Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

9-12-2022, 13:41
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
 БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!
Бароям мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар нахустин Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки 17-уми марти соли 1994 баргузор гардида буд, иштирок доштам. Дар он Анҷуман Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи ноороми сиёсии кишвар нигоҳ накарда, кор бо ҷавононро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Шуруъ аз ҳамон давра, таҳти сиёсати хирадмандона, дурандешона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат баҳри илмомӯзии мо ҷавонон марҳила ба марҳила шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, сохтани беш аз 3 020 иншооти соҳаи маориф, ба 41 адад расонидани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлолият, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва давра ба давра зиёд намудани тамоми намуди стипендияҳо тасдиқи гуфтаҳои болост. Чунин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, алалхусус, дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат мо ҷавононро водор месозад, ки илму дониши худро пайваста такмил бахшида, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Пӯшида нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гаштанашон дақиқназаронаю андешамандона қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш оварда, миллати парокандаи тоҷикро сарҷамъ ва давлати навини тоҷиконро аз вартаи нестӣ раҳо намуданд. Имрӯзҳо тамоми дунё эътироф менамоянд, ки тоҷикон тавассути хираду арзишҳои маънавии қарнҳо боз гирдовардаи хеш ва бо ҳидояту роҳнамоии Сарвари беназири сиёсӣ сари вақт ба худ омадаву кишвари аҷдодии хешро соҳибӣ намуданд.
Маҳз талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат ҷиҳати муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускор ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати башардӯст эътироф ва эҳтиром менамоянд ва ҳама мардуми тоҷик бар ин далерию шуҷоат ва ҳимату шарафи мардонагии Пешвои миллат санои ҳамешагӣ мехонанд.
Боиси зикр аст, ки имрӯз 35 дарсади аъзои ҲХДТ-ро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин қувваи бузург маҳсуб ёфта, пеш аз ҳама, аз мавқеи сиёсии онҳо дарак медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз шумораи 12 086 нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб 4 000 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо аъзои сарфарози ҲХДТ дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҳизб ва сиёсати Пешвои муаззами миллатро бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ намуда, муҳтавои онҳоро тавассути хонишҳои сиёсӣ ва баргузории аксияҳо ба самъи сокинони дурдасти деҳаҳои минтақа мерасонем. Ҳамчунин, мо аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” зери партави шиори ҳизб “Барои рушди устувор ва зиндагии шоиста” ҷиҳати иштироки оммаи васеи ҷомеа дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ мусоидат намуда, ширкати сокинонро дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, махсусан шанбегиву ҳашарҳо таъмин менамоем.
Мо - ҷавонон, аз он ифтихор менамоем, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи ҷавонон эътимод доранд. Ин боварӣ ва умеди Сарвари давлат барои мо насли ҷавон сараввал, мояи ифтихор ва баъдан масъулияти бузурги таърихист.
Аз ин хотир, мо ҷавонони кишварро зарур аст, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ тамоми неруи худро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ, таҳкими амнияту оромии мамлакат, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳони муосир сафарбар менамоем. Ҳамзамон, бо пайравӣ аз мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо нагузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳи тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд ва истиқлолу ваҳдати моро халалдор созад. Мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб аз рӯзҳои аввали ба қудрати сиёсӣ расидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба далерӣ ва шуҷоати Роҳбари давлат бовар намуда, то ба имрӯз аз сиёсати хирадмандонаашон ҳамчун ҷавшан ҳифзу пуштибонӣ мекунанд.
Сокинони ғаюри ин минтақа, ки аз шумули аввалин барқароркунандагони сохти конститутсионии ҷумҳурӣ буданд, вобаста аз ҳаводиси охирини дар сарҳад баамаломада ва вазъи зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳони муосир тавассути оммавигардонии варзиш ва иштирок дар машқу тамринҳои ҳарбӣ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ҳамеша ҳамаҷониба омодаанд.
Мо - ҷавонон ҳамчун пайравони содиқи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд, дорои фарҳанги ғанӣ ва ташаббускору башардӯст муаррифӣ намуда, Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо баҳои ҷон ҳифз ва ба қимати умри азиз ободу пешрафта мегардонем.
Исфандиёр Бадалов,
докторанти PhD-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: