Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эрон ва устураҳои сиёсӣ

Эрон ва устураҳои сиёсӣ

1-08-2022, 13:10
Хабарро хонданд: 1549 нафар
Назарҳо: 0
Мусоҳиба бо директори Институти шарқшиносии Донишгоҳи Русияву Арманистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гарник Асатрян.
-Ҷаноби Асатрян, силсиламақолоти Шумо, ки ба наздикӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи бонуфуз ва сертеъдодтарини эронӣ-«Шарқ» оид ба аслияти эронӣ, вазъи миллӣ ва сиёсати забонии Эрон ба нашр расида буданд, дучори мароқи бузург ва вокунишҳои сахт дар худи Эрон ва берун аз марзҳои он гардиданд. Нигоҳи Шумо ба ин масоили пайгирифта чӣ гуна аст?
-Масъалаи таносуби айнияти умумиэронӣ ва фарҳангҳои маҳаллӣ-айниятҳои маҳаллӣ-яке аз масоили муҳимтарин барои дарк кардани Эрон ҳамчун кишвари воҳиди дорои меҳвари муттаҳидкунанда аст. Нигоҳи иштибоҳӣ ба ин қазия-фарқаш нест, ки ин нофаҳмӣ бошад ё таҳрифи муғризонаи ҳақиқат-дар садсолаи ахир як қатор стереотип (қолаб)-ҳо ва устураҳои сиёсиеро рӯйи кор оварданд, ки баъзан ҳамчун «ҳақиқати маҳз» на танҳо аз ҷониби омма, балки дар доираи мутахассисон-шарқшиносон, таҳлилгарони сиёсӣ ва монанд ба инҳо қабул мешаванд. Мусоҳибаҳои ман барои он дучори вокуниш ва баҳсҳои зиёд гардиданд, чун маълум аст, нахустин маротиба дар муколамаи дохилиэронӣ як қатор мавзуъҳое равшану аниқ интихоб ва мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтанд, ки дар асоси онҳо айнияти умумиэронӣ-кафолати анқариб сеҳазорсолаи бетанаффуси давлатдорӣ пойдор аст. Ба назари ман, хонандаи эронӣ аз ин мусоҳибаҳо ба худ ҳақиқатҳое ошкор кард, ки ҷойгоҳ ва маҷмӯи муносиботу рафтори худро дар ҷаҳон ва таърихи инсоният инъикос мекунанд ва ҳамеша дар умқи зеҳнаш маҳфуз буданд, аммо ҳеҷ гоҳ ошкоро аломатгузорӣ намешуданд.
-Кадом қазия ва ҷузъҳо дар ин масоил муҳимтар аст, аз нигоҳи Шумо?
-Ин пеш аз ҳама демографияи миллӣ (этнодемография), қазияи амалисозии мафҳумҳо ва фаҳмишҳое чун «гуногунмиллатӣ», «аққалият», «аксарият» ва монанд ба инҳо нисбати Эрони муосир мебошанд. Мароқангез аст, ки бисёр фаҳмишҳову ақидаҳои пойдоршуда, то ба масоили миллӣ, дар омӯзиши амиқтар оид ба масъалаи эроният, ҳамчун фаҳмишҳои хаёлии орӣ аз воқеият ҷилвагар мешаванд. Барои он ки дойир ба масъалаи пайгирифта маълумоти дақиқтар пайдо кунем, бояд тамоми роҳи таърихии тайнамудаи рӯйи кор омадани мардумони ин сарзаминро аз давраҳои қадим то ба имрӯз таҳти таҳқиқ қарор диҳем, бо назардошти тамоми ҷузъиёти ҳамроҳ-антропологӣ, забонӣ, фарҳангӣ, диниву мазҳабӣ ва ғ. Ин ҳамон самтҳоеанд, ки дар онҳо устураҳои сиёсӣ ва қолабҳои дурӯғин махсусан паҳн шудаанд. Масалан, чуноне ки боре ман навишта будам, ягон мафҳуми ғалативу оритаре аз мантиқ барои муайянсозии Эрон ҳамчун «давлати гуногунмиллат»-и дорои аксарият ва аққалиятҳои миллӣ вуҷуд надорад. Барои Эрон ин фаҳмишҳо дуруст намеоянд. Киро метавон аксарият, «миллати асосӣ» номид? Форсҳоро? Аммо дар Эрон чунин мафҳум вуҷуд надорад, ягон қабила ё мардуме бо номи «форс» нест. Қабул шудааст, ки агар Эрон Форс (Персия) аст ва забони давлатӣ форсист, пас аксарияти асосии кишварро бояд форсҳо ташкил кунанд. Дар ин росто рақаме бофта шудааст-51%, ки дар сарчашмаҳои гуногун пайваста такрор мешавад. Яъне, форсҳо гӯё аксариятанд, аммо танҳо бо таносуби 1%. Дигарон «миллатҳо»-и бегонаанд-курдҳо, балуҷҳо, «озарбойҷониҳо», арабҳо ва ғайра, ки ягон наздикие бо «форсҳо» надоранд. Ва аз ин бармеояд, ки ин «миллат»-ҳо бояд барои аз Эрон ҷудо шудан сайъ кунанд, барои озод шудан аз истибдод (ба қавли муаллифони Боку-аз «бузургманишии форсӣ») мубориза баранд ва барои сохтани давлатҳои миллии худ камари ҳиммат бубанданд. Дар воқеият бошад, «форс»-и барои хонандаи рус ошно аз ҳамон кишвари Форс гирифта шудааст, ки Эронро то дигаргунии расмии номи кишвар дар замони салтанати Ризошоҳи Паҳлавӣ чунин ба забон меоварданд (Персия). Ягон эронӣ худашро «форс» нагуфтааст. Истилоҳи «ман форс ҳастам» дар Эрон аз мантиқ орист. Дар Эрони имрӯза на «форс» дар маънои классикиаш вуҷуд дорад ва на «озарбойҷонӣ» бо тафсири туркии он.
-Курдҳову балуҷҳо чӣ?
-Ин ҷо мо ба асли қазия наздик мешавем. Гап дар он аст, ки илми мардумшиносии эронӣ аз рӯи хусусиятҳои хоси худ нодир аст. Курдҳо, балуҷҳо, арабҳову дигар ақвом дар фазои эронӣ дигар намуд ҷилвагар мешаванд, онҳо тамоман дигар чизанд, магар берун аз он. Дар Эрон ин гурӯҳҳои ҳудудӣ-забонӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни эронӣ ҳастанд, ки аз садҳо чунин гурӯҳҳо бо худшиносӣ ва ҷаҳонбинии миллии ягона таркиб ёфтааст. Ин ҷузъҳои низоми табиист, ки тӯли ҳазорсолаҳо рӯйи кор омадааст. Курд ва балуҷ дар Эрон ё, бигӯем, дар Туркияву Ироқу Покистону Афғонистон тамоман чизҳои мутафовит ҳастанд. Ҳатто вожаи «турк» дар Эрон маънои ҳудудӣ-забониро дорост, на миллӣ. Ин гурӯҳҳо аққалият на, балки ҷузҳои мантиқии аксарият ҳастанд, чун «аксарияти асосӣ» вуҷуд надорад. Забони форсӣ забони «аксарият» нест-он ба ҳама тааллуқ дорад ва моли ягон гурӯҳи мушаххас нест. Албатта, кӯшишҳои ноамн кардани вазъ ва меъёрҳои қарнҳо пойдорбударо халалдор сохтан вуҷуд дорад, аммо ин акнун дигар масъала аст.
-Қазияи «озарбойҷониҳои эронӣ» чӣ, ки аз ҷониби бархе нуфуси инҳо дар Эрон 30 миллион ва ё ҳатто бештар аз ин ҳадс зада мешавад?
-Чӣ таъсир ва маъное рамзҳову рақамҳо барои идора ва шустушӯи мағзҳо доранд, маълум аст. Кӯшишҳои бидуни мантиқи ҷудо кардани Эрон ба «миллатҳо»-ву «халқият»-ҳо ва рақамгузории онҳо-рамзҳои махсусан таҳияшудаанд, ки ҳадафашон асоснокии онҳо дар сатҳи мафкураи ҷамъиятист ва ин ғояи аслии Ғарб дар садади пароканда кардани кишвар мебошад. Ва 30, ҳатто 50 миллион «озарбойҷониҳо»-ҳои устуравӣ аз ҳамин раддаанд. Ин намунаи олии қолабҳое ҳастанд, ки ба мафкураи ҷамъиятӣ ворид карда шудаанд ва ин ҳатто миёни коршиносони касбӣ вомехӯрад. Масалан, Виктор Шнирелман дар асари худ «Набардҳои хотира» ба чунин иштибоҳот роҳ медиҳад, вақте менигорад, ки «озарбойҷониҳои Эрон дар мубориза барои Қаробоғи Кӯҳӣ Озарбойҷонро дастгирӣ карданд». Дар ҳақиқати ҳол бошад, аҳолии Атурпатакан (номи аслии «Озарбойҷон») бигирем, ақаллан ҷанги аввали Қаробоғро умуман тасаввурот надошт, ки дар шимоли рӯди Аракс чӣ рух медиҳад. Дар ҳошияи моҷарои арманӣ-озарбойҷонӣ тақдири Қаробоғ барои онҳо тамоман бетафовут буд ва агар эрониҳои туркзабон ва умуман тамоми эрониён барои ягон ҳудудҳои пасоқафқозӣ ҳиссиёт зоҳир мекарданд, то танҳо барои аз нав дидани созишномаи Туркманчой (Созишномаи сулҳи Туркманчой, 22 феврали соли 1828, ки ҷанги 2-солаи Русияву Эронро хотима бахшид ва дар натиҷаи ин қарордод Эрон аз ҳудудҳои қафқозиаш маҳрум гардид. А.Д.) ва бозгардонидани заминҳои эронӣ. Шнирелман метавонист осон ба ин эътимод ба даст оварад, агар сафари кӯтоҳмуддат ба ин минтақа ба ҷо меовард ва ё ҳатто ақаллан нуқтаи назари чунин пантуркисти машҳури гузаро ва тарафдори «ваҳдати озарбойҷонӣ»-ро чун Зиё Бунёдов ба назар мегирифт, ки мавсуф дар мусоҳибаи худ аз 21 октябри соли 1989 ба рӯзномаи «Боку» баъд аз сафари худ ба Эрон оид ба «озарбойҷониҳои эронӣ» чунин гуфта буд:
«Озарбойҷониҳои он тарафи марз лар бораи муборизаи мо тасаввурот надоранд… Бори дигар итминон пайдо кардам, ки ягонагии забонӣ ин ягонагии миллатро ифода намекунад». Ва агар ба чунин як қаллоби гузарое чун Бунёдов як сафар ба шимолу ғарби Эрон басанда буд, ки ҳақиқати ҳолро дарёбад, пас барои олими ҷиддие чун Шнирелман вазъ бояд оина барин равшан мешуд. Бидуни забон, аҳолии ду тарафи рӯди Араксро бо ҳам чизе намепайвандад. Ин мардумони дорои таърихи мутафовити милливу ирсӣ (этногенетикӣ) ва нишондодҳои умуман гуногуни менталиву фарҳангӣ ва зеҳнӣ ҳастанд. Ва ин гуногуниҳои драматикӣ садсолаи ахир дар алоқа ба «усмонизатсия»-и ҳадафмандонаи мафкураи аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон боз ҳам печидатар шудаанд. Ба умқи масъала фурӯ нарафта, инро ҳамчун қоида қабул кунед, шахсони шавқмандро ман тавсия медиҳам китоби камина-«Композитсияи миллии Эрон»-ро мутолиа кунанд.
Вале ин ҷо ҳам ман наметавонам аз додани суоли мантиқӣ худдорӣ кунам. Агар ҳатто эрониҳои туркзабон «озариҳои ҷанубӣ»-туркҳои асил мебуданд, пас ин 30 миллиону 50 миллион нафари устуравӣ дар куҷо ҷо мегирифтанд, дар куҷо мезистанд? Аҷиб аст, вале то ҳол касе ҷойгиршавии аҳолии Эронро аз рӯйи харита ҷиддӣ пайгирӣ накардааст. Он оина барин равшан аст: бошандагони ҳамаи 5 музофоти Эрони шимолу ғарбӣ, ки он ҷо аз ҷумла эрониҳои турктабор ба сар мебаранд (Озарбойҷони Ғарбӣ, Занҷон, Қазвин, Озарбойҷони Шарқӣ ва Ардабил то Гелон) аз рӯйи барӯихатгирии аҳолӣ на беш аз 9,5 миллион нафаранд ва қариб нисфи ин шуморро намояндагони дигар гурӯҳҳо ташкил медиҳанд-курдҳо, гурониҳо, ошуриҳо ва ғ. Пас «даҳҳо миллион озариҳои ҷанубӣ»-ро дар куҷо метавон ҷойгир намуд?! Аз рӯи ҳисоби ман, шумораи эрониҳои туркзабон дар умум на беш аз 5,5 миллион нафар аст, албатта, агар қабилаи ниммиллионнафараи туркманҳо-ягона гурӯҳи туркҳои асилро, ки дар ҳудуди музофоти Гургон (Гулистон) ба сар мебаранд, ҳисоб накунем. Яъне, дар муколамаи дохилиэронӣ кӯшишҳои пайваста ворид намудани ғояҳое пайгирӣ карда мешаванд, ки мумкин дар ҳақиқат барои дигар ҷомеаҳо муҳим бошад, аммо барои Эрон созгор нестанд. Аз ҳамин радиф ғояи аз куҷое пайдошудаи зарурияти таҳсил бо «забонҳои миллӣ» дар макотиб, талаби таъсиси «академия»-и забони курдӣ ё фарҳанги туркӣ дар Эрон ё гуфтаҳои дар боло зикршуда оид ба «гуногунмиллат» будани Эрон тамоман бебунёд ҳастанд. Ин қолабҳои махсус нигаронкунандашуда мебошанд, ки қисме аз онҳоро танҳо коршинос метавонад ошкор кунад, қисми дигарро дар ҳошияи муколама атрофи Эрон қодир аст дилхоҳ таҳлилгари ҷиддӣ пайхас намояд.
-То чӣ андоза чунин устураҳо пойдор ҳастанд?
-Тамоми он чизе, ки орӣ аз асоси таърихист, бақо надорад. Ин танҳо «бозӣ кардан» бо вазъи ба амал омада асту халос. Вале ин ҷо метавон ду омилро ҷудо намуд, ки ба тавлид ва дастгирии устура мусоидат мекунанд: манфиатдории сиёсӣ ва «ҳаваскорӣ» (дилетанство), яъне надонистани масъала. Аввалиро, ки табиӣ буда, манофеи қувваҳоеро ифода мекунад, ки порашавии Эрон ва зайифшавии максималии омил (фактор)-и эрониро дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳониро пайгирӣ мекунад, ҳоло як сӯ хоҳем гузошт. Дар хусуси омили дуввум. Чуноне ман на як бору ду бор қайд карда будам, замоне буд, ки оид ба мардумшиносии эронӣ танҳо элитаи шарқшиносӣ «сарукор» дошт. Ин, пеш аз ҳама, донишҳои амиқро дар компаративистика (усули қиёсӣ-таърихии забоншиносӣ-А.Д.)-и ҳиндуаврупоӣ, фарҳангҳо ва оинҳои қадима, навиштаҷотҳо дар забонҳои миллатҳои кайҳо саҳнаи таърихӣ таркнамударо талаб мекунад. Имрӯз мардумшиносии эронӣ на танҳо «мол»-и муаллифони доираҳои манфиатдор, балки бо таассуф бояд иброз дошт, намояндагони ҷомеаҳои академикие гаштааст, ки ин ҷодаро барои «ҷилва додан»-и хеш ҷолиб мешуморанд, аммо донишҳои зарурӣ ва омодагиҳои ҷиддии илмиро доро нестанд.
-Аз нигоҳи Шумо, ба ин устураҳо чиро метавон муқобил гузошт?
- Муқобили дилхоҳ устураҳо метавон воқеиятро гузошт. Эрон сохтор ва падидаи тамоман табиии этнодемографист, хороест, ки дар натиҷаи қонунияти раванди таърихӣ тавлид шудааст. Ин кӯрпаи дарбеҳшудае нест, дар ин ҷо ягон ҳудуди воҳид ва ё гурӯҳи маҳаллӣ-забоние нест, ки гӯё ба таври сунъӣ дар натиҷаи «қонуниятҳо» ва ё «мураккабӣ»-ҳои сиёсӣ ҷузъи таркибии он гаштааст. Нигоҳ накарда ба ивазшавии сохторҳои давлатӣ, идеологияҳои диниву сиёсӣ ва монанд ба ин, ин ҳамон меҳвари бузурги тамаддуни ғарбиэронист, ки ҳазорсолаҳо пеш рӯйи кор омадааст. Хаёли хом аст ҳисоб кардан, ки ивазшавии ҳукумат ва ё режимҳо метавонанд Эронро ҳамчун қутби сиёсӣ зайиф созад ва ё самти онро дигар кунад. Устувории Эрон дорои қонунияти хеш ва маҳз дар табиӣ будани он пойдор аст.
Рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Голос Армении»
Тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: