Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ –АМНИЯТИ МИЛЛИСТ

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ –АМНИЯТИ МИЛЛИСТ

8-02-2021, 16:14
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ –АМНИЯТИ МИЛЛИСТ
Имрӯз иттилоот ба ҳайси яке аз аслиҳаҳои пуриқтидор дар ҷаҳон эътироф шудааст ва кишварҳои абарқудрат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз он зиёд истифода кунанд. Мусоҳибаи мо дар мавриди мушкилоти амнияти иттилоотӣ бо Хуршед Андам рӯзноманигор ва мутахассиси соҳа, пешкаши хонандагон мегардад.
Суоли нахустини мо ин аст, ки чи гунна ҳузури худро дар фазои иттилооти ҷаҳон таъмин намоем то аз таҳдиди ин хатар эмин бошем?
- Суоли ба маврид аст. Воқеан имруз иттилоот ба ҳайси аслихаи пуриқтидор дар ҷаҳон эътироф шудааст, ки кишварҳои абарқудрат ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз он истифода мекунанд. Аммо сиёсати Тоҷикистон дар қиболи чунин мавқегирии шафоф ва ҳамзамон посухгуи талабот аст. Мо инро дар мисоли ҳаводиси минтақай ба мушоҳида гирифтаем. Ёд дорем ҳодисахои марзй бо Қирғизистонро, ки расонаҳои хориҷй мустақиман ва аз тариқи сомонаҳои худ Тоҷикистонро наҳ мезаданд, ки ҷанги иттилоотиро бой додааст. Ё хомӯширо ихтиёр мекунад. Чун хуб биандешем, Тоҷикистон дар чорчуби қавонин ва стандартҳои байналмилалӣ амал карда ва сабру тахаммулро омили ҳалли масоил донистааст. Зеро мегуянд: «сиёсат барои як рӯз ва дипломатия барои сад сол аст». Агар ба воқеият назар кунем ҳамин аст. Зеро Тоҷикистон ҳеҷ гох накушидааст равобиташро бо дигар кишварҳо¸ ба хусус кишвархои ҳамсоя ноором созад. Ва ё ба таърих назар андозем, мебинем, Тоҷикистон бар сари ҳеҷ кишваре силоҳ накашидааст. Чун Тоҷикистон фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумул дорад.
Аммо набояд фаромуш кард, ки маҳз раванди глобализатсия ё ҷаҳоншумулӣ ва рушди босурати интернет ба кишвархои абарқудрат ба хотири пиёда кардани аҳдофи нопоки худ кумак мекунад. Чун Интернет фазои васеъ аст ва дар ин майдон ҳама чиз меғунҷад. Ин аст, ки кишварҳои абарқудрат аз ин майдон бештар ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ истифода мекунанд.
Албатта ин хатар аст ва бояд ҳузури худро дар фазои иттилооти ҷаҳон бештар бо кадрњои варзида ё мутахассисони њирфаии соҳа таъмин намоем. Дар он сурат мо метавонем аз таҳдиди ин хатар эмин бошем. Албатта мутахассисони технологияи иттилоотӣ хеле муњиманд, яъне нафароне, ки амнияти иттилооотиро хуб дарк кунанд ва бидонанд, аз равандҳои ин соҳа огоҳ бошанд.
Хуб Шумо бигӯед, ки љомеаи журналистии мо барои бартараф намудани ин таҳдидҳо омода аст? Оё имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад ва аз назари шумо барои устувор намудани мавқеи он мо бояд кадом корҳоро анҷом диҳем?
Ростӣ дар ин мавзӯъ назари худро дорам. Журналистикаи тоҷик садсола боз арзи ҳастӣ дорад ва Худоро шукр, ки саромадони он ганҷинаи гаронбаҳое барои мо ва ояндагон ба мерос гузоштаанд. Дар ин росто ман аз устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ ёдовар мешавам, ки чӣ ҷоннисориҳое барои миллати хеш кардаанд. Бо нуги қалам мушкилоти даврро ислох карданд ва кушиданд то Тоҷикистон аз будаш рушд кунад ва ҷузъе аз чаҳони мутаммадин бошад. Талошҳои ин марди порсо ва саромади адабиёти навин самар дод ва имруз мо шоҳиди рушди чашмгир ҳастем.
Аммо он чӣ бузургон кардаанд, имруз моро зарур аст онро давом диҳем ва боз беҳтару бештар соҳаро рушд диҳем. Барои ин ба суоли он ки «Журналистикаи тоҷик имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?» посухи амиқ мехоҳад.
Зеро журналистикаи тоҷик пас аз пошхурии Шуравии пеши то андозае ба сари худ монд. Он замон мо дар даҳҳо созмону ташкилоти адабӣ ва муассисаҳои расонаӣ шомил будем, намояндагиҳои зиёде дар рузномаҳои марказӣ доштем, ки аз мавқеи Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Барои мисол мухбирони махсус дар нашрияҳои Правда, Комсолская правда ва амсоли ин фаъолият мекарданд. Тоҷикистонро дар сатҳи марказ муаррифӣ мекарданд. Ҳарчанд дар он замон ҳам мушкилот зиёд буд ва Тоҷикистон дар миёни 15 кишвари Иттиҳод начандон мавќеи устувор дошт. Аммо бо ин ҳам дар сатҳи расонаҳо мавқеи Тоҷикистон намоён буд. Манзурам журналистон фаъол буданд. Холо ин мавқеъро ҳукумати Тоҷикистон ба даст гирифтааст. Мехоҳад журналистон фаъол бошанд, аммо заифӣ ба назар мерасад. Чун журналистон камтар, аммо мардум бештар дар бораи мушкилот ва ислоҳи ҷомеа сухан мекунанд. Даҳҳо нашрия дорем аммо се ё чор газета ва ҳафтаворе аст, ки то андозае дар пешбурди сиёсати давлату ҳукумат ва кумак ба он саҳмгузоранд. Бақия интизоранд ва ё назоратчӣ шудаанд. Ҳол он ки бетарафӣ хуб нест. Ин масъулият аст ва бояд масъулиятро ҳама иҷро кунад.
Давлату ҳукумат ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон тамомии шароитро барои рузноманигорон фароњам овардааст. Паёме, ки чанд рузи ахир аз забони Президент садо дод, бозгуи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ғамхору дилсузи миллат аст. Мо дигар дилсузе, ғамхоре ва меҳрубоне мисли ин фард намеёбем. Танҳо зарур аст, софдилона ва самимоона кор кунем. Барои рушду нумуъ ва шукуфоии кишвар дасту дили пок дошта бошем.
Банда ба ин фикрам, ки мавқеи устувори журналистика дар дасти намояндагони он аст. Агар журналистон софдилона ба кору амали худ муносибат кунанд, таҳаввулоти ҷомеаро дарк кунанд, хештаншинос бошанд, аз ноадолатиҳо бипарҳезанд, бо зуҳуроти номатлуб, назири терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноёти фаромиллӣ мубориза баранд, ҷони хешу ҷони миллатро ҳифз кунанд ва аз ҳама муҳим гуфтахои Пешвои Миллатро сармашқи кори худ кунанд, умедворам Тоҷикистони мо гул хоҳад кард.
Мутаассифона гоҳе дида мешавад, журналистон худро дар канор мегиранд, ҳамдигаррор ба истилоҳ ба «худиву бегона» ҷудо мекунанд, мешунавем фалонӣ давлативу фалонӣ ғайри давлатӣ аст ва амсоли ин ки хеле бад аст. Дар ҳоле, ки ҳама зери сояи як хукумат қарор дорем ва як ватан дорем ва он ҳам Тоҷикистон аст, бояд ба ҳамдигар аз наҳ занӣ канор биравем.

Шояд ин камбудиҳо аз он сарчашма гиранд, ки мо ҳанўз дар курсии донишҷўӣ дарси таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо ба донишҷуён кам меомӯзем? Вобаста ба ин бигўед, ки вазъи омода намудани рузноманигорони касбӣ дар донишгоҳҳо дар кадом поя аст? Мушкилоти тарбияи насли нави журналистони ҷавонро, ки дар оянда метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият намоянд чи гуна бояд ҳал кунем?
- Руйи рост мегуям вазъи омода кардани рузноманигорони касбӣ дар донишгоҳҳо хеле паст аст. Худатон як қазоват кунед: дар муддати 30 соли истиқлол чанд журналисте омода кардем, ки посухгуи сатҳи байналмилалӣ бошад? Алабатта садҳо журналист донишгоҳҳоро хатм карданд, вале чанд дар сади онҳо ҳамчун журналист фаъолият мекунанд? Таҳлилҳо нишон медиҳад ки соле то чор панҷ ё то даҳ нафар бо ихтисоси худ ҳамчун журналист фаъолият мекунад. Шояд мушкили маош ва дигар мушкилотро баҳона биоранд, аммо ман мегуям, ки бесаводии шогирдон омили журналист нашудани онҳост.
Хамин аввали соли хониши 2020 - 2021 пас аз пофишориҳои зиёд (он ҳам пас аз даргузашти яке аз устодон) раҳбарияти факултаи журналистика маро барои тадрис даъват карданд. Ман ҳам қабул кардам ва билофосила ба тадриси шогирдон шуруъ кардам. Ба ростӣ шогирдон ташнаи дониши амалӣ хастанд. Ва ё мехоҳанд аз таҷрибаи журналистоне, ки дар расонаҳо фаъолият мекунанд, зиёд бидонанд ва биомузанд. Чун ба гуфтаи баъзе аз онҳо устодоне, ки ба онҳо дарс медиҳанд, аз доираи китобҳои тарҷума кардаашон берун намебароянд. Яъне танҳо назарияро қабул доранд. На дар њамаи факултањо студия ҳаст, агар бошад њам техникаву технологияњои муосири иттилоотї вуљуд надоранд. Дар аудиторияҳо ягон асбоби аёнӣ, барои мисол номгуи жанрҳо ва ё мисли ин вуљуд надорад. Пас донишҷу магар аз дарси назарӣ чизе мегирад. Дар ҳоле, ки аксарияти донишҷуён ба курси 4 расидаанд, аммо як хабар ё мақола ва дигар анвои публитсиситӣ нанавиштаанд.
Замоне, ки мо донишҷу шудем, қабл аз дохил шудан аз суҳбати равоншод устод Воҳид Мирашурович Асрорӣ, пири факулта гузаштем. Вай аз ҳар як довталаб маводи чопӣ дар рузномаву маҷалларо пурсон мешуд. Аммо ҳоло чӣ?. Аслан ин гунна қоида вуҷуд надорад.
Донишҷуён аслан ҷасорати журналистӣ надоранд. Баҳси журналистӣ намекунанд. Чаро чунин аст. Ростӣ мушоҳидаи ман инро собит кард, ки худи аксари устодон ҷасорати журналистӣ надоранд. Равандҳои ҷомеро таҳлил намекунанд. Аслан аз гуфтани сухани ҳақ ва агар шумо дар бораи мавзуе, ки бевосита ба фаъолияти илмии онҳо рабт дорад ҳарф занед аслан шунидан намехоҳанд. Пас дар ин сурат магар мо метавонем, журналисти касбӣ ва мувофиқ ба сатҳи байналмилалӣ омода кунем. Ман фикр мекунам, ки не?
Фикр мекунам, ба мақсади беҳбуди кор ва омода кардани журналистони касбӣ ва мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ лозим аст то Донишкадаи Журналистӣ таъсис дода шавад. Манзур соҳаи журналистика аз таркиби донишгоҳњо ҷудо гардад ва дар алоҳидагӣ фаъолият кунад. Дар ин ниҳод на танҳо журналистони маъмулӣ, балки соҳавӣ ва байналмилалӣ омода гарданд. Дар он сурат мо ба ниятҳои некамон хоҳем расид.
Пешниҳоди хеле аҷиб. Мегузарем ба суоли дигар, ба назари Шумо нисбати матолиби муғризонае, ки дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зидди давлат ва арзишҳои суннатии мо равона шудаанд, бояд чи гуна посух гӯем.
Посух ба чунин матолиб бояд бо далелу бурҳон бошад. Бисёр посухҳоро хондаам. Муаллифон кушидаанд, аз мавқеи давлату ҳукумат дифоъ кунанд. Аммо боз ҳам баъзе аз ин маводҳо посух нест, балки аз ҳар ду тараф «дашномнома» -ро мемонад.
Фикр мекунам дар ҷаҳони мутамаддин, ки ба сар мебарем, рафтору гуфторамон мутамадинона бояд бошад. Аслан боре гуфта будам, ки мо бояд тоҷики дигаре бисозем. Орӣ аз ҳама чиз…. Тоҷики пешрафта, созанда, на сузанда, интеллегент, ва дар маҷмуъ тоҷики замони муосир ва мутамадин.
Бар ин назарам, ки аз ҳамдигарбадбинӣ даст бишуем, агар воқеан тоҷикем ва ҳамдигарро тоҷик медонем. Мо бояд дар ҷаҳони феълӣ мавқеъ ва мақоми худро дошта бошем. Бештар бунёдкор ва ҳамзамон тозакор бошем. Барои обрӯ ва имиҷи давлату ҳукумат ва миллат бикушем.

Гоҳҳо аз ВАО шикоят мебаранд, ки матлабҳоро бо дарназардошти манфиати худ, яктарафа ва бидуни таҳлил нашр мекунанд. Яъне прагматизм-воқеъбинӣ дар расонаҳо ба назар намерасад. Назари Шумо нисбати ин қазия?

- Хамеша дар ҳама давру замон ин гунна шикотҳо буду ҳаст. Аммо набояд фаромуш кард, ки ҳар касс ибрози ақида ва фикри худро дорад. Прагматизм – ин ғояи фалсафист. Журналистика худ воқеанигорист ва аз ин ру расонаҳо низ бояд зери ин мафҳум фаъолият кунанд. Расонае, ки аз воқеият кор мегирад мавкеъ дорад, аммо расонае, ки аз ин орӣ аст, ба дард намехурад. Ба ин хотир ҳар маводе, ки воқеъбинона навишта мешавад, ҳатман хонанда дорад.
Албатта дар баъзе расонањои мо маводҳое низ нашр мешаванд, ки аз воқеият каме дуранд. Вале бештари расонаҳое, ки хонанда доранд мекушанд, аз воқеият кор бигиранд.

Мусоҳиб
Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: