Айнаки аз ҳама калонро кӣ сохтаст ?13-12-2022, 12:26
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Айнаки аз ҳама калонро Эрролд Ҷессарани голландӣ соли 2004 сохтааст, ки андозаи линзааш 68 см ва паҳноияш 194 см буд.
Замоне дар Дания барои хурусҳое, ки дар фабрикаи мурғпарварӣ байни ҳам бисёр ҷанг мекарданд, айнак сохта шуда буд, то онҳо ҳамдигарро наздик бубинанду ба ҳамдигар дарнаафтанд. Тибқи омор дар байни кишварҳои истеҳсолкунандаи айнак Италия ҷойи аввал ва Чин ҷои дуюмро ишғол мекунанд. То асри шонздаҳ танҳо айнакҳо барои дидани масофаи дур истифода мешуданд. Баъд аз ин айнакҳо барои дидани масофаи наздик низ пайдо шуданд. Яке аз аввалин расмҳое, ки дар он айнак тасвир шудааст, портрети бо номи Уго Прованс аст. Расм соли 1352 кашида шудааст. То асри 18 айнакҳо бо дастбанди резинӣ истифода мешуданд. Айнакҳои сиёҳ дар аввали асри 20 пайдо шудаанд. Таҳияи Хоҷаева Саида |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.