Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём ва тарбияи ҷавонон

Паём ва тарбияи ҷавонон

27-01-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Паём ва тарбияи ҷавононПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масоили муҳим аз қабили раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани Истиқлолияти комили энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи аҳолӣ ба масъалаи хеле муҳими рӯз – тарбияи ҷавонон диққати махсус доданд.

Ба ҳама маълум аст, ки ҷавонон қишри ояндасоз, ҷӯё ва пурқудрати ҷомеаанд. Азбаски, қисми ками ҷавонон, бахусус, ҷавонони камсаводу бемаърифат пастиву баландиҳои зиндагиро надидаанд, гармию сардиро эҳсос накардаанд ва талхию ширинии ҳаётро начашидаанд, зуд ба доми ҳиллагарони манфиатҷӯи ватанфурӯшу бегонапараст меафтанд. Чунин ҷавонон дар паи ваъдаҳои хушку холии гуруҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, ки барои онҳо зиндагии шоиста ва биҳишти ҷовидониро ваъда медиҳанд, зуд бовар мекунанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки яке аз муҳимтарин барномаҳои гуруҳи ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил мебошад.

Агар ба таърихи миллати тоҷик назар кунем хоҳем дид, ки ҷавонони тоҷик ҳама вақт бо одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯст доштану ба ҷо овардани эҳтироми падару модар фарқ мекарданд. Имрӯз низ ҳамаи ҷавонони тоҷик чунин хислатҳои накӯи инсониро доро мебошанд, вале ҳастанд ҷавонони камхираду бемаърифате, ки ба номи пок ва беолоиши миллати тоҷик иснод меоранд.

Чунин ҷавонон намедонанд, ки шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, хиёнат ба ватану миллат аст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26 июли соли 2015 чунин таъкид карда буд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор, ҳамсояҳо ва аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан-Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Имрӯз бояд ҳамаи ҷавонони тоҷик шукронаи Пешвои миллати арзанда, озодию ободӣ, тинҷию осудагии Ватану миллатро намоянд ва дар иҷрои нақшаҳои нави ба беҳбудибахшии зиндагии мардум нигаронидашуда, саҳми арзанда гузоранд.
©Назархуҷа Раҳимов, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: