Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паймони миллӣ ба ҷуз ҳаракати террористию экстремистӣ чизи дигаре нест!!!

Паймони миллӣ ба ҷуз ҳаракати террористию экстремистӣ чизи дигаре нест!!!

15-04-2021, 16:02
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тағйиротҳои ҷиддӣ расонд. Пошхӯрии давлати Шӯравӣ, аз як тараф, боиси ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сохти демократӣ дар Тоҷикистон шуда бошад, аз ҷониби дигар, сабабгори ба майдон омадани як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони бо ном “ватандӯст” гардиданд. Мисоли ин ҲНИТ ва созмону ҳаракатҳои бо он пайванд буданд.
Хусусан, Паймони миллӣ аз зумраи ҳарактҳоест, ки дар заминаи барномаву нақшаҳои ТЭТ ҲНИ ва сарварони он ба миён омадааст. Дар ин миён, яке аз ҳадафҳои ташкилёбии Паймони миллиро дасисаву майдоннишинӣ ва ғасбу аз худ намудани давлату ҳукумати кишвар туфайли мардуми фирефта ташкил менамояд. Поягузорони молиявии он хоҷагони хориҷӣ буда, дар якҷояги бо роҳбарони мухолифини ТЭТ ҲНИ нияти зарба задан ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият, ваҳдат ва ягонагии моро доранд.
Дар ин миён, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари кулли наҳзатиҳо худро ба оламиён ҳамчун «башардӯст» намоиш медиҳад. Дар асл ӯ зери ниқоби сиёсӣ баромад намуда, бо маккорӣ, ҳилагариву дуруягӣ чеҳраи худро ба мардум намоиш медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ҳаракати «Паймони миллӣ» ҳамон мафкураи куҳнаи наҳзатӣ дар шароити муосир мебошад. Яъне, поягузори он низ М. Кабирӣ мебошад. Ин нафари баднафс, бо роҳи фисқу фасод, қатлу куштор ва дасисаву вайронкорӣ сарвати зиёдро аз худ намудааст. Барои ғанӣ гардидани он хазина боз ба ташкили чунин як ҳаракат бо номи Паймони миллӣ шурӯъ намудааст. Ин амали ӯ мақоли мардумии “обро лой куну моҳи гир”-ро ба хотири кас меорад. Магар чунин амал алайҳи Ватану миллат содир намудан мумкин аст? ӯ дар хориҷ аз ҳисоби хоҷаҳои хориҷӣ аз пайи пулҷамъкунӣ, манфиатҳои шахсию оилавӣ саргардон аст. Аммо идеяи пуч, ифротӣ ва ботили ӯ ҳамчун коронавирус ба руҳияи миллӣ ва ояндаи он таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар ин росто, аъмоли онҳо «Як даст ба мусҳафанду як даст ба ҷом»-ро нишон медиҳад. Намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳамеша аз қазияҳо доман тар накарда, хушк бурун омаданӣ мешавад. Чунки ин аҷнабиён ҳаминро тақозо доранд. Барои ҳамин кишварҳои аз он манфиатдор маблағгузориашон мекунанд.
Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноят ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймон шуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба иштирокчиён расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурӯшони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунд бо ҳайати ҳукуматӣ оғоз карданд.
Сараввал бояд ба эътибор гирифт, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштибоне дар Тоҷикистон надоранд. Яъне, дигар ҳеҷ касе аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТЭТ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқта заъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст, то сафҳои парешони худро мукаммал кунад. Аммо афроди дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд маротибаи дигар ба макри онҳо бовар намоянд. Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии мардум ба вижа, бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТЭТ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии неруҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави нерӯҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТЭТ ҲНИ барои аз ин вазъият ақаллан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энергия ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТЭТ ҲНИ канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфуси ТЭТ ҲНИ ташкил карда шудааст.
Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда ба ҳисоб намераванд ва касе ба таблиғоти бофтаи онҳо таваҷҷуҳ надоранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттилооте надоранд. Пас, чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо метавонад “Паймони миллӣ”-е таъсис диҳанд, ки он машруъияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, парлумонии мардуми 10 млн. нафараи аҳолиро дошта бошад? Маълум аст, ки роҳбарияти ТЭТ ҲИТ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак, онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТЭТ ҲИТ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидавии ҷавононро дар ҷомеаи мо тира карда, туфайли он ҷомеаро ба тазоҳурот кашанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии «Паймони миллии Тоҷикистон»?
Мардум ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки ҳамаи он кирдорҳои номатлуби ду даҳсола пеш содиркардаи шумоёнро, ки боиси шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва азбайнравии миллат гардида буд. Магар тақозои дини мубини ислом ва “Ҳизби исломӣ” ҳамин аст? Албатта, чунин нест! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпарастии шумоён аст!
Намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТЭТ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд. Ин воқеият бори дигар исбот кард, ки ТЭТ ҲНИ, хусусан «Паймони миллии Тоҷикистон» на фақат ҳизби миллӣ нест, балки он фақат як ташкилоти ҳангомаҷӯёну муддаиёни ҷоҳпараст ва террористон асту бас ва на беш аз ин!
Баъзан мешунавем, ки масъулини «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳини мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила, ҳушдор додан мехоҳад, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро «Паймони миллии Тоҷикистон» на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин, поягузорони «Паймони миллии Тоҷикистон» ТЭТ ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. Пас, чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст?
Бидуни шубҳа, ин ҳизб фақат як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и кунунии онҳо бо ин ҳайати камзарфият далели дигари равшане бар дурустии ин гуфтаҳост. ТЭТ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз будаааш бузургтар хоҳад намуд ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ хоҳад кард. Наомадани афроду ниҳодҳои аслии мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла Анҷумани нируҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ, "Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори ТЭТ ҲНИ ва раҳбари он - Кабирӣ далели рушани ин ҳақиқат аст, ки ТЭТ ҲНИ дар асл ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ гаштааст. Мутобиқи омори расмӣ, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТЭТ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд.
ТЭТ ҲИТ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он, аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои беш аз 60 нафар иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф дар Варшава канори ҳам омаданд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ошкор мекунад.
Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТЭТ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла, барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
Аз ин рӯ, таъсис додани чунин ташкилот, ба мисли «Паймони миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолат бохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пайдошта, мехоҳанд бобати амалӣ сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Ин амлаи онҳо мисоли «бо дуои кӯрмуш борон намеборад»-ро ба ёди кас меорад. Ҳадаф фақат сӯзонидани хонаи тоҷику пуркардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт ва он ҳамчун шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон боқӣ мемонад.
Дар ин раванд, ташкили «Паймони миллии Тоҷикистон» марҳилаи аввали фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар соли 2018 барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ буда, худро ҳамчун ташкилоти адолатпеша нишон додан дар ҷаласа буд. Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввали онҳо нишон дода шудааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳукумати исломии шабеҳи «Вилояти фақеҳ», ДОИШ ва «Толибони» Афғонистон мебошад. Ин чеҳраи пасипардагии онҳо ва гаштҳои сиёсии маккоронаи онҳо танҳо саҳнабозиҳоест, ки барои ба ҳадаф расидан мебошаду халос.
Ҳамин тариқ, тамоми хиёнатҳое, ки аз ҷониби Паймони миллӣ ҳамчун ҳаракати содиқи ТЭТ ҲНИ содир гардида алайҳи давлату миллат ва ояндаи Тоҷикистони азизамон аст. Аз ин рӯ, аз тамоми шаҳрвандон, хусусан насли наврас, ҷавонон, донишҷӯён, ки ҳанӯз чеҳраи аслии ин ноҷавонмардонро намешиносанд хоҳиш менамоям ба вокунишу пахшҳои мустақи ин гурӯҳҳои террористӣ таваҷҷуҳ нанамоянд. Чунки ояндаи Тоҷикистон аз шумо ва идеяҳои ватандӯстонаи шумо вобастагӣ дорад. Ягона мубориза алайҳи ин ҳаракатҳо ин муттаҳиди шумоён атрофи давлат, Пешвои миллат дар сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистон мебошад.


Илҳом Қурбоншоев, номзади
илмҳои фалсафа дотсенти
кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: