Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ МЕШАВАД

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ МЕШАВАД

11-08-2022, 12:47
Хабарро хонданд: 494 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ МЕШАВАД
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иброз намуд, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
Бино ба гуфтаи вазир ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,4 миллиард сомонӣ, муодил ба 828,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд. Аз 11 лоиҳа 5-тои он ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ пурра ба анҷом расида, дар ҳолати кафолат қарор доранд. Инчунин, 6 лоиҳа ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ дар ҳоли татбиқ мебошанд.
- Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Данғара–Оқмазор (28,6 км), Душанбе – Қулма, қитъаи Қалъаи Хумб–Ванҷ –сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон бо тӯли 93 км бо ду нақб, ки бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва ширкати чиноии «Чайна Роуд», ки 23 июни соли равон оғоз ёфт, ҷараён дошта, дар сурати пурра ба анҷом расонидани корҳо ин қитъаҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мегарданд, - гуфтАзим Иброҳим.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ин давра ӯ зикр намуд, ки тавассути ҳамаи намуди нақлиёт беш аз 47,1 миллион тонна бор бо гардиши 4,6 миллиард тонна –км ва қариб 407 миллион мусофир бо гардиши 4,7 миллиард-мусофир –км интиқол дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 18,7 фоиз, гардиши бор 20,9 фоиз, мусофирбарӣ 11,1 фоиз ва гардиши мусофирон 13,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: