Бобохон Ҳамдамов9-12-2022, 11:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 120-солагии ходими давлативу ҷамъиятӣ, нахустин Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон Бобо Ҳамдамов ЁДЕ АЗ КОРНОМА… Маҳз аз файзи истиқлоли давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ ҳамаи соҳа ва самтҳои рушди ҷомеа, бавижа, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ – омӯзиш ва такомули таърихи бою пурғановати миллат, дар ин росто, пос нигаҳ доштани хотири азизон – қаҳрамонҳои миллати тоҷик заминаи боэътимоду бемайлони эҳё ва ташаккулу такомул эҳдо гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки: «сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд». Манзури мо ёде аз рӯзгори пурсамар, ҷонфидоёна ва созандаю бунёдкоронаи яке аз родмардони миллат, аввалин раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон Бобохон Ҳамдамов аст. Ҳамрадифи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, ки барои пойдории ҳукумати қонунӣ ҷоннисорӣ намудаанд, метавон номи Бобохон Ҳамдамовро низ ба ёд овард. Дар замони истиқрори давлати шуравӣ Бобохон Ҳамдамов, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, бо Нусратулло Махсум вохӯрда, бо ин марди тавоно риштаи дӯстӣ мебандад ва бо ӯ ҳамразму ҳаммаром мешавад. Номбурда ҷиҳати пароканда намудани шӯриши Палдорак, дастаи Ҷумъа-оқсақоли Яғнобӣ ва Аъзам Қирғиз ба Мастчоҳ ва Ҷиргатол маҳз бо супориши шахсии Шириншоҳ Шоҳтемур ба ин мавзеъ меравад. Бобохон Ҳамдамов бо Шириншоҳ Шоҳтемур низ аҳди дӯстӣ дошта, аз дасти ӯ мукофоти хотиравӣ - соати хоси инъомӣ барои тасдиқи нақшаи шаҳри Сталинобод дар шаҳри Ленинград гирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои корномаҳои Бобохон Ҳамдамов, бар мабнои асари «Родмарди ҷонфидо» (маҷмуи мақолот, мураттиб Давлати Даврон, - Душанбе: Ирфон, 2001. -160 с.) ва нақлҳои ҷолибу ҳушмандонаи духтари калонии ӯ Муҳаббат Ҳамдамова, ки қисмате аз рӯзгори қаҳрамони моро шоҳиди ҳоли зинда аст, бар он пиндор омадем, ки кулли рӯзгори пурбаракати ин марди давронро метавон ба се марҳила: пурсамар (1923-1933), пуризтироб (1933-1940) ва осудаҳолӣ (1940-1972, агарчи ӯ ягон лаҳза осуда назистааст) дастабандӣ кард. Рӯзгори пурсамар Хислатҳои умдаи Бобохон Ҳамдамов: матонат, иродаи қавӣ, нияти нек, поквиҷдонӣ, раъиятнавозӣ, ростқавлӣ, низоми оҳанини корӣ, зиракии сиёсӣ, ҳақбинию ҳақшиносӣ, сарбозию ҷонфидоӣ барои халқу Ватан, салобату фазилат, фурӯтаниву муборизӣ, фарҳанги волои кордонию ташкилӣ боис шуда, ки мавсуф аз разведчики полки 4-уми савораи Армияи Сурх (1923), раиси Ҷамоати шурои деҳоти Палдорак (1923), раиси Ҷамоати деҳоти Ланглиф (1924-1925) ба вазифаҳои раиси Комитети иҷроияи шурои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), ҳамзамон, раиси Суди округии вилояти Ӯротеппаву Панҷакент, раиси Суди Мухтор (1925 - 1929) ва 26 октябри соли 1929 (пас аз табдил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон ба ҶШС Тоҷикистон) ба вазифаҳои ниҳоят пурмасъул ва дар як радиф, пуршараф – Раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон, раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқи Душанбе таъин ва ҳамзамон, узви Президиуми КИМ Тоҷикистон интихоб шуд, ки ҳамаи ин замонро метавон «марҳилаи пурсамар»-и рӯзгори марди ҷасур Бобохон Ҳамдамов унвон дод. Репрессия Ин мафҳум ба тамоми таърихнигорон, алалхусус насли калонсол на танҳо тавзеҳ намехоҳад, балки таҳлукабор аст. То ба ҳоло низ бо шунидан ва ё хондани ин ибора авзои насли калонсол дарҳол тағйир мепазирад, зеро дар ин марҳилаи таърихӣ қариб оилае набуд, ки аз ин «балои замон» осеби ҳалокатбор надида бошад. Аз таърихномаҳо маълум аст, ки бештар зиёин ва ҳукуматдорон аз дасти ин ҷабри таърихӣ нобуд шудаанд ва ё ба номи пуршарафашон «хатти бутлон» кашида шуд. Ин марҳиларо метавон «фарзонаситезӣ» ва ё «шикори фарҳехтагон» номид. Дар чунин «давраи ҳассоси таърихӣ» симои родмарде ба сони Бобохон Ҳамдамов, ки ҳамагӣ дар зарфи 30 сол (аз ҷумла дар 27-солагӣ ба вазифаи Раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон таъин гардида) ба ин мақому мартаба ва шуҳрату шинохт муваффақ шудааст, чаро аз назари «мӯшикофона»-и нотавонбинон, ки ҳаргиз пешрафту музаффариятҳои миллати маҳбуби моро нахоста буданд ва имрӯзу фардо ҳам намехоҳанд, дур монад? Ин буд, ки ду маротиба (1933 ва 1937) ӯро ба маҳбас кашиданд ва дар ҳар ду маврид низ бегуноҳии ӯ исбот шуда, дигарбора ба сафи ҳизби коммунист пайваст. Аҷиб ин, ки ҳамон душманони «дӯстнамо»-е, ки боиси бамаҳбасравии ӯ шудаанд, пас аз қабули қарорҳо аз ҷониби Коллегияи ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон дар бораи бегуноҳии ӯ (1934 ва 1939) боз дасти ӯро фишурда, ҷиҳати сафедшавии ӯ «аз гуноҳҳо» шодбош гуфтаанд… Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, бахши мазкурро «марҳилаи пуризтироб» унвон додем. Сайдалӣ Вализода ва «парвандаи ҷиноӣ»-и ӯ Зимистони 1931. Кӯҳистони Мастчоҳ. Ҳавои ниҳоят сард. Душвории сипардани роҳи дарозу валангор ва пур аз барфу яхи ағба. Ҷавони 29-сола, Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ ва узви Президиуми КИМ Тоҷикистон, КМ ҲК Тоҷикистон Бобохон Ҳамдамовро ба сифати намояндаи худ ҷиҳати мустаҳкам намудани сохти шуравӣ ва барҳам задани шӯриши Эсиз ба Кӯҳистони Мастчоҳ фиристод (Ба сифати намояндаи КИМ Тоҷикистон ин гуна сафарҳо, ки бо мақсади барҳам задани шӯриш ва дастаҳои аксулинқилобӣ (Мастчоҳ, Шаҳринав, Шаҳристон, Ғарм, Ҷиргатол, Қаротегин, Сарой Камар) дар рӯзгори ӯ кам набуданд). Бобохон Ҳамдамов, пас аз мулоқоту вохӯриҳои зиёд бо фаъолони деҳаҳои мухталиф, даъвати меҳмонии ҳамдеҳаи худ – Сафарбек Хушхонови самҷуниро пазируфт. Дар меҳмонии ҳамдеҳааш Азим Карим ва меҳмоне бо номи Абдуллои Кӯлобӣ ҳузур дошт. Дар гирди сандалӣ Абдуллои Кӯлобӣ гоҳ латифа мегуфту зарофати тоза меофарид ва гоҳ шеър мехонду гоҳи дигар суруди халқӣ - гӯрғулӣ месуруд. Сафарбек дар поёни нишаст ба Бобохон Ҳамдамов «меҳмони кӯлобӣ»-ро шиносонд. Соҳибхона гуфт, ки номи аслии меҳмон на Абдуллои Кӯлобӣ, балки Сайдалӣ Вализода буда, ӯ шоир ва ҳофизи халқист, ки бо «гуноҳи душмани халқ» ба Қазоқистон бадарға шуда, аз он ҷо фирор карда, бо азоби зиёд ба диёри мо омадааст. Агар имкон бошад, ба ӯ мадад расонад ва «сухан аз даҳони Луқмон хуш гуфта», ба ҷониби Сайдалӣ Вализода ишора кард, ки худи ӯ чизе гӯяд. Сайдалӣ Вализода сар боло карда, бо ваҷоҳати ғамгин яку якбора аз ин байтҳоро суруд: Фақири камбағал будам, ба меҳнат нон мехӯрдам, Маро карданд имрӯз бой, бузам гашт ба ҷойи той. Худам дар ин ҷо саргардон, аёлам дар Қазоқистон, Дареғ, аз ҳаду фарзандам, ба тафтиш илтимос дорам. Гӯё ки марди суҳбаторои шӯхтабъ, ки чанд лаҳза пеш ҳамаро бо ҳазлу шӯхӣ механдонд, тамоман дигар кас бошаду ин марди дар банди ғаму ҳасрат печида, каси дигар. Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ каме ба фикр фурӯ рафт ва баъд ба Сафарбек нигариста, иброз дошт, ки ҳангоми бозгашт меҳмонро омодаи роҳ намояд, Бобохон Ҳамдамов ба «парвандаи ҷиноӣ»-и Сайдалӣ Вализода ошно мешавад ва дармеёбад, ки шоир маҳз бар асари буҳтони чанде аз муғризону мансабдорони давр, ки аз зарофат ва ҳозирҷавобиҳои нотакрори шоир борҳо «дар гулуяшон устухон дармонда буд», «лаззати бадарға»-ро чашида ва унвонии «ифтихорӣ»-и «душмани халқ»-ро гирифтааст. Ҳамин минвол, маҳз бо дахолат ва назари неки Бобохон Ҳамдамов бегуноҳии Сайдалӣ Вализода исбот мешавад. Шаҳрдор Ленингради бародаршаҳру сарпарасти Сталинобод Бобохон Ҳамдамов дуюмин шаҳрдори пойтахт буда, ки дар сохтмони он саҳми шоиста дорад. Сталинободи солҳои 1924-1930, ҳамчун пойтахти тозабунёди тоҷикон, ҳамагӣ аз як кӯча – «Москва» ва 42 хонаи похсагину чандсад нафар аҳолӣ иборат буд, ки кулли мақомот ва муассисаҳои давлатӣ дар ҳамон як кӯча ҷойгир буданд. Дар он вақт, дарвоқеъ, пойтахт на ба шаҳр, балки ба як деҳаи начандон калон шабоҳат дошт. Аз ин ҷо, аз зумраи ҳадафҳои созандаи Б. Ҳамдамов ба сифати мири шаҳр бунёди иншооти фароху баландошёнаи тарҳи замонавидошта ва ба вуҷуд овардани хатҳои устувору дарозмуддати корезӣ ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳайати корӣ таъсис дод ва таҳти роҳбарии бевоситаи худ ин ҳайат озими шаҳри Ленинград (айни замон Санкт - Петербург) гардид. Чаро маҳз Ленинград, зеро он замон дар ин шаҳр институтҳои махсуси лоиҳакашию меъморие фаъолият доштанд, ки меъморону лоиҳакашони маъруфи собиқ ИҶШС-ро фаро гирифта буданд ва воқеан, дар бобати шаҳрсозӣ мутахассисони мазкур ба дард мехӯрданд. Б. Ҳамдамов хислати аҷиби дигар ҳам дошт. Агар дар назди худ ҳадафе мегузошт, ҳатман аз сари он даст намебардошт, то он замоне, ки шарафёб нагардад. Ҳамин хислаташ боис гардид, ки пас аз сафари кории ӯ 20 нафар меъморону муҳандисон аз шаҳри Ленинград озими шаҳри Сталинобод гардиданд ва пойдевори шаҳри тозабунёд бо тарҳҳои муқаддами шуравӣ гузошта шуд. Талошҳо ва мулоқоту гуфтушунидҳои мири вақти Сталинобод Б.Ҳамдамов бар он овард, ки Ленинград сарпараст ва бародаршаҳри Сталинобод дониста шуда, на танҳо барои равобити иқтисодӣ, балки ҷиҳати иртиботи судманду тарафайни самтҳои иҷтимоию фарҳангии оянда низ заминаи боэътимод гузошт. Аввалин Анҷумани колхозчиёни пешқадами ноҳияи Сталинобод (12.03.1933) низ таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ доир гашта, номи Б. Ҳамдамов ҳамчун шаҳриёри вақт ба бунёди роҳи оҳани Сталинобод-Қӯрғонтеппа сахт пайванд аст, ки масъалаи мазкур ҳавсалаи таҳқиқ ва шаҳри Ленинград гуфтори дигарро мехоҳад. Б. Ҳамдамов ва рушди ҷануби кишвар Ҳукумати шуравӣ солҳои 30-юми асри гузашта як қатор барномаҳои давлатиро ҷиҳати бунёди колхозу совхозҳои нав, воридкунии техникаи хоҷагии қишлоқ роҳандозӣ ва маблағгузорӣ намуда, ҷиҳати амалишавии барномаҳои мазкур намояндагони худро ба ин ё он манотиқи ҷумҳурӣ вобаста менамуд. Б. Ҳамдамов ба сифати намояндаи КИМ Ҳукумати Тоҷикистон ба мавзеъҳои Оқсу, Ғиҷовак ва Пушинги ноҳияи Данғара вобаста шуда, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин макон нақши калидӣ дошт. Дар таъсиси колхозҳо дар Кангурт, Шулупту, Оби Ширин, Пушинг, Корез, Оқсу, Ғиҷовак, Балҷувон ва Саройкамар бевосита ширкат варзида, соли 1930 бо саъй ва роҳбарии бевоситаи ӯ аз Кангурт 160 хонавода ба ноҳияи Восеъ муҳоҷир гардиданд. Хизматҳои Б. Ҳамдамов ба сифати намояндаи марказ дар таъсиси ноҳияи Арал (ҳоло ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ) ва маскун намудани муҳоҷирин ниҳоят калон аст. Моҳи марти соли 1930 тавассути роҳи Саройкамар аввалин техникаи хоҷагии қишлоқ (4 трактор бо сӯзишворӣ) ба ноҳияи Данғара ва мавзеи Қизилмазор тавассути ҳамин марди шариф ворид шуд. Ӯ бо иддае аз онон то дами марг бо як қатор хонаводаи ин мавзеъ (котиби ташкилоти бюрои партиявӣ Азимов, раиси комитети иҷроияи ноҳия Раҳмоналӣ Қурбонов, котиби комитети иҷроияи ноҳия Мустақимов, фаъоли кангуртӣ Исмат Халифаев, Абдусалом ва усто Миралӣ Саъдулло аз Данғара-2) рафтуомад дошт. Б. Ҳамдамов, чӣ тавре ки дар китоби хотироташ навиштааст, дар бунёди хоҷагиҳои Ғозималик саҳм гузошта, маҳз таҳти роҳбарии ӯ дар деҳаи Гулбулоқи ноҳияи Данғара совхози «Намуна» таъсис дода шуда, кишти аввалини ғалла соли 1930 бо дастҳои ӯ дар ҳамин хоҷагии навтаъсис гузаронда мешавад. Роҳбарии совхози «Намуна» аввалҳо ба дӯши Макеев буда, баъдан Абдураззоқ Нормуҳаммедов аз Душанбе муовини раиси совхоз таъин шуд. Яъне, Б. Ҳамдамов асосгузори совхози «Намуна» дар ноҳияи Данғара буда, ҷиҳати беосеб расидани маводи ҷудокардаи Ҳукумати шуравӣ ба ин макон ҷонбозиҳо намудааст. Чунончи, барои Кангурт аз Саройкамар моли зиёд ва борҳои саноатӣ ҷудо шуда, барои ба Кангурт расондани амволи мазкур бо сардории Халифаев Исмат 5 нафар отряди яроқдор таъсис дода мешавад. Инчунин, аз ҳамаи деҳоти Кангурт барои овардани маҳсулоти ҷудошуда аз Саройкамар 70 сар аспи корӣ ва 35 нафар мардони деҳқони тануманд ҷамъ оварда мешаванд. Ин гурӯх ба Саройкамар мерасанд ва рӯзи дигар ҳамаи амволро ба аспҳо бор карда, ба сӯйи Кангурт равон мешаванд. 25-30 км дуртар аз Саройкамар ба ҳуҷуми дастаи босмачиён дучор мешаванд ва 5 нафари мусаллаҳ бо роҳбарии Халифаев Исмат ба сӯйи босмачиҳо оташ кушода, нафари ҷавоне (комсомол) ба сӯйи Кангурт барои хабар кардани ҳодисаи мазкур асп метозад. Бобохон Ҳамдамов дар китоби хотироташ идомаи ҳодисаи мазкурро чунин менигорад: «Вақто ки ҷавонмарди комсомол хабари корвонро ба ман расонид, Тоҳиров Шаҳобиддин дар назди ман ҳузур дошт. Ҷавони хабаррасонандаро пинҳон нигоҳ доштем. То ки ақрабои отряди мусаллаҳ ва 35 нафар корвониёни деҳқон хавотир нашаванд. Ба Душанбе, Кӯлоб ва Саройкамар телеграмма фиристодем. Шаҳобиддин як ёрдамчии худро ба Балҷувон барои овардани ихтиёрӣ фиристод. Яроқ ва хизматчиёни районро дар бинои исполком ҷамъ кардем. Отряди Балҷувон соати 7-и бегоҳ ҳозир шуд. Хулоса, соати нуҳи шаб отряд, милитсиянерҳо ва хизматчиҳо, дар маҷмуъ, 40 нафар аз Кангурт ба тарафи Тарозубел равона шудем, рӯз нашуда, ҷойи истодаи корвонро аз тарафи ғарб ва ҷануб иҳота кардем. Вақте ки Утанбек (босмачӣ) корвонро ба чегараи Афғонистон барои Иброҳимбек равона карданӣ шуд, ҳуҷуми отряди мо ба сӯйи Утанбек сар шуд. Аз босмачиён се нафар кушта, даҳ нафар дастгир шуд. Ғайр аз аспҳо ва маолҳои худ, аз босмачиён 12 сар асп ғанимат гирифта, ба Кангурт баргаштем». Ин ҷо ба ҷуз аз як сарсупурдагии ҷавони деҳотӣ ба халқу Ватан - ҷони худро ба каф гирифта, бори ҳукумати шуроро ба манзил расондан, дигар чизе нест. Б. Ҳамдамов дар ин ҳолат метавонист, ки ҳамчун намояндаи КИМ Ҳукумати Тоҷикистон отрядро бо роҳбарии Тоҳиров Шаҳобиддин барои наҷоти корвон фиристонад ва ҷони худро амон нигоҳ дорад. Аммо сарбозӣ ва сарсупурдагӣ барои ободию озодии кишвар мароми ҳамешагии ӯ буд ва ин маром то ба дами марг нагузошт, ки ӯ дур аз мушкили ҷомеа умр ба сар барад. Дӯстӣ бо аҳли илм ва адаб Академик Аҳрор Мухторов қаҳрамони мо – Бобохон Ҳамдамовро дар навиштаҳои худ ба сифати «марди ниҳоят бообрӯй ва ҳамадони Мастчоҳ» ёд карда, профессор Рақиб Абдулҳаев яке аз омилҳои асосии шарафёб шудан ба дараҷаҳои баланди илмии худро дар дастгириҳои пайвастаи Б.Ҳамдамов медонад. Маҳз Б. Ҳамдамов боис гардид, ки Аҳрор Мухторов ба бозёфти муҳими илмию таърихӣ– сангнабиштаи Бобур Мирзо шарафёб шавад. Шиносоии Б. Ҳамдамов бо нависандаи маъруф Ҷалол Икромӣ аз июли соли 1937 оғоз ёфта, то ба охири умр идома кард ва ин нависандаи хушбаён, ҳатто, як қатор нигоштаҳои Б. Ҳамдамовро ба риштаи таҳрир кашидааст. Духтари нависанда Дилафрӯз Икромӣ низ аз риштаи дӯстии ин ду нафар борҳо ёд карда, хислатҳои ҳамида, бавижа ҷавонмардии Б.Ҳамдамовро таъкид намудааст. Ҷалол Икромӣ аз бобати риштаи дӯстиаш бо Б.Ҳамдамов борҳо дар асарҳояш (аз ҷумла дар асари «Он чӣ аз сар гузашт») ёд карда, сифатҳои хоксорӣ, камсуханӣ, зиракӣ, садоқат ба халқу Ватан ва ботамкинии қаҳрамони моро ба қалам додааст. Б. Ҳамдамов бо Ҷалол Икромӣ солҳои 1937-39 дар як ҳуҷраи маҳбаси Комиссариати халқии корҳои дохилии шаҳри Сталинобод ҳамсарнавишт мешаванд ва Ҷалол Икромӣ сареҳан иброз доштааст, ки ҳар гоҳ бар асари ҷавонӣ ба эҳсосот дода мешудааст, ҳамеша аз ҷониби Б. Ҳамдамов насиҳат мешунидем, ки «як рӯз не, як рӯз бегуноҳии мову шумо исбот мешавад. Адолат тантана мекунад. Буҳтонҳои зиёди ба сари мо борида, соҳиби худро меёбанд. Ман ба адолат, мӯшикофӣ ва инсонпарварии давлати шуравӣ боварии қавӣ дорам». Дар ҳақиқат, бегуноҳии Б. Ҳамдамов исбот шуда, бидуни доғи судӣ ӯро соли 1939 аз маҳбас озод мекунанд. Дилмондагӣ ва ҳасрат Пас аз ин, Б. Ҳамдамов дар шаҳри Ӯротеппа табобат гирифта, соли 1941 ба зодгоҳ (Кӯҳистони Мастчоҳ) бармегардад ва зиндагии осудаҳолона оғоз мекунад. Соли 1940 КИМ ҲК Тоҷикистон бегуноҳии Б. Ҳамдамовро исбот намуда, бо собиқаи аввала ӯро ба сафи ҳизб барқарор карда, пешниҳод менамояд, ки ба ҳар вазифаи хостааш ба кор барқарор менамоянд. Аммо ӯ пешниҳоди онҳоро напазируфта, ҷиҳати чунин иқдом барояшон арзи сипос намуда, зиндагӣ дар байни аҳли диёрро авло мешуморад. Азоби зиёди бар сари Б. Ҳамдамов овардаи рӯзгор, бахусус, буҳтонҳо ва бар ивази хизматҳои содиқонаю шоиста ва сарсупурдагӣ ба халқ ва давлат, ду маротиба ба маҳбас кашида шудани ӯ аз як тараф, ба таври фоҷиабор аз байн бурдани падарашон (Мирзоҳамдами Одина) дар соли 1920, ба қатл расидани бародари 30-солаашон (Мирзохон) бар асари туҳмат ва ба шаҳодат расидани бародари дигари ҷавонмаргашон бо номи Тоҷиддин дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (соли 1945 дар шаҳри Кенесберг), аз тарафи дигар, болои ҳамаи ин, беморӣ, ҳаҷру фироқи ёру диёр «хонаи дил»-и ӯро пур аз ҳасрату ормон карда буд. Саҳм дар ободии диёр Бо ҷаҳду талошҳои Б. Ҳамдамов ва дастгирии хоҷагии оби шаҳри Ӯротеппа дар зарфи ду сол (1934-1936) аз чашмахонаи деҳаи Ярм ба самти минтақаи «Яланг»-и колхози «Комуна» канал кофта шуда, зиёда аз 25 гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ шуданд. Обёрии ин миқдор замин барои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи солҳои 40-уми асри гузашта ҳодисаи фавқулода бузург буд. Б. Ҳамдамов дар ин навбат низ эътимоди раёсати колхоз, мардуми деҳотро нисбат ба рисолати шарифи худаш дифоъ намуд. Қобилияти беназири ташкилӣ, обрӯйи Б.Ҳамдамов боис шуд, ки ӯ солҳои 1940-1941 ҳамчун муовини раиси ҷамъияти хӯроквории шаҳри Ӯротеппа ифои вазифа намуда, солҳои 1941-1954 вазифаҳои раиси ҷамъияти матлубот, мудири шуъбаи маҳсулоттайёркунӣ ва хоҷагии қишлоқ, раиси колхози «Комунна» ва «Андреев»-и ноҳияи Мастчоҳро ба зимма дошт. Муҳоҷират Соли 1954. Эълони муҳоҷират аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷ. Расулов). Эътирози мардум бар ин иқдом. Яку якбора аз боғу бӯстон ба дашту биёбон. Канори рӯди Зарафшонро тарк намудаву дар биёбонҳои Пролетар ба суроғи як сатил об уфтодан. Ҷудоӣ аз боду ҳавои хушу гуворои зодгоҳ ва бағали оташи тафсони ҳавои тобистон. Аз боғдорӣ ва картошкапарварӣ ба пахтакорӣ, ки он замон марди деҳқони мастчоҳӣ дар масъалаи парвариши пахта тасаввурот ҳам надошт. Ба кӣ писанд буд? Ҳама дар биму таҳлука. Б. Ҳамдамовро мастчоҳиён, бахусус, аҳли деҳоти Ярм, Самҷун ва Худгифи Эшонҳо ба хубӣ мешинохтанд ва ба ӯ бовар доштанд. Масъулони ҳукумати шуравӣ ба назди ӯ омаданд ва кумак хостанд. Ӯ нахустин шуда, бору банд баст, муҳоҷир шуд ва бо ташвиқоташ ҳамроҳи ӯ 20-25 оила ба колхози Молотови ноҳияи Пролетар омаданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар колхози Молотов аз ҳисоби маблағҳои давлат барои муҳоҷирон дар тули чанд моҳ хонаи истиқоматӣ пӯшида шуд. Тавре ки М.Ҳамдамова - духтари колонии Б.Ҳамдамов нақл мекунад, «Ман хурд будам. Тахминан, 7-8 сол доштам, ки муҳоҷир шудем. Падарам ҳар рӯз ба хонаи оилаҳои муҳоҷир, ки маҳз бо ташвиқоти он кас ҳамроҳи мо ба райони Пролетар омада буданд, як ба як мегаштанд. Аз аҳволи онҳо пурсон мешуданд. Мегуфтанд, ки «мабодо бомат начакид», «оё говат шир дорад», «чӣ камбудӣ доред?» ва амсоли инҳо. Хонаводаҳое, ки муҳоҷир шуданд, бо ёрии ҳукумати шуро ва сарварии падарам зуд мушкилоти рӯзгорро басар карданд. Ҳамсоягони мо, асосан, ӯзбекзабонҳо буданд. Мо – муҳоҷиркӯдакон, забони ӯзбекиро низ дар андак муддат хуб аз худ кардем, ки дар оянда барои густариши равобити дӯстӣ бо мардуми ӯзбектабор ба ман бисёр ёрӣ дод». Аз як тараф, дилсӯзии ҷавонмард ба ҳамдеҳагон, аз тарафи дигар, хиҷолати он, ки «маҳз бо тарғиби шахсии ӯ пайвандон, хешу ақрабо ва ҳамдеҳагонаш ба ноҳияи Пролетар омадаанд», масъулияти Б. Ҳамдамовро ҷиҳати рӯзгори нисбатан шоистаи муҳоҷирон дучанд менамуд. Аз ин рӯ, ба назди шахсони масъул ва мансабдорони давр рафта, иддао кардааст, ки «ин мардуми муҳоҷир на шумо, балки хотири маро дида, ба ин ҷо омадааст. Аз ин рӯ, нақшаи ҳукумати шуравиро сари вақт ва ба таври бояду шояд иҷро намуд. Вагарна ба мақомоти марказӣ даъво хоҳам кард». Ҳамин тавр, Б. Ҳамдамов гоҳ бо роҳи хоҳишу илтимос ва гоҳ бо роҳи иддао ҳамеша аз паси рӯзгори ободтари муҳоҷирон будааст. Аҳли колхози Молотов Б. Ҳамдамовро раиси хоҷагӣ интихоб намуданд ва раис чун ҳамеша камари ҳиммат баста, кори хоҷагидориро дар муддати кӯтоҳ ниҳоят вусъат дод. Пешрафти хоҷагии Молотовро дида, ду хоҷагии ақибмондаи ноҳияи Пролетар (колхози «Ленинград» ва номи хоҷагии дуюм дар китоби хотирот зикр нашудааст) бо хоҳиши бошандагони онҳо ва ризояти ҲК ноҳия ва вилоят ба ин хоҷагӣ муттаҳид карда шуданд. Минбаъд таҳти роҳбарии Б. Ҳамдамов хоҷагии Молотов ба яке аз колхозҳои пешқадами вилоят табдил ёфта, баъдан ин колхоз «Янги турмуш», «Ҳаёти нав», «Съезди 22 партия» ном дошта, пас аз вафоти раис номи ӯро гирифт. Агарчи имрӯзҳо мафҳуми колхоз ва ё ассотсиатсияҳо аз байн рафта бошад ҳам, дар ҳофизаи мардум сабт шуда, бо ҳамон ном мавзеи ҷуғрофии мазкурро ёд мекунанд. Арҷгузорӣ Барои хизматҳои шоиста бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони фахрӣ, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён», Грамотаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, соати хоси инъомӣ ба шарафи 10-солагии ғалаба дар Инқилоби Бухоро, соати хоси инъомӣ барои тасдиқи нақшаи шаҳри Сталинобод дар шаҳри Ленинград ва нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ мушарраф шудааст. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе (№72, аз 01.02.1995) шаҳраки Зарафшон-2 ба номи Б. Ҳамдамов номгузорӣ шуда, бо қарори раиси вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) аз 03.09.1995 дар маркази колхози Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) нимпайкараи биринҷии ӯ қомат афрохт. Бо ташаббусу кӯшишҳои фарзандаш, номзади илмҳои тиб, собиқ дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳаббат Ҳамдамова, домоди мавсуф, табиби ҳозиқ, доктори иомҳои тиб, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон марҳум Шералӣ Раҷабалиев ва дастгириҳои раиси вилояти Суғд имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Хона - осорхонаи Бобохон Ҳамдамов фаъолият менамояд... Риштаи ҳаёти аввалин Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ, дуюмин раиси шаҳри Душанбе, яке аз разведчик-роҳбалади зирак ва ҷасури Армияи Сурх Бобохон Ҳамдамов 2 декабри соли 1972 канда шуд. Зиндагиномаи ӯ дар китоби «Очеркҳои барқарор кардани Ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон» ва «Энсиклопедияи советии тоҷик» сабт шудаанд. Шарифҷон Шарипов, номзади илми филология, дотсент. Фаридун Миракзода, номзади илми таърих |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.