Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТТЭ ҲНИ ба ҳадафҳои нопоки худ ноил нахоҳад шуд

ТТЭ ҲНИ ба ҳадафҳои нопоки худ ноил нахоҳад шуд

24-08-2022, 11:46
Хабарро хонданд: 1173 нафар
Назарҳо: 0
ТТЭ ҲНИ ба ҳадафҳои нопоки худ ноил нахоҳад  шуд
Имрӯзҳо якчанд гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба монанди «ҲНИ», «Гурӯҳи-24», «Паймони миллӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ фаъолияти тахрибкоронаи ҷиноиро дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳанд. Таҳқиқи муфассали фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нишон медиҳад, ки имрӯз ТТЭ ҲНИ дар хориҷ таҳти пӯшиши сиёсию молиявии қувваҳои беруна, баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои ғарбӣ ба роҳандозӣ намудани барномаи сиёсӣ (албатта, тибқи фармуда ва диктаи сармоягузорони пружаи наҳзатӣ) машғул мебошад. Барои ба вуҷуд овардани сӯйитафоҳумот ва муҳимтар аз ин, воҳимаю ҳангома ТТЭ ҲНИ аз усулҳои муосири иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ кор мегирад ва фурсату пайти муносиб меҷӯяд. Дар ин росто, созмонҳои ифротию фурсатталаби «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва амсоли инҳоро ба худ ҷазб месозад ва ба ин васила доираи салоҳиятҳои сиёсию маданиашро афзудан мехоҳад. Ҳадафи ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама, бо истифода аз фурсати муносиб аз нав таъсис додани ИНОТ мебошад ва бо ин роҳ мехоҳад тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ ва даъвои бузургманишиашро манзури элитаи сиёсию иқтисодии аврупоӣ намояд. Дар пушти ин воҳимаю ҳангомаҳо боз сармоягузорони хориҷӣ меистанд ва ҳимояти ТТЭ ҲНИ-ро, ки аз қабл пружаи номуваффақи онҳо будааст, дар хориҷ ҳамчунон идома медиҳанд.
Мо мутмаин ҳастем,ки ҳар фарди хиёнаткор ва ё ҷинояткоре, ки ношукри карда бар хилофи қонунҳои кишвар ва муқобили он ҳаракат мекунад бояд ҷазо дода шавад.
Суботу амнияти кишвар, устувории ҷойгоҳи он ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар як арзиши меҳварӣ ва калидӣ шудааст. Ба ягон гурӯҳҳои ифротӣ набояд имкон дод, ки ба амнияти кишварамон таҳдид намояд. Таҷрибаи талхи фаъолияти расмии чунин гурӯҳҳои динию мазҳабиро Тоҷикистони азизамон дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ хуб омӯхта, дарк намудааст.
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд.
Аммо, имрӯз хушбахтона миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва руҳияи шикастнопазир ба дунболи ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон аст ва дигар фирефтаи дуруғҳо ва ҳангомаву туҳматпароканиҳои гуруҳӣ дасисаангезе нахоҳад шуд. Зеро сиëсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро хуб дарк менамоем ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои неки Ҳукуиати мамалакат камари ҳиммат баста чун пайравони содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то нафаси вопасин боқӣ хоҳем монд.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Чи тавре Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.
Имрӯз тамоми аҳолии саодатманди Тоҷикистони ҷавонро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиëсати пешгирифти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳарчи бештар ободу зебо намудани ҳар гушаи Ватани азизамон саҳмгузор бошему нагузорем ҳеҷ як нохалаф-хоин ҳадафҳои нопоки худро дар ин сарзамини биҳиштосо расонида бошад.

Садбарги Иброҳим,
номзади илмҳои фалсафа
ходими илмии ИФСҲ АМИТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: