Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАРДУМИ ПОКИСТОН ДАСТРАС ГАРДИД

КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАРДУМИ ПОКИСТОН ДАСТРАС ГАРДИД

26-12-2022, 13:41
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАРДУМИ ПОКИСТОН ДАСТРАС ГАРДИД
Кумаки навбатии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, дастрас гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод, кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.
Тибқи дастури Пешвои миллат сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли равон низ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер, дар маҷмӯъ беш аз 3000 тонна ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас гардида буд.
Қобили зикр аст, ки ин тадбир идомаи сиёсати башардӯстонаи хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рӯзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дастгиру кумакрасони давлат ва мардуми дӯсту бародари Покистон будани роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро собит менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: