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: