Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд

Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд

10-11-2021, 08:21
Хабарро хонданд: 91 нафар
Назарҳо: 0
Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд
Ноябрь 9, 2021 08:44
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и истеҳсоли ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории дуҷониба ва мутақобилан судманд анҷом дода шуда, дар маросими қабули ваксина дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Чин дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 5 миллиону 686 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд.

/АМИТ «Ховар»/.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: